Бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон Форуми соҳибкории ҷавонон баргузор шуд

Май 21, 2025 15:50

ДУШАНБЕ, 21.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон (23 май) ва Рӯзи ҷаҳонии футбол (25 май) дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон таҳти унвони «Ҷавонон-муҳаррики рушди соҳибкории инноватсионӣ» Форуми соҳибкории ҷавонон баргузор гардид, иттилоъ доданд ба АМИТ  «Ховар» аз ин донишгоҳ.

Ҳадафи форум аз ташвиқ ва дастгирии соҳибкории ҷавонон, мубодилаи таҷриба, рушди идеяҳои нав ва таъмини замина барои амалишавии лоиҳаҳои инноватсионӣ дар байни ҷавонон иборат буд.

Дар форум Ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Убайдулло Асрорзода бо медали «Барои шуҷоат ва ҷавонмардӣ» сарфароз гардонида шуд.  Ин мукофот нишони қадрдонии хизматҳои арзандаи илмӣ, тарбиявӣ ва саҳми ӯ дар рушди иқтидори зеҳнии насли ҷавон мебошад.

Форум бо муҳокимаҳои судманд, пешниҳоди лоиҳаҳои навоварона, мубодилаи таҷриба ва тавсеаи ҳамкорӣ байни ҷавонон ва соҳибкорон ҷамъбаст гардид.

 АКС: Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон

Май 21, 2025 15:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад