Бахшида ба Рӯзи телевизион, радио ва кормандони соҳаи алоқа ҳамоиши ҷашнӣ баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 07.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе бахшида Рӯзи телевизион, радио ва кормандони соҳаи алоқа бо ибтикори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши ҷашнӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ин хадамот хабар доданд.
Зимни ҳамоиш сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Исфандиёри Саъдулло иброз дошт, ки дар замони имрӯза нақши алоқа бо маҷмуи самтҳояш ба муҳимтарин ҷузъи ҳаёти башар табдил ёфта, дунёи муосирро бе воситаҳои алоқа ва иттилоот тасаввур кардан ғайриимкон аст. Ин василаҳои иртибототи оммавӣ на фақат фосилаҳоро наздик месозанд, балки дилҳоро муттаҳид карда, ҳамбастагӣ ба вуҷуд меоранд.
«Бо таҳаввулоти рӯзафзуни илму техника ва навовариҳои муосир соҳаи алоқа низ пайваста дар ҳоли дигаргуниҳои зерсохторӣ қарор дорад. Бо назардошти ин бо итминон метавон гуфт, ки дар партави дастуру ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ислоҳоти ин соҳа дар мамлакат идома дорад», — изҳор дошт Исфандиёри Саъдулло.
Дар асри 21 татбиқ ва баҳрабардории васеъ аз технологияҳои иттилоотию иртиботӣ авлавияти хос пайдо намудааст. Бо муҳим гардидани нақши навовариҳои муосир дар ҷанбаҳои гуногуни ҳаёти башарӣ, аз ҷумла иқтисоди рақамӣ, ҳукумати электронӣ ва авҷи муборизаҳои иттилоотию ҳамлаҳои кибернетикӣ рушди инфрасохтори алоқаю воситаҳои ахбори омма ва самаранок истифода намудани онҳо аз аҳамияти стратегӣ бархурдор гардид.
Дар ҳамоиш аз ҷониби Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як зумра кормандони ниҳодҳои давлатӣ, ширкатҳои мобилӣ, провайдерҳои интернетӣ, воситаҳои ахбори омма ва собиқадорони соҳаҳои алоқа бо унвону мукофотҳои соҳавӣ қадрдонӣ гардиданд.
АКС: Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад






