Байни Тоҷикистон ва Қирғизистон машваратҳои консулӣ баргузор шуданд
ДУШАНБЕ, 28.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. 27 май дар шаҳри Душанбе байни вазоратҳои корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон машваратҳои консулӣ баргузор гардиданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Зимни машваратҳо ҳайати Тоҷикистонро cардори Сарраёсати консулии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Сафарзода ва аз ҷониби Қирғизистон- Директори департаменти хадамоти консулии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қирғизистон Жумакадир уулу Сейтек роҳбарӣ намуданд.
Дар ҷараёни машваратҳо масъалаҳои муҳими ҳамкории дуҷониба, аз ҷумла вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои дуҷониба, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон, тартиби рафту омад ва будубоши шаҳрвандон ва дигар масъалаҳои мубрами консулӣ баррасӣ карда шуданд.
Ҷонибҳо барои густариши ҳамкории минбаъда ва идомаи муколамаи созанда изҳори омодагӣ намуданд.
АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд
Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд






