Баланд бардоштани ватандӯстии ҷавонон амри зарурӣ ва тақозои замон мебошад

ДУШАНБЕ, 23.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. Ҷавонон ва масъалаи сиёсати давлатии ҷавонон аз рӯзҳои нахустини ба даст овардани соҳибистиқлолии мамлакат таҳти таваҷҷуҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Роҳбари давлат ҳанӯз замони ба ҳайси Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидан, яъне 2 феврали соли 1993 мулоқоти нахустинашонро бо ҷавонони мамлакат баргузор намуданд, ки чунин таваҷҷуҳ ва рӯ овардан ба ҷавонони мамлакат далели ғамхору меҳрубон будани Пешвои миллат нисбат ба ин қишри фаъолу ояндасози ҷумҳурӣ мебошад.
Бо мақсади амалӣ кардани сиёсати давлатии ҷавонон Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд. Кумита сиёсати давлатии ҷавононро амалӣ карда, фаъолияти вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, шуроҳои ҷавонон, шаҳрвандон, дигар шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро дар соҳаи татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон ҳамоҳанг месозад.
Кумита якҷоя бо маркази ҷумҳуриявии интихоби касб, мақомоти давлатии меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва дигар мақомоти марбутаи ҷумҳуриявии шуғли ҷавонон ба таъсиси ҷойҳои иловагии кор, инчунин барои фаъолият дар хориҷи мамлакат, касбу ҳунаромӯзӣ ва забономӯзӣ мусоидат мекунад, оид ба дастгирии давлатии оилаҳои ҷавон тадбирҳои зарурӣ меандешад, феҳристи захираи кадрҳои ҷавонро бо мақсади пешбарии онҳо ба мансабҳои сохтори хизмати давлатӣ ва роҳбарии ташкилоту муассисаҳои давлатӣ таҳия карда, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд, бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси хизматчиёни давлатиеро, ки сиёсати давлатии ҷавононро амалӣ мегардонанд, ташкил ва таъмин менамояд, оид ба дастгирии давлатии олимон ва ихтироъкорони ҷавон тадбирҳои зарурӣ меандешад ва дигар фаъолиятро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, амалӣ менамояд.
Давоми 34 соли соҳибистиқлолии Тоҷикистони маҳбубамон вобаста ба ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои ҷавонон ва ҳалли масъалаҳои муҳимми ҳаёти онҳо, омода намудани мутахассисони соҳаҳои мухталиф дар давлатҳои хориҷӣ, ҳамчунин татбиқи мақсаднок ва самараноки сиёсати давлатӣ дар самти ҷавонон якчанд санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ, аз қабили фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъсиси Фонди махсуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати тайёр намудани мутахассисон дар давлатҳои хориҷӣ» аз 15 июли соли 2005 қабул гардида, бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Консепсияи миллии сиёсати ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 3 июни соли 2006, «Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020» аз 4 октябри соли 2011, «Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» аз 30 апрели соли 2021, инчунин 3 маротиба «Барномаи миллии ҷавонони Тоҷикистон», 6 маротиба «Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабулу тасдиқ шуданд. Татбиқ ва амалисозии онҳо дар ҳифзу ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои ҷавонон нақши муҳимму арзишманд гузошта, боиси афзудани мавқеи онҳо дар байни қишрҳои ҷомеа гардид.
Яке аз санадҳои қонунгузории махсусе, ки маҳз масъалаҳои ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавононро танзим намудааст, ин Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» мебошад. Қонун аз тарафи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав қабулу ҷонибдорӣ гардида, 23 декабри соли 2021 аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расид. Он аз 5 боб ва 33 модда иборат буда, асосҳои ташкилӣ, ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодии ташаккулу камолоти ҷавононро бо мақсади амалисозии сиёсати давлатии ҷавонон пешбинӣ карда, истифодаи самараноки неруи зеҳнӣ ва маънавии онҳоро ба манфиати ҷомеа муайян менамояд.
Зимнан, ин қонун сеюмин қонун дар самти ҷавонон мебошад. Бояд ёдовар шуд, ки нахустин қонун, яъне Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон» 13 марти соли 1992 қабул шуда, аз VI фасл ва 28 модда иборат буд. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» 15 июли соли 2004 қабул гардида, иборат аз 6 боб ва 32 модда буд. Қонунҳои гуфташуда дар маҷмуъ рисолати таърихии худро иҷро намуда, дар таҳкими сиёсати давлатии ҷавонон нақши намоён гузоштанд.
Дар шароити муосир баланд бардоштани ватандӯстии ҷавонон амри зарурӣ ва тақозои замон мебошад. Бо ин мақсад дар мамлакат қонуни махсус – Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» аз ҷониби Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул ва ҷонибдорӣ шуда, 24 декабри соли 2022 аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон имзо гардид. Қонун аз 5 боб ва 21 модда иборат буда, ҳадаф, принсипҳо ва самтҳои тарбияи ватандӯстӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, асосҳои ҳуқуқӣ ва ташкилии онро муқаррар карда, муносибатҳои вобаста ба ташкили заминаҳои ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, ташкилӣ, таъмин ва танзими фаъолиятро дар соҳаи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон муайян менамояд.
Бояд хотиррасон шуд, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ таҳия ва пешниҳод гардидааст.
Дар шароити ниҳоят ҳассосу мураккаби ҷаҳони имрӯза мавҷудияти чунин қонун хеле зарур буда, дар маҷмуъ ин қонун ба баланд гардидани ватандӯстию ватанпарастии ҷавонон мусоидат менамояд.
Дар ҳар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи ҷавонон таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад. Аз ҷумла, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 декабри соли 2016 аз фаъолияти ҷавонон дар тамоми соҳаҳои иқтисоди миллии мамлакат ва нақши онҳо дар рушди иқтисоди миллӣ ёдовар шуда, аз ҷумла чунин таъкид намуданд: «Ҷавонон бояд аз ҳама қишрҳои ҷомеа бештар фаъол бошанд, ташаббусҳои созанда пешниҳод намоянд, рамзҳои давлатӣ, муқаддасоти миллӣ ва дастовардҳои истиқлолиятро ҳифз кунанд, дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистони азиз бо дасту дили гарм ва неруи бунёдгарона иштирок намоянд, амнияти давлат ва шарафу номуси ватанро ҳимоя карда, худро аз ҳама хавфу хатарҳои номатлуби ҷаҳони муосир эмин нигоҳ доранд ва парчамбардори ин сарзамин, марзу бум ва давлати муқаддасамон бошанд».
Зимнан бо назардошти саҳми ҷавонон дар рушди ҷомеа ва иштироки фаъолонаи онҳо дар ҳаёти сиёсиву иқтисодии мамлакат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуданд, ки соли 2017 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон «Соли ҷавонон» эълон карда шавад.
Бо мақсади иҷрои пешниҳоди мазкур фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи эълон намудани соли 2017 – Соли ҷавонон» аз 13 январи соли 2017 ба имзо расид. Дар иртибот ба чунин иқдоми муҳим Пешвои миллат дар китобашон зери номи «Уфуқҳои Истиқлол» барҳақ иброз доштаанд, ки «ин иқдом барои татбиқи боз ҳам васеи сиёсати давлатӣ оид ба ҷавонон мусоидат намуд ва фазои фаъолияти онҳоро дар муҳимтарин соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ: сиёсат, иқтисод ва фарҳанг тақвият бахшид».
Албатта, чунин таваҷҷуҳу ғамхорӣ ва дастгириҳои ҳамешагии ҷавонон аз ҷониби давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ин қишри фаъолу ояндадори мамлакатро руҳбаланд месозад ва дар маҷмуъ ҷавононро водор менамояд, ки барои пешрафту шукуфоии меҳани азизамон бо саъю талоши бештар меҳнат карда, дар ҳифзи Ватан, амнияти давлату ҷомеа, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд саҳми арзанда гузошта, сазовори эътимод ва пайрави асили Пешвои миллат гарданд.
Дилшод АЛИЗОДА,
мудири бахши назорат ва коргузории Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
АКС: АМИТ «Ховар»