Барои дарёфти «Ҷоми ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон» мусобиқаи варзишӣ эълон карда шуд

Май 6, 2025 17:46

ДУШАНБЕ, 06.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи ҷавонон (23 май) ва Рӯзи ҷаҳонии футбол (25 май) дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон барои дарёфти «Ҷоми ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон» байни устодону кормандон ва донишҷӯён мусобиқаи варзишӣ аз намуди футболи хурд эълон гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Донишгоҳи технологии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Дар мусобиқа аз ҳамаи факултетҳо ва воҳидҳои сохтории донишгоҳ дастаҳо ташкил гардида, фаъолона иштирок доранд. Дар мусобиқа ҳунар ва маҳорати варзишии устодону кормандон ва донишҷӯёни донишгоҳ санҷида мешавад.

Баргузориии чунин мусобиқаҳои варзишӣ на танҳо ба тарзи ҳаёти солим ва рушди варзиш байни ҷавонон мусоидат менамояд, балки робитаи мутақобили байни устодону донишҷӯёнро низ таҳким мебахшад.

Мусобиқа бо руҳияи баланд ва муҳити дӯстона ҷараён дошта, руҳияи солимии ҷисмонӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва худшиносии ҷавононро тақвият мебахшад.

Мусобиқаҳои варзишӣ дар донишгоҳ 23 май идома ёфта, дар Рӯзи ҷавонони мамлакат ҷамъбаст мегарданд.

Ғолибон ва иштирокчиёни фаъол аз ҷониби роҳбарияти донишгоҳ бо Ифтихорнома, Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда мешаванд.

АКС: Донишгоҳи технологии Тоҷикистон

Май 6, 2025 17:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад