Барои кормандони озмоишгоҳҳои Тоҷикистон оид ба ташхиси барвақтии зукоми паранда даври омӯзишӣ гузаронида шуд
ДУШАНБЕ, 16.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. Аз 13 то 15 май дар шаҳри Душанбе таҳти унвони «Муайян кардани вируси зукоми паранда бо усули молекулавӣ» аз тариқи назариявӣ ва амалӣ даври омӯзишӣ доир гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».
Даври омӯзишӣ бо ташаббуси Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид (ФАО) дар ҳамкорӣ бо Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маркази миллии ташхиси бехатарии озуқавории назди Кумита доир шуд. Дар он мутахассисони озмоишгоҳи миллии байторӣ, озмоишгоҳҳои минтақавии вилоятҳои Суғду Хатлон ва Вилояти Мухтори Қӯҳистони Бадахшон иштирок намуданд. Барои мутахассисони озмоишгоҳҳо оид ба муайян кардани вируси зукоми паранда бо истифода аз технологияи муосир омӯзиш гузаронида шуд.
Даври омӯзиши назариявӣ ҳамроҳ бо машғулияти амалӣ ба баланд бардоштани иқтидори ташхисӣ ва таҷрибаи бехатарии биологӣ дар озмоишгоҳҳои байтории Тоҷикистон мусоидат менамояд.
Муовини Раиси Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Мустафо Муминзода иброз намуд, ки «чунин омӯзишҳо барои мо муҳим ҳастанд. Онҳо маҳорати байторон ва мутахассисони озмоишгоҳҳои моро дар ҷамъоварӣ, коркард ва гузоришдиҳии дурусти намунаҳо тақвият мебахшанд».
Зукоми паранда- бемории вирусие аст, ки метавонад аз ҳайвонот ба одамон гузарад. Ба ин навъи вирус ҳамаи гурӯҳҳои парандагон, инчунин аспҳо, хукҳо, мушҳо, сагҳо, гурбаҳо ва дигар ҳайвоноти муҳрадор таъсирпазир мебошанд.
Вирус метавонад тавассути тамоси наздик бо парандаи бемор ба одамон гузарад. Ҳангоми дуруст ва ба таври зарурӣ коркард нашудани ғизо метавонад ба воситаи хӯрок низ гузарад. Ҳайвоноти хонагӣ бемориро бо роҳҳои гуногун мегузаронанд- ҳам дар шакли беаломатӣ ва ҳам иллат ёфтани тамоми бадан, ки он то ба марг расонида метавонад. Парандаи бемор бо рафтори ғайриодияш- номутобиқатии ҳаракат, сустии аксуламал ва ғайраҳо фарқ менамояд. Ҳангоми ба ин беморӣ гирифтор шудан тухмдиҳии паранда паст мешавад.
Дар одамон аломатҳои зерини ин беморӣ: баланд шудани ҳарорати бадан то 38 С, дарди гулӯ, мушакҳо ва сар метавонанд пайдо шаванд. Нафаскашӣ душвор гардида, сулфаи тар сар мешавад. Хавф дар он зоҳир мегардад, ки вирус метавонад зуд ба пневмония оварда, ба майнаи сар низ таъсир расонад.
АКС: АМИТ «Ховар»








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе ду маркази нави илмӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Дар муассисаҳои таҳсилоти олии вилояти Ивановои Федератсияи Русия зиёда аз 600 шаҳрванди Тоҷикистон таҳсил менамоянд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС»-ро 127 донишҷӯ хатм намуд
Тоҷикистон ва Ҷопон ҳамкориро дар соҳаи энергетика ва захираҳои об густариш медиҳанд
15 хатмкунандаи Филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур тибқи стандартҳои таълимии Британияи Кабир соҳиби дараҷаҳои магистрӣ шуданд
ПАНҶСОЛАИ РУШДИ САНОАТ. Дар ноҳияи Рашт 10 коргоҳи истеҳсолию корхонаи саноатӣ ба истифода дода мешавад
Ғолибони даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» муайян гардиданд
Бонки миллии Тоҷикистон аз паҳн гардидани боз як навъи қаллобӣ ҳушдор медиҳад






