Бо Қарори Раиси шаҳри Душанбе ба иштирокчиёни Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ кумакҳои пулӣ расонида мешаванд
ДУШАНБЕ, 06.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар асоси Қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ барои ҳавасмандгардонии иштирокчиёну маъюбони Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ (солҳои 1941-1945) 304 ҳазору 400 сомонӣ ҷудо гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд.
Тибқи ин қарор, аз ҳисоби фонди захиравии Раиси шаҳри Душанбе ба ҳар кадоме ба андозаи 25 000 сомонӣ, ба шахсони бо ордену медалҳои ҳарбӣ дар ақибгоҳ дар солҳои Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ сарфарозгардида, шахсоне, ки зиёда аз шаш моҳ дар ақибгоҳ дар ин солҳо кор кардаанд, маъюбони амалиёти ҷангӣ дар қаламрави давлатҳои дигар (Афғонистон) ва маъюбони садамаи Неругоҳи барқӣ-атомии Чернобил ба андозаи 800 сомонӣ ҷудо гардид.
Раиси шаҳри Душанбе масъулинро вазифадор намуданд, ки маблағҳои ҷудогардидаро ба иштирокчиён ва маъюбони Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ, ки дар шаҳри Душанбе истиқомат менамоянд, зимни аёдати шахсӣ дар манзили истиқоматиашон ботантана аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе на дертар аз 7 майи соли равон супоранд.
АКС: АМИТ «Ховар»








«ЗЕБИ ЧАКАНУ АТЛАС, ЗЕБОСАНАМИ ТОҶИК». Бо мақсади муаррифии либоси миллӣ дар пойтахт иқдом амалӣ мешавад
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар баргузор мегарданд
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе бахшида ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
Соли 2025 дар Душанбе 63 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ таъсис дода шуд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад
Имрӯз иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир шуд






