Дар 21 шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон барои кормандони муваққатии марказҳои имтиҳонӣ машварати омӯзишӣ баргузор мегардад

Май 27, 2025 10:43

ДУШАНБЕ, 27.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар 21 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 32 нафар кормандони Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамроҳ бо тренерон барои кормандони муваққатии марказҳои имтиҳонӣ машварти омӯзишӣ баргузор менамоянд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маркази миллии тестӣ хабар медиҳад.

Ҳайати гурӯҳи корӣ барои ташкил ва баргузории машварати омӯзишии тренерон барнома, модули омӯзишӣ ва маводи иловагии ёрирасонро омода намудааст. Пас аз ду рӯзи дарсӣ ба шунавандагон дар асоси дарси гузашта саволномаҳо пешниҳод карда мешавад. Аз ҷумла, 26 май дар Муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумии № 19-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бо мақсади омодагӣ барои баргузории имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии ҷумҳурӣ дар соли 2025 семинари омӯзишӣ барои тренерон оғоз гардид.

Дар оғози семинар директори Марказ Сабзалӣ Ҷаъфарзода  вобаста ба моҳият ва тартиби гузаронидани имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии ҷумҳурӣ маълумот дода, аз масъулин ва иштирокдорони машварат даъват кард, ки барои омода намудани кормандони муваққатии марказҳои имтиҳонӣ ва босифат анҷом додани корҳо дар ин самт талош намоянд.

Тренерони баъди омӯзиш омодашуда кормандони муваққатии марказҳои имтиҳониро меомӯзонанд ва онҳоро барои қабул ва гузаронидани имтиҳонҳо тайёр менамоянд.

Семинарҳои омӯзишии тренерон барои намояндагони шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо иштироки 23 нафар шунаванда аз 26 то 27 майи соли 2025 дар Муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумии № 19-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, аз 29 то 30 май дар дар шаҳри Хуҷанд барои намояндагони шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд бо иштироки 18 нафар шунаванда, аз 29 то 30 май дар шаҳри Бохтар барои намояндагони шаҳру ноҳияҳои водии Вахши вилояти Хатлон бо иштироки 14 нафар шунаванда, аз 29 то 30 май дар Муассисаи таҳсилоти умумии № 6-и шаҳри Кӯлоб барои намояндагони шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон бо иштироки 16 нафар шунаванда баргузор мегарданд.

АКС: Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 27, 2025 10:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд
Дар Лондон омодагӣ ба аккредитатсияи байналмилалии муассисавию барномавӣ (International Quality Review — IQR) баррасӣ шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
8 нафар аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм–фурӯғи маърифат» гардиданд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар 32-солагии қабули Конститутсияи Тоҷикистон таҷлил карда шуд
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Олими ҷавони тоҷик соҳиби патентҳои Ҷумҳурии Беларус гардид