Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб оид ба таъсири интернет ва расонаҳои рақамӣ конфронс доир шуд
ДУШАНБЕ, 05.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ таҳти унвони «Таъсири интернет ва расонаҳои рақамӣ дар мусоидат ба таърихи воситаҳои ахбори омма ва омӯзиш дар замони муосир» конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ин донишгоҳ хабар доданд.
Иброз гардид, ки дар асри XXI, ки онро асри иттилоот ва технологияи рақамӣ меноманд, ҷаҳон шоҳиди тағйироти амиқ ва фарогир дар тамоми соҳаҳо, аз ҷумла иттилоот, муносибатҳои иҷтимоӣ, фарҳанг ва таҳсилот гардидааст. Технологияҳои рақамӣ ва интернет ҳамчун «инқилоби рақамӣ» дар рушди ҷомеа, интишори иттилоот, тағйироти афкори умум ва шаклгирии муҳтавои таълимӣ дар замони муосир нақши басе муҳим иҷро менамоянд.
«Омӯзиш ва таҳқиқи таъсири онҳо, инчунин нақши ин воситаҳо дар рушд ва таърихи воситаҳои ахбори омма дар замони муосир масъалаи муҳим ва зарурии илмӣ аст, ки бояд дар доираи конференсияҳои илмӣ ва таҳқиқоти олии муассисаҳои илмӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шавад», — баён шуд дар конфронс.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарки аҳамияти рушди ин соҳа ва бо ахбори муътамаду қобили эътимод фаро гирифтани мардум барои беҳтар кардани инфрасохтори интернет ва таҳкими фарҳанги иттилоотӣ дар ҷомеа чораҳои заруриро амалӣ менамояд.
Иҷрои сиёсати давлатии ҷумҳурӣ дар заминаи рушди интернет ва расонаҳои рақамӣ дар доираи барномаҳои мукаммалу густурда ба таҳкими таърихи воситаҳои ахбори омма ва таълим дар замони муосир равона мегардад.
Ташкили чунин конфронсҳо, ки барои мубодилаи дониш ва маълумот дар бораи таъсири интернет ва расонаҳои рақамӣ дар таърихи воситаҳои ахбори омма ва омӯзиш имконият фароҳам меоранд, метавонад марҳилаи муҳим дар рушди илм ва амалиёти ин соҳа дар Тоҷикистон бошад.
АКС: Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






