Дар Душанбе ҷаласаи Шурои машваратии роҳбарони хадамоти консулии вазоратҳои корҳои хориҷии ИДМ доир шуд

Май 29, 2025 08:22

ДУШАНБЕ, 29.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. 28 май  дар Душанбе таҳти раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи XXXII Шурои машваратии роҳбарони хадамоти консулии вазоратҳои корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар ҷаласаи Шуро   намояндагони Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Узбекистон ва Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок намуданд.

Дар ҷараёни мулоқот иштирокчиён масъалаҳои иҷрои муқаррароти Конвенсияи Вена дар бораи муносибатҳои консулӣ аз 24 апрели соли 1963 ва конвенсияҳои дуҷонибаи консулиро баррасӣ карданд. Ҳамчунин мубодилаи афкор оид ба ҳамкорӣ дар доираи Конвенсияи кумаки ҳуқуқӣ ва муносибатҳои ҳуқуқӣ дар парвандаҳои гражданӣ, оилавӣ ва ҷиноятӣ аз 7 октябри соли 2002 анҷом дода шуд.

Дар ин замина дурнамои гузариш ба шакли электронӣ дар хизматрасонии консулӣ, эътирофи ҳуҷҷатҳои электронӣ ва имзоҳои электронии шахсони мансабдори мақомоти дахлдори давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мавриди баррасӣ қарор гирифт.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 29, 2025 08:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон дар ҳамоиши 42-юми Намоишгоҳ ва Конфронси байналмилалӣ оид ба нафту гази Абу-Забӣ иштирок намуд
Идибек Қаландар дар Муколамаи Манома «IISS Manama Dialogue» иштирок намуд
Ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Лаос мулоқот намуданд
Интишори мусоҳибаи сафири Тоҷикистон дар Кувайт дар рӯзномаи кувайтии «Алҷарида»
Рӯзномаи «The Times Kuwait» мусоҳибаи сафири Тоҷикистонро нашр намуд
Сафири Тоҷикистон бо ҳамватанони муқими Ҷумҳурии Чехия мулоқот намуд
Дар Женева ҷаласаи махсус таҳти унвони «Афзалиятҳои рушди савдо барои кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ» баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон дар Ҳамоиши байналмилалии «Ҳафтаи оби Қоҳира-2026» иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Дабири кулли Вазорати федералии молияи Австрия мулоқот намуд
Ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамотҳои гумруки давлатҳои иштирокдори ИДМ баргузор гардид
Дар Вашингтон масъалаи омодагӣ ба Форуми сеюми соҳибкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Амрико баррасӣ гардид
Дар Минск ҷаласаи навбатии Шурои намояндагони ваколатдории доимии ИДМ баргузор гардид