Дар Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-сиёсӣ баргузор шуд

Май 18, 2025 10:00

ДУШАНБЕ, 18.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. Бо дастгирии доимии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар давраи соҳибистиқлолӣ нисбат ба ҷавонон таваҷҷуҳ ва ғамхории махсус зоҳир гардида, барои ташаккули ҳамаҷонибаи онҳо ҳамаи шароити зарурӣ фароҳам оварда шуд. Зеро ояндаи Тоҷикистон дар дасти ҷавонон буда, нақш ва мавқеи онҳо имрӯз дар тамоми ҷабҳаҳои давлатдорӣ эҳсос карда мешавад. Ин матлабро директори Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд ба номи Юсуфхон Исҳоқӣ Амирҷон Нурзода зимни ҳамоиши илмӣ-сиёсӣ таҳти унвони «Ҷавонон-пайравони Пешвои миллат» бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон (23 май) баён намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ин коллеҷ хабар доданд.

Иброз гардид, ки имрӯз ҷавонони ҷумҳурӣ бо руҳбаландию ғайрати тоза дар тамоми самтҳои хоҷагии халқ софдилона фаъолият бурда, дар ҳамаи чорабиниҳову маъракаҳои гуногуни сиёсиву иқтисодӣ, фарҳангиву иҷтимоӣ ва маърифативу варзишӣ саҳми назаррас ва нақши бориз мегузоранд.

Барои дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии ҷавонони соҳибистеъдод стипендияҳои президентӣ, квотаи президентӣ, Стипендияи байналмилалии президентии «Дурахшандагон», грантҳои Ҳукумати Тоҷикистон дар самти тарбияи ватанпарастии ҷавонон, Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон, таъмини оилаҳои ҷавон бо манзил ва қитъаи замин муқаррар карда шудааст.

Сол ба сол ҷалби ҷавонони лаёқатманд ба идоракунии давлатӣ ва пешбарии онҳо ба вазифаҳои роҳбарикунанда меафзояд, ки ҳамаи ин иқдом далели ғамхориҳои пайвастаи давлат ва Ҳукумати мамлакат арзёбӣ мегарданд.

Ҷавонон бояд дар рушди ҷомеа фаъолона саҳм гузоранд. Ҷавонон ояндаи миллат буда, инкишоф ва дастгирии онҳо яке аз вазифаҳои асосии ҳар давлат мебошад.

Дар ҳамош ба як зумра ҷавонони фаъол ва ғолибони олимпиадаи тахассусӣ Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардиданд.

АКС: Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд ба номи Юсуфхон Исҳоқӣ

Май 18, 2025 10:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад