Дар Мастчоҳ Озмуни ҷумҳуриявии «Оилаи беҳтарин» баргузор гардид

Май 4, 2025 10:40

ДУШАНБЕ, 04.05.2025. /АМИТ «Ховар»/.  Дар ноҳияи Мастчоҳ даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Оилаи беҳтарин»  баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Раёсати кор бо занон ва оилаи вилояти Суғд хабар доданд.

Дар озмун оилаҳои намунавӣ аз ҷамоату шаҳрак ва деҳаҳои ноҳия иштирок намуданд. Иштирокчиён дар бораи собиқаи оиладорӣ, маҳорату фарҳанги оиладорӣ, тарбияи фарзандон, ҳифзи анъанаҳои миллӣ дар раванди оиладорӣ ва дастовардҳои оилавияшон суҳбат намуданд.

Баргузории чунин чорабиниҳои фарҳангӣ, иттилоотӣ, тарғиботию ташвиқотӣ, иқдому озмунҳои маърифатӣ ба  ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои аъзои оила, баланд бардоштани маърифати оиладорӣ, таҳкими муносибатҳои оилавӣ, фаъолгардонии нақши занону духтарон дар таълиму тарбияи фарзанд, омода намудани ҷавонон ба ҳаёти оилавӣ, фароҳам овардани имконияти равонию ҳуқуқӣ барои баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқии ҷавонон, дастгирии оилаҳои ҷавон, арҷ гузоштан ба расму ойинҳои миллии оиладорӣ, пешгирии пошхӯрии оилаҳо ва дигар омилҳои номатлуби ба муносибатҳои хонаводагӣ таъсиррасон мусоидат менамояд.

Ёдовар мешавем, ки озмун бо ибтикори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат гузаронида мешавад.

Озмун аз се давр иборат буда, ҳамасола давоми моҳҳои апрел ва май баргузор мегардад.

Даври якум дар деҳа, ноҳия ва шаҳрҳо нимаи аввали моҳи апрел, даври дуюм дар маркази Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Хатлону Суғд, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва ноҳияҳои минтақаи Рашт нимаи дуюми моҳи апрел ва даври сеюм дар шаҳри Душанбе дар Рӯзи байналмилалии оила- 15 май бо иштироки ғолибони даври якум ва дуюм доир карда мешавад.

АКС: Раёсати кор бо занон ва оилаи вилояти Суғд

Май 4, 2025 10:40

Хабарҳои дигари ин бахш

МАНФИАТ ВА ХАВФҲОИ ИСТИФОДАИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ. Мулоҳизаҳои профессор Сайфиддин Давлатзода дар ин мавзуъ
Дар вилояти Суғд ба фаъолони соҳаҳо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Ба хонандагони ятими шаҳри Роғун либоси мактабӣ ва лавозимоти хониш тақдим гардид
КИТОБ — МУФИДТАРИН ИХТИРОИ БАШАР. Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи китоб аст
Сафири Тоҷикистон бо Вазири энергетика ва маъданҳои Салтанати Умон мулоқот намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
«35 СОЛИ СОЗАНДАГӢ ВА РУШДИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши илмӣ-амалӣ доир шуд
БАРОИ АЛОҚА, БАРОИ ОДАМОН, БАРОИ ҶУМҲУРӢ. МегаФон Тоҷикистон дар чоряк асри фаъолият чӣ корҳоро анҷом дод?
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ҳамкориро дар соҳаи саноати сабук густариш медиҳанд
ИМРӮЗ — РӮЗИ АВИАТСИЯИ ГРАЖДАНӢ. Аз Тоҷикистон ба зиёда аз 20 кишвари ҷаҳон парвозҳо ба роҳ монда шудааст
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд