Дар минтақаи Кӯлоб 15 тонна намаки ғайристандартӣ ошкор карда шуд
ДУШАНБЕ, 22.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. Аз ҷониби мутахассисони Раёсати стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои минтақаи Кӯлоб дар семоҳаи аввали соли равон дар ду ҳолат 30 тонна намаки ғайристандартӣ ошкор карда шуд. 15 тоннаи ин маҳсулот ба Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Шуҳрат –ЛТД» ва 15 тоннаи дигар ба Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Сорбон-А» тааллуқ дорад.
Тавре сардори Раёсати стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои минтақаи Кӯлоб Ҷурахон Сайдализода ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, дар муддати се моҳи соли равон 17,8 килограмм маҳсулоти хӯрокворӣ ва 183 литр нӯшокии ғайримашруботӣ аз муомилот гирифта шуданд.
«Дар ин давра барои амалӣ намудани тартиби коркарди маҳсулоти ғайристандартӣ ва нобудсозии онҳо, ки ба талаботи регламентҳои техникӣ мутобиқ нест, дар Раёсати стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои минтақаи Кӯлоб комиссия таъсис дода шуд. Он ба ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагон ва ҳимояи бозори дохилӣ мусоидат менамояд»,-иброз дошт Ҷурахон Сайдализода.
Дар семоҳаи аввали соли 2025 зимни гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ 344 килограмм молу маҳсулоти пастсифат аз муомилот гирифта ва бо иштироки аъзои комиссия нобуд карда шуд.
Мутахассисони Раёсати стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои минтақаи Кӯлоб дар семоҳаи аввали соли равон 9 соҳибкорро ба маблағи 675 сомонӣ ҷарима намуданд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд






