Дар ноҳияи Ҷайҳун иқдоми экологӣ гузаронида шуд

Май 20, 2025 19:00

ДУШАНБЕ, 20.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. Таҳти унвони «Замини тоза» дар ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон бо мусоидати Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иқдоми васеи экологӣ баргузор гардид.

АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки ҳадафи иқдом – нест кардани хатарнокии экологие аст, ки аз замони собиқ боқӣ монда, ба ҷамъшавии пеститсидҳо (моддаҳои химиявӣ) ва моддаҳои устувори органикии ифлоскунанда марбут аст. Иҷрокунандаи корҳо ташкилоти ҷамъиятии «Пешсаф» мебошад, ки корҳои поксозии мавзеъро мутобиқ ба меъёрҳои ҷаҳонии экологӣ ба иҷро мерасонад.

Лоиҳа бо дастгирии Бунёди глобалии экологӣ (ГЭФ) ва Ташкилоти озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид (FAO) дар доираи Барномаи «Идоракунии давраи ҳаётии пеститсидҳо ва безараргардонии моддаҳои устувори органикӣ (СОЗ) дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Туркия» амалӣ карда мешавад.

То имрӯз зиёда аз 4500 тонна хоки омехта ба пеститсид ва беш аз 20 тонна пеститсидҳои «тоза» аз минтақа хориҷ карда шудаанд. Мушкилоти асосӣ дар хориҷсозии пеститсидҳои кӯҳнашуда мебошад, ки даҳсолаҳо дар замин то чуқурии 2 метр ҷойгир буданд.

Ҳамаи партовҳои хатарнок муваққатан дар анбори махсуси Полигони Вахш нигоҳ дошта шуда, ба талаботи муосири амнияти экологӣ ҷавобгӯ мебошанд. Ғайр аз корҳои поксозӣ мутахассисони Кумита дар байни аҳолии маҳаллӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ мегузаронанд. Онҳо дар бораи хатари ифлосшавии кимиёвӣ суҳбат намуда, усулҳои бехатари кишоварзиро меомӯзонанд ва сокинонро ба назорат ва арзёбии вазъи экологӣ ҷалб менамоянд.

Чунин ташаббусҳо дар беҳтарсозии вазъи экологии минтақа ва таъмини амнияти аҳолӣ нақши калидӣ доранд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин чорабиниҳоро дар дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ, ки дар он ҷойҳо низ зарурати нест кардани оқибатҳои истифодаи шадиди пеститсидҳо боқӣ мондааст, доир менамояд.

АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 20, 2025 19:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе ду маркази нави илмӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Дар муассисаҳои таҳсилоти олии вилояти Ивановои Федератсияи Русия зиёда аз 600 шаҳрванди Тоҷикистон таҳсил менамоянд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС»-ро 127 донишҷӯ хатм намуд
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 14 август дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Тоҷикистон ва Ҷопон ҳамкориро дар соҳаи энергетика ва захираҳои об густариш медиҳанд
15 хатмкунандаи Филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур тибқи стандартҳои таълимии Британияи Кабир соҳиби дараҷаҳои магистрӣ шуданд
ПАНҶСОЛАИ РУШДИ САНОАТ. Дар ноҳияи Рашт 10 коргоҳи истеҳсолию корхонаи саноатӣ ба истифода дода мешавад
Ғолибони даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» муайян гардиданд
Бонки миллии Тоҷикистон аз паҳн гардидани боз як навъи қаллобӣ ҳушдор медиҳад