Дар ноҳияи Дарвоз Фестивали «Саводнокии молиявӣ» баргузор гардид

Май 3, 2025 08:21

ДУШАНБЕ, 03.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Дарвоз даври якуми Фестивали «Саводнокии молиявӣ» баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатиии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон иттилоъ доданд.

Ҳадафи асосии фестивал баланд бардоштани сатҳи саводнокии молиявӣ ва тавсеаи ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ ба шумор меравад.

Фестивали «Саводнокии молиявӣ» бо ибтикори Бонки миллии Тоҷикистон гузаронида шуда, дар он кормандони ташкилоти қарзии молиявӣ ва суғуртавӣ иштирок намуданд. Ҳамзамон дар он масъулини бонку ташкилоти қарзӣ ба мизоҷон оид ба хизматрасонии бонкӣ, маҳсулоти қарзӣ, намуди пасандозҳо, кортҳои пардохтӣ, ҳамёнҳои мобилӣ ҳам ба таври назариявӣ ва ҳам амалӣ маълумот пешниҳод намуданд.

Ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ намуди пардохте мебошад, ки бе истифодаи пули нақд бо роҳи истифодаи чек, кортҳои пардохтии бонкӣ ва дигар воситаҳои электронии пардохтӣ, супоришномаҳои пардохтӣ тавассути пулҳои электронӣ ва ҳамёнҳои электронӣ анҷом дода мешаванд. Густариши низоми  ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ яке аз омилҳои рушди босуботи иқтисодиёти миллӣ ва низоми молиявии мамлакат маҳсуб шуда, дар таъмини шаффофияти амалиёти молиявӣ, ғанӣ гардонидани буҷети давлат, пешгирии омилҳои коррупсионӣ ва коҳиши таъсири омилҳои инсонӣ нақши бениҳоят муҳим дорад.

АКС: АМИТ «Ховар»

Май 3, 2025 08:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад