Дар ноҳияи Шаҳринав ду тонна пиллаи хушсифат истеҳсол карда шуд

Май 25, 2025 19:00

ШАҲРИНАВ, 25.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. Кирмакпарварони ноҳияи Шаҳринав бо риояи қоидаҳои агротехникии парвариш ва нигоҳубини кирмак то имрӯз 2 тонна пиллаи хушсифат истеҳсол намудаанд. Онҳо тасмим гирифтаанд, ки соли равон истеҳсоли пилларо ба зиёда аз 6 тонна расонанд. Дар ин хусус намояндаи Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Пиллаи тоҷик» дар ноҳияи Шаҳринав Қамариддин Маннонов ба мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд иттилоъ дод.

Барои рушду тараққиёти соҳаи пиллапарварӣ ва коркарди он дар ноҳияи Шаҳринав 200 қуттии кирмак ба 76 хоҷагии кирмакпарварии ҷамоатҳои деҳоти ноҳия тақсим карда шуд. Ҳушбахтона, парваришу нигоҳубини кирмак хуб буда, пиллапарварон ҳосили нағз ба даст меоранд.

Дар айни замон барои  иҷрои нақшаи истеҳсоли пилла ҷамъоварии пиллаи хушсифат муташаккилона идома дорад. Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Пиллаи тоҷик» дар ноҳияи Шаҳринав аз кирмакпарварон як килограмм пиллаи омехтаи истеҳсолшударо ба маблағи 20 сомонӣ харида, кирмакпарварони фаъолро бо туҳфаҳо ҳавасманд мегардонад.

Мувофиқи ҳаҷми истеҳсоли пилла, ки аз ҳар қуттӣ то 30 кг пилла истеҳсол карда мешавад, кирмакпарвари ботаҷриба Фарҳод Сафаров бо риояи қоидаҳои агротехникии парвариш ва нигоҳубини кирмак аз ду қуттии кирмак 104 кг пиллаи хушсифат истеҳсол намудааст.

Кирмакпарварӣ ва коркарди пилла яке аз шуғлҳои қадимтарини мардуми тоҷик ва соҳаи сердаромаду афзалиятнок маҳсуб шуда, истеҳсоли пилла барои бо ашёи хом таъмин намудани корхонаҳои саноатии мамлакат, бо шуғл фаро гирифтани аҳолӣ ва баланд бардоштани иқтидори истеҳсолии корхонаҳои ватанӣ аҳамияти калон дорад.

Ёдовар мешавем, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат 21 декабри соли 2021 баён гардид, ки «ҷиҳати рушди соҳаи пиллапарварӣ ва шоҳиву адрасбофӣ ва таъсиси ҳазорҳо ҷойи нави кор, бахусус барои занону духтарон дар ин замина сохтору мақомоти дахлдорро зарур аст, ки истифодаи самараноки имконоти мавҷударо таъмин намоянд. Дар робита ба ин, замини тутзор ба муддати 10 сол аз пардохти андози ягонаи замин, инчунин шахсони ҳуқуқие, ки ба коркарди пилла ва истеҳсоли матоъҳои шоҳӣ, атласу адрас ва дигар маснуоти бофандагии дастӣ машғуланд, аз пардохти андозҳо пурра озод карда шаванд».

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав

Май 25, 2025 19:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад