Дар ноҳияи Шаҳринав оид ба пешгирии ҳолатҳои ғарқшавӣ ҷаласа доир гардид
ШАҲРИНАВ, 24.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Шаҳринав ҷаласаи Комиссияи ҳолатҳои фавқулода оид ба пешгирии ҳолатҳои ғарқшавӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав иттилоъ доданд.
Иброз гардид, ки вобаста ба пешгирии ҳолатҳои ғарқшавӣ ва бо мақсади бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ амри раиси ноҳия «Дар бораи тадбирҳои фаврии пешгирии ҳолатҳои ғарқшавӣ» ба тавсиб расида, нақшаи чорабиниҳо таҳия ва ба зернизомҳои ҳудудӣ ва зинавии низоми ягонаи давлатӣ оид ба пешгирии ҳолатҳои фавқулода дастрас карда шудааст.
Ҳамзамон барои иҷрои амри раиси ноҳия роҳбарони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот вазифадор гардиданд, ки дар мавзеъҳо ва канори каналу дарёҳо ва обанборҳо аёнияти «Дар дарё оббозӣ кардан манъ аст!» ё «Дар ин ҷо оббозӣ кардан манъ аст!» насб карда шаванд. Инчунин барои огоҳонидани аҳолӣ ва пешгирии ҳолатҳои ғарқшавӣ аз тариқи радио ва рӯзномаи маҳаллӣ мунтазам муроҷиатнома пахшу интишор карда шавад.
Роҳбарияти ноҳия вобаста ба тақвият додани корҳои огоҳонии аҳолӣ оид ба беназорат намондани фарзандонашон супориш доданд, ки дар тамоми муассисаҳои таълимӣ бо омӯзгорону хонандагон вохӯриҳо гузаронида, масъулини муассисаҳои таълимӣ вобаста ба ҳолати мазкур муваззаф карда шаванд.
Бояд гуфт, ки мавсими обёрии заминҳои кишоварзӣ оғоз гардида, ҳоло каналҳои ҳудуди ноҳия пур аз об аст. Мутаассифона, ҳамасола аз ҳисоби беаҳамиятии волидайн ва беназорат гузоштани фарзандон ғарқшавии кӯдакону ҷавонон ба қайд гирифта мешавад. Аз ин рӯ барои сар назадани ҳодисаҳои нохуш падару модарон бояд фарзандонро беназорат нагузоранд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав








15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






