Дар шаҳри Норак ҳашари экологии «Тозагии обанбор» баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 11.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. Бо иқдоми Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар обанбори «Норак» бо ҷалби дӯстдорони табиат, кормандони ташкилоту муассисаҳо ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳашари экологии «Тозагии обанбор» баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин кумита иттилоъ медиҳад.
Зимни ҳашари экологии «Тозагии обанбор» соҳилҳои обанбори Норак аз партов ва ҳар гуна ашёҳои пластикӣ тоза карда шуд.
Бояд гуфт, ки ҳифзи манбаъҳои обӣ аз ифлосшавӣ боиси таъмини эҳтиёҷоти соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти мамлакат ва аҳолӣ бо оби сифатноки нӯшокӣ мегардад.
Об омили асосии зиндагӣ буда, ҳифз ва истифодаи самараноки он вазифаи ҳар шаҳрванд мебошад.
Аз ин лиҳоз ҳар сокини Тоҷикистон бояд дар беҳбуди табиат ва экосистема саҳм гузорад.
АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
АЗ ДИРАФШИ КОВИЁНӢ ТО ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ. Мулоҳизаҳо доир ба оини парчамдории тоҷикон дар масири таърих
Дар Ваҳдат Фестивали намоиш – фурӯши чорвои зотӣ баргузор гардид
Дар Душанбе ҳамоиши ҷавонони соҳаи геология баргузор гардид
МегаФон Тоҷикистон: МегаҚувва гигабайтҳоро дучанд менамояд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид






