Дар Тоҷикистон бо таъсири тағйирёбии иқлим шумораи кӯлҳои пиряхӣ ба 397 адад расидааст
ДУШАНБЕ, 29.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шумораи кӯлҳои пиряхӣ 397 адад буда, 0,01 киллометри мукаабро ташкил медиҳанд. Бештари ин кӯлҳо дар минтақаи кӯҳистонии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва ҳавзаи дарёи Зарафшон ҷойгиранд. Пайдоиши чунин кӯлҳо асосан натиҷаи обшавии босуръати пиряхҳо буда, онҳо на танҳо нишонаи тағйирёбии иқлим мебошанд, балки метавонанд хатари офатҳои табииро низ ба вуҷуд оранд. Ин матлабро сармутахассиси шуъбаи яхшиносӣ ва барфу тармасанҷии Маркази яхшиносии Агентии обуҳавошиносии мамлакат Амиршо Ҳиёев ба АМИТ «Ховар» баён намуд.
Дар доираи таҳқиқот ва мониторинги пиряхҳо аз тарафи мутахассисони Маркази яхшиносии Агентии обуҳавошиносии мамлакат шумораи умумии кӯлҳои пиряхӣ дар ҳудуди ҷумҳури муайян ва рақамгузорӣ карда шуд.
Дар Тоҷикистон шумораи чунин кӯлҳо солҳои охир афзоиш ёфтааст, ки ин натиҷаи таъсири тағйирёбии иқлим ба муҳити зисти кӯҳӣ мебошад. Аз ин рӯ, мониторинги мунтазами кӯлҳои пиряхӣ ва таҳияи нақшаҳои фаврии пешгирии офатҳои эҳтимолӣ аҳамияти бузург дорад. Обшавии босуръати пиряхҳо метавонад хавфи офатҳои табиӣ, аз ҷумла сел ва ярчҳоро зиёд намояд. Ин офатҳо бештар дар натиҷаи ҷамъ шудани об ва ҷорӣ шудани он аз минтақаҳои баландкӯҳи кӯҳӣ ба амал меоянд.
Ҳарчанд чунин кӯлҳо метавонанд манбаи иловагии об бошанд, онҳо хатари ҷиддии рахнашавӣ низ доранд. Дар ҳолати рахна шудани саддҳо ё сарбандҳо, ки ин кӯлҳоро нигаҳ медоранд, об бо суръати баланд ба поён ҷорӣ шуда, метавонад офатҳои фоҷиабор ба вуҷуд оварад.
Пиряхҳои асосии мамлакат дар қаторкӯҳҳои баландтарин, аз қабили Академияи миллии илмҳо, Дарвоз, Пётри Якум, Ванҷ, Язғулом, Зарафшон ва дигар минтақаҳо ҷойгир шудаанд. Дар ин минтақаҳо шароити мусоид барои ташаккул ёфтани пиряхҳо вуҷуд дорад, ки ба баландии қаторкӯҳҳо ва миқдори кофии бориш вобаста аст. Дар ҳавзаи ин дарёҳо майдони яхбандӣ беш аз 5 ҳазор километри мукаабро ташкил медиҳад. Дар он пиряхи бузургтарини минтақаи Авру-Осиё — пиряхи Ванҷях (Федченко) қарор дорад.
Ёдовар мешавем, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 то 31 май мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо мебошад.
Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо дар доираи Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, ки бо ибтикори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод шуда, аз ҷониби зиёда аз 150 кишвари аъзои Созмони Милали Муттаҳид дар иҷлосияи 77-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид моҳи декабри соли 2022 дастгирӣ ёфт ва бо қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қабул гардид, гузаронида мешавад.
АКС: Маркази яхшиносии Агентии обуҳавошиносӣ








Ташаббуси байналмилалии Тоҷикистон барои таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда аҳамияти ҳуқуқӣ ва сиёсии хос дорад
Прокурори шаҳри Ҳисор: «Сулҳ масъулият аст ва ташаббуси навбатии байналмилалии Тоҷикистон ҷомеаи ҷаҳониро ба андеша водор месозад»
Ҷаҳон дар талоши сулҳи пойдор ва фалсафаи «ман ба Шумо сулҳ меорам!»-и Президенти Тоҷикистон
Дар Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бахшида ба ташаббуси навбатии ҷаҳонии Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид
Расонидани ёрии аввалин ба бемор метавонад ҷони ӯро аз марг наҷот диҳад
Бо риояи қоидаҳои одӣ худро аз таъсири гармӣ муҳофизат намоед
БАРНОМАИ РУШДИ КИТОБХОНАҲОИ ДЕҲОТ. Он барои такмили фаъолияти китобхонаҳо ва беҳтар шудани хизматрасонии китобдорӣ замина фароҳам меорад
Дар Тоҷикистон «Барномаи давлатии рушди инноватсионии соҳаи пахтакорӣ барои солҳои 2026–2030» қабул гардид
Тоҷикистон ва Қатар бахшида ба Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ дар Женева чорабинӣ баргузор намуданд
ИМРӮЗ–РӮЗИ ТАЪСИСИ БОЗРАСИИ ДАВЛАТИИ АВТОМОБИЛӢ. Амнияти ҳаракат дар роҳ самти асосии фаъолияти ин мақомот мебошад






