Дар Тоҷикистон экспедитсияи сайёҳии «Саёҳат ба қалби Авруосиё-2025» баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 03.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. Моҳҳои июн-июли соли 2025 дар Тоҷикистон экспедитсияи сайёҳии «Саёҳат ба қалби Авруосиё-2025» баргузор мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Ҳадафи асосии экспедитсия шиносоӣ бо имконот ва зарфияти сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Экспедитсия аз Федератсияи Русия оғоз ёфта, аз тариқи 25 нақлиёт аз қаламрави Қазоқистон, Қирғизистон ва Узбекистон гузашта, ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид мегардад.
Дар Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндагони вазорату идораҳои дахлдори Тоҷикистон ва шарикони рушд вобаста ба баргузории ин экспедитсия ҷаласа баргузор гардид. Зимни он намояндаи Шурои кории Тоҷикистон ва Русия Айна Керимова доир ба ҳадафҳои баргузории экспедитсия ба иштирокчиёни ҷаласа маълумот дод.
АКС: Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








«БАРНОМАИ РУШДИ МИНТАҚАИ САЙЁҲИИ РОҒУН». Дар доираи амали он роҳҳо мумфарш, хатсайрҳои сайёҳӣ зиёд ва инфрасохтори хизматрасонӣ беҳтар карда шуд
Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ба гардишгарони ҳавзаи Шурои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷ муаррифӣ гардиданд
Дар Дарвоз Конференсияи байналмилалии «Сайёҳии устувор ва рушди зеҳни сунъӣ дар шароити муосир» баргузор шуд
Дар Хуҷанд конференсияи байналмилалии илмӣ-амалии «Мероси Суғди бостонӣ» баргузор гардид
Шаҳри Панҷакентро дар нуҳ моҳ беш аз 40 ҳазор сайёҳон тамошо намудаанд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» иқтидори сайёҳӣ ва фарҳангии Тоҷикистонро муаррифӣ менамояд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» оғоз гардид
Имконияту иқтидори сайёҳии шаҳри Душанбе дар Ҷумҳурии Мардумии Чин муаррифӣ мегардад
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд
«БАРНОМАИ РУШДИ САЙЁҲИИ ДОХИЛӢ». Дар Тоҷикистон беш аз 400 захираи сайёҳӣ, 1000 дара, 1000 кӯл ва мавзеъҳои дигари ҷолиб мавҷуд аст
ВОДИИ ЯҒНОБ- ОСОРХОНАИ ЗИНДАИ ЭТНОГРАФӢ. Ин мавзеъ таваҷҷуҳи сайёҳонро зиёдтар ҷалб менамояд






