Доир ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи корӣ баргузор гардид

Май 20, 2025 11:42

ДУШАНБЕ, 20.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон доир ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки 17 май зимни семинар-машварати ҷумҳуриявии кишоварзон ва мулоқот бо фаъолон дар ноҳияи Данғара баён доштанд, ҷаласаи корӣ баргузор гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон иттилоъ доданд, зимни ҷаласа роҳбарони сохтору мақомоти давлатӣ дар сатҳи вилоят ва ноҳия вазифадор гардиданд, ки барои бартараф намудани камбудию норасоиҳои ҷойдошта тадбирҳои саривақтӣ  андешанд.

Дар ҷаласа ҳамчунин масъалаҳои боло бурдани самаранокии истеҳсолот, баланд бардоштани сатҳи маданияти истифодаи замину об ва корҳои созандагию ободонӣ дар ноҳия мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Иброз шуд, ки барои кам кардани вобастагии бозори истеъмолӣ аз молу маҳсулоти воридотӣ бояд аз тамоми имконоту захираҳои мавҷуда пурра ва самаранок истифода карда шавад.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон

Май 20, 2025 11:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид