Имсол дар Тоҷикистон чӣ қадар боғҳои нав бунёд гардиданд?
ДУШАНБЕ, 11.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имсол дар хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва деҳқонии мамлакат дар 167,7 гектар боғҳои нав бунёд карда шуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 1,7 баробар зиёд мебошад. Дар ин хусус Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар гузориш оид ба вазъи иҷтимоию иқтисодии мамлакат дар се моҳи соли равон иттилоъ додааст.
Аз ин шумора 92,3 гектарро дарахтони мевагиҳои тухмдор, 66,8 гектарро мевагиҳои донакдор, 6,3 гектарро меваҳои мағздор ва 2,3 гектарро меваҳои субтропикӣ ташкил медиҳанд. Аз миқдори умумии боғҳои нав 80 гектар дар заминҳои лалмӣ бунёд карда шудаанд.
Инчунин дар ин давра 31,4 гектар токзори нав бунёд гардид, ки 16,1 гектари он ба заминҳои лалмӣ рост меояд. Барқарорсозии боғу токзори кӯҳна дар якҷоягӣ 461,3 гектарро ташкил додааст.
Боғдорӣ яке аз соҳаҳои асосии комплекси агросаноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷанбаи сердаромадтарини соҳаи кишоварзӣ ба ҳисоб рафта, барои таъмини амнияти озуқавории ҷумҳурӣ, ғанӣ гардонидани сабади истеъмолӣ, таъмини корхонаҳои коркард бо ашёи хом, афзун гардонидани имконияти содиротии мамлакат ва бо кори доимӣ таъмин намудани аҳолӣ мавқеи муайянро ишғол менамояд. Иқлими мусоиди минтақаҳои ҷумҳурӣ имконият медиҳад, ки майдонҳои боғу токзор аз ҳисоби ниҳолҳои серҳосил зиёд гардад.
Ёдовар мешавем, ки аз ҷониби Ҳукумати мамлакат «Барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ ва ситруспарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025-2029» қабул гардидааст. Дар доираи амалишавии он беш аз 113 гектар боғҳои ситрусӣ бунёд мегарданд.
Бунёди ин боғҳо дар вилоятҳои Суғду Хатлон, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ба нақша гирифта шудааст.
АКС: АМИТ «Ховар»








15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






