IRS ронандагонро даъват менамояд, ки қоидаҳои ҳаракат дар роҳро риоя намоянд

Май 28, 2025 18:40

ДУШАНБЕ, 28.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. Роҳбарияти Филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми ронандагонро даъват намудааст, ки ҳангоми ҳаракат бодиққат бошанд, муқаррароти мавҷударо риоя намоянд, тавсия ва талаботи Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданиро дар мадди назар қарор дода, эҳтироми ҳамдигарро ба ҷо оранд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» хабар доданд, рӯзҳои охир чун дар манотиқи дигари мамлакат  дар масири Душанбе-Чанок низ чанд садамаи нақлиётӣ рух дод, ки мутаассифона, боиси ба ҳалокат расидани шаҳрвандон гардид.

Тибқи хулосаи мақомоти дахлдор,  аз ҷумла Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз уҳдаи идораи мошин набаромадан, ба муқобили самти ҳаракат баромадан ва дар хоб мондани ронанда сабабҳои асосии рух додани чунин садамаҳо мебошанд. Мутаассифона, баъзеҳо ин ҷиҳати масъаларо сарфи назар карда,  хулосаи аз ҳақиқати воқеӣ фарсахҳо дур ва муғризона мебароранд.

Дар баробари корҳои дигари марбут ба нигоҳдории роҳи Душанбе-Чанок бо дастури роҳбарияти филиали ширкат ба корҳои фаҳмондадиҳӣ низ таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардидааст. Ба таври густурда гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар воситаҳои ахбори омма,  шабакаҳои иҷтимоӣ ва насби банерҳо бо аксу навиштаҷоти ҳушдордиҳанда далели ин гуфтаҳо мебошад.

АКС: Филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 28, 2025 18:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд