«КӮДАКОН-ҒУНЧАҲОИ БОҒИ ИСТИҚЛОЛ». Дар Осорхонаи миллӣ барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ гузаронида шуд
ДУШАНБЕ, 29.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи байналмилалии кӯдакон (1 июн) дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон таҳти унвони «Кӯдакон-ғунчаҳои боғи истиқлол» бо иштироки 60 тарбиятгирандаи «Мактаб-интернати №1 барои кӯдакони ятим ва бепарастор»-и шаҳри Душанбе барномаи фарҳангӣ ташкил карда шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Директори Осорхонаи миллӣ Зафаршо Иброҳимзода иброз намуд, ки «воқеан, кӯдакон неъмати бебаҳо, сармояи инсонӣ, ояндаи имрӯзу фардои оила ва миллат буда, ҳифзу ҳимоя ва ғамхорӣ нисбат ба онҳо вазифаи ҷонии ҳар фард, ҷомеа ва давлат мебошад. Иқдоми пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, махсусан Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таъмини ҳаёти осоиштаи кӯдакон ва риояи ҳуқуқу озодиҳои онҳо, дар руҳияи меҳру муҳаббат ба Ватан ва ҳамчун насли солиму созанда тарбия ёфтани кӯдакон равона гардидаанд».
Дар ҳамоиш ба хотири хушҳол намудани кӯдакону наврасон ҳунармандону санъаткорони Муассисаи давлатии «Филармонияи давлатии бачагонаи Тоҷикистон» ва маҳфили кӯдакон бо барномаҳои ҷолибу рангин хотири дӯстрӯяконро шод намуданд.
Аз ҷониби кормандони Осорхонаи миллӣ маҳфилҳои фарҳангии «Чеҳранигор» ва нақшу нигори гулҳо дар дастон – «Ҳино» ташкил карда шуд.
Ҳамзамон аз ҷониби кормандони илмии Осорхонаи миллӣ барои тарбиятгирандагони ин муассиса сайрҳои осорхонавӣ ташкил карда шуда, дар қисмати ҷамъбасти чорабинӣ ба кӯдакону наврасон туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.
АКС: Осорхонаи миллии Тоҷикистон








Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид






