КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САТҲИ БАЛАНД ОИД БА ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар ҳошияи конфронс чорабиниҳои муҳим мегузаронад
ДУШАНБЕ, 26.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. Қабул гардидани ташаббусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид оид ба эълон гардидани соли 2025- Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, 21 март- Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо ва Даҳсолаи амал барои илмҳои криосфера (2025-2034) дар баланд гардидани нуфузи сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун ҷумҳурии дорои сарчашмаҳои бузурги оби тозаю пиряхҳои бузург, имконоти сайёҳӣ дар самти дастрасӣ ва таъмин бо оби тозаи ошомиданӣ ва ҳифзи пиряхҳо нақши муассир мегузорад.
Конфронси байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, ки 29-31 майи соли 2025 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, аввалин конфронси байналмилалии сатҳи баланди Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳифзи пиряхҳо дар миқёси ҷаҳон мебошад. Мақсади асосии конфронс ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба масъалаи ҳифзи пиряхҳо, таъсири тағйирёбии иқлим ва гармшавии глобалӣ ба онҳо мебошад. Ин чорабинии бонуфуз бо иштироки зиёда аз 2200 нафар намояндагони давлатҳо, созмонҳои байналмилалӣ, олимон, сиёсатмадорон ва ҷомеаи шаҳрвандӣ доир мегардад.
Пешниҳоди силсилаташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба ҳифзи захираҳои обӣ ва ҳифзи пиряхҳо ба Созмони Миллали Муттаҳид ва баргузории Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо дар шаҳри Душанбе аз он шаҳодат медиҳад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари «сабз» ва дорои захираҳои бузурги обу пиряхҳо дар масъалаи ҳифзи пиряхҳо дар сатҳи ҷаҳон нақши муҳим мебозад.
Дар ҳошияи баргузории Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон баргузории якчанд чорабиниро оид ба масоили ҳифзи захираҳои обӣ, пиряхҳо ва дурнамои илми криосфера бо ҷалби мутахассисон ва коршиносони дохилию хориҷӣ ба нақша гирифтааст:
22 май озмуни «Беҳтарин тасвир» дар мавзуи «Пиряхҳои Тоҷикистон: зебоӣ ва ҳифзи онҳо», ки доир гардид.
26 май Озмоишгоҳи низоми иттилоотии пиряхҳои Тоҷикистон ва Озмоишгоҳи сифати об, изотопҳо ва санитария кушода мешавад.
27 май конфронси байналмилалӣ таҳти унвони «Омӯзиши вазъи муосири криосфераи Тоҷикистон ва саҳми он дар гидрологияи Осиёи Марказӣ» баргузор мешавад.
29 май чорабиниҳои канорӣ дар мавзуъҳои «Пешрафти омӯзиши криосфераи Тоҷикистон: дастовардҳо ва самтҳои оянда» дар ҳамкорӣ бо Донишгоҳи Осиёи Марказӣ, «Изотопҳо ва технологияҳои муосир дар омӯзиши пиряхҳо» дар ҳамкорӣ бо Агентии байналмилалии энергияи атомӣ, «Илм ва пиряхҳо» дар ҳамкорӣ бо Институти экология ва географияи Синзяни Чин» ва «Форуми минтақавӣ оид ба мониторинги пиряхҳо ва криосфера дар Осиёи Марказӣ» дар ҳамкорӣ бо Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мешаванд.
Дар баргузории ин чорабиниҳо натиҷаи корҳои тадқиқотии олимони дохилӣ ва хориҷӣ табодул ёфта, барои тавсеаи илми криосфера ва глятсиология шароит фароҳам меоварад.
Бояд гуфт, ки соли 2018 бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Маркази омӯзиши пиряхҳо дар назди Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон таъсис дода шуд. Марказ дар самти омӯзиши пиряхҳои ҷумҳурӣ, муайян намудани тавозуни онҳо ва омода намудани Феҳристи пиряхҳои Тоҷикистон бо усулҳои замонавӣ дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд фаъолияти назаррас менамояд.
Убайдулло УБАЙДУЛЛОЕВ,
ходими калони илмии Муассисаи давлатии илмии «Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон»








Устувонаи Куруши Бузург ва Конститутсияи Тоҷикистон ду сутуни як бинои бошукӯҳи давлатдории миллӣ мебошанд
КОНСТИТУТСИЯ ҲАМЧУН КАФИЛИ РУШДИ ҲАМКОРИИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ТОҶИКИСТОН. Мулоҳизаҳо дар ин маврид
НАҚШИ КОНСТИТУТСИЯ ДАР ДАВЛАТДОРИИ МУОСИР. Андешаҳои вакили Маҷлиси намояндагон дар ин маврид
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Ҳамоиши байналмилалии «Ҳафтаи оби Қоҳира-2026» иштирок намуд
САЛОМАТИИ ҶОМЕА — САРВАТИ МИЛЛАТ. Истифодаи никотин ба рушди майна ва қобилияти омӯзиш таъсири манфӣ расонад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Намояндаи Тоҷикистон ба ҳайси раиси Мақомоти ёрирасон ҷиҳати татбиқи Конвенсияи СММ оид ба гуногунии биологӣ интихоб гардид
Моҳи майи соли 2027 Душанбе мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ мегардад
ТАЪРИХИ ПАЙДОИШИ АСЪОРИ МИЛЛӢ. Эҳтироми пули миллӣ эҳтироми миллат аст!






