Марказҳои саратоншиносии Тоҷикистон бо таҷҳизоти пешрафтаи ташхисӣ ва табобатӣ таъмин мешаванд

Май 3, 2025 13:25

ДУШАНБЕ, 03.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. 2 май дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Акадимияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ»-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии донорҳо бо иштироки шарикони рушд баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон хабар доданд.

Ҳадафи асосии вохӯрӣ баррасӣ намудани масъалаи таҷҳизонидани марказҳои саратоншиносии ҷумҳурӣ бо технологияҳои муосир ва омодасозии мутахассисони баландихтисос барои мубориза бо бемориҳои саратон мебошад.

Дар вохӯрӣ масъалаҳои таъмини марказҳои саратоншиносии шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Кӯлоб ва дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ бо таҷҳизоти пешрафтаи ташхисӣ ва табобатӣ, аз қабили дастгоҳҳои рентгенӣ ва суръатфизо мавриди баррасӣ қарор гирифт. Таҷҳизоти мазкур барои ташхиси саривақтӣ ва табобати бемориҳои саратон аҳамияти махсус дорад.

Директори Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ Акбарҷон Муродзода гуфт, ки «бо дастгирии шарикони байналмилалӣ ва АБНА, мо тавонистем як қатор таҷҳизоти муосирро мавриди истифода қарор диҳем, ки сатҳи хизматрасониро ба талаботи сатҳи байналмилалӣ наздик намудааст. Аммо барои пурра таъмин намудани марказҳои минтақавӣ ва баланд бардоштани дастрасии аҳолӣ ба хизматрасонии тиббӣ, дастгирии иловагӣ зарур аст».

Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии АМИТ дар ҳамкорӣ бо АБНА дар доираи лоиҳаҳои байналмилалии TAD6007, TAD6008 ва TAD6009 фаъолона кор бурда, ба тақвияти инфрасохтори марказҳои саратоншиносӣ ва рушди хизматрасонии радиатсионӣ дар Тоҷикистон мусоидат менамояд.


Директори Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии АМИТ Илҳом Мирсаидзода иброз дошт, ки «мо бо шарикони байналмилалӣ ҳамкории зич дорем, то технологияҳои пешрафта ва таҷҳизоти муосирро ба Тоҷикистон ворид намоем. Ин на танҳо ба беҳтар шудани хизматрасонии тиббӣ, балки ба баланд бардоштани бехатарии радиатсионӣ дар мамлакат мусоидат менамояд».

Намояндаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ вобаста Стратегияи миллии мубориза бо бемориҳои ғайрисироятӣ ва барномаи давлатии пешгирӣ ва табобати беморон маълумот дод. Дар ин замина, барномаҳои муштарак бо АБНА ва дигар созмонҳои байналмилалӣ барои ташкили курсҳои омӯзишӣ ва барномаҳои табодули таҷриба амалӣ карда мешаванд.

Шарикони рушд, аз ҷумла намояндагони АБНА ва донорҳои хусусӣ, омодагии худро барои идомаи дастгирии техникии Тоҷикистон дар татбиқи лоиҳаҳои мазкур изҳор намуданд. Онҳо аҳамияти ҳамкорӣ дар мубориза бо бемориҳои саратон ва баланд бардоштани сатҳи саломатии аҳолиро таъкид намуда, иброз доштанд, ки дар оянда низ ба таъмини таҷҳизот ва омӯзиши кадрҳо мусоидат хоҳанд кард.

АКС: Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Май 3, 2025 13:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Аз 1 то 3 май дар баъзе шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон ифлосшавии ҳавои атмосферӣ дар назар аст
Монографияи илмӣ оид ба журналистикаи сайёҳӣ ба нашр расид
«ТОҶИКИСТОНИ МАН!». Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмун ҷамъбаст гардид
Имрӯз дар минтақаҳои доманакӯҳии ноҳияҳои тобеи Тоҷикистон сар задани сел пешгӯӣ мешавад
Сокини ноҳияи Кӯшониён аз ҳар қуттӣ кирмак то 35 килограмм пилла ба даст меорад
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон рӯзона борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар шаҳри Бӯстон доир ба татбиқи лоиҳаҳои муштараки иҷтимоӣ бо соҳибкорон вохӯрӣ баргузор шуд
Дар даҳсолаи охир дар ҷаҳон шумораи одамони бо гуруснагии фалокатбор рӯбарӯ нуҳ маротиба афзоиш ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 29 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Озмуни ҷумҳуриявии «Ҷавонон муқобили коррупсия» баргузор мешавад