Мавсума Муинӣ раисикунандаи гурӯҳи парламентии Кумитаи доимамалкунанда оид ба масъалаҳои иқлим интихоб гардид
ДУШАНБЕ, 02.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. 27 — 28 апрел дар шаҳри Куала-Лумпури Малайзия иҷлосияи 15-уми Ассамблеяи генералии Форуми парламентҳои Осиёӣ оид ба аҳолӣ ва рушд (AFPPD) баргузор шуд, ки дар он муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавсума Муинӣ иштирок намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Маҷлиси намояндагон иттилоъ доданд.
Зимни суханронӣ Мавсума Муинӣ иброз намуд, ки Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2001 инҷониб аъзои Форуми парламентҳои Осиё оид ба аҳолӣ ва рушд (AFPPD) мебошад.
Мавсума Муинӣ оид ба тадбирҳои андешидаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати ҷумҳурӣ ба хотири таъмини риояи ҳуқуқҳои конститутсионии занон, фароҳам овардани шароити муносиби кору зиндагӣ, инчунин таҳкими мақому манзалати онҳо дар ҷомеа сухан гуфта, қонунҳои миллӣ, консепсияю стратегия ва барномаю нақшаҳои миллии дар ин самт қабулшударо муаррифӣ намуд.
«Мо комилан ҷонибдори татбиқи минбаъдаи Барномаи амали Конфронси байналмилалӣ оид ба аҳолӣ ва рушд буда, даъват менамоем, ки бозёфтҳо ва тавсияҳои дар баррасиҳои минтақавӣ бадастомада ба Рӯзномаи Саммити оянда дохил карда шаванд»,- гуфт Мавсума Муинӣ.
Дар иҷлосия ҳайати нави Кумитаи иҷроия интихоб шуда, Мавсума Муинӣ бо ҷонибдории якдилонаи иштирокдорон раисикунандаи гурӯҳи парламентии Кумитаи доимамалкунанда оид ба масъалаҳои иқлими Форуми парламентҳои Осиёӣ оид ба аҳолӣ ва рушд (AFPPD) интихоб гардид.
АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид
ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА НАВРӮЗ ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАД. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар ин мавзуъ
Ҷаласаи навбатии Комиссияи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия доир шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарламентии ИДМ доир шуд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру илова ворид карда шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия созишнома ба тасвиб расид
Нахустин арзишҳои маънавии инсон, заминаи ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва шуур маҳз аз оғӯши модар ташаккул меёбанд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар Маҷлиси намояндагон оид ба аҳаммияти гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим ҳамоиш доир гардид






