Мавзеъҳои зебои Тоҷикистон дар ҳамоиши байналмилалии «Чин-Осиёи Марказӣ» муаррифӣ карда мешаванд

Май 31, 2025 15:06

ДУШАНБЕ, 31.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имсол дар Ҷумҳурии Қазоқистон таҳти унвони «Чин – Осиёи Марказӣ» ҳамоиши байналмилалӣ баргузор мегардад. Дар он мавзеъҳои сайёҳии  Тоҷикистон аз ҷониби  телевизиони CGTN  –и Ҷумҳурии Мардумии Чин муаррифӣ карда мешаванд. Дар ин хусус хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад.

Хабарнигорони шабакаи телевизионии CGTN –и Ҷумҳурии Мардумии Чин бо мақсади аз наздик шинос гардидан бо табиат ва мавзеъҳои сайёҳӣ дар Тоҷикистон қарор доранд.

Дар доираи сафар хабарнигорони чинӣ бо ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва сохтмони роҳҳою нақбҳо аз наздик шинос шуданд. Инчунин ба истироҳатгоҳи «Чорчаман»-и ноҳияи Дарвоз рафтанд.

Ёдовар мешавем, ки соли равон  дар Ҷумҳурии Қазоқистон таҳти унвони «Чин – Осиёи Марказӣ» ҳамоиши муҳими байналмилалӣ баргузор мешавад. Бо назардошти аҳамияти ин рӯйдод ва бо мақсади ба намоиш гузоштани дастовардҳо дар татбиқи эъломияи нахустин ҳамоиш, инчунин имконияти васеи ҳамкорӣ байни Чин ва давлатҳои Осиёи Марказӣ шабакаи телевизионии CGTN тасмим гирифтааст, ки лоиҳаи муштараки таҳқиқотиро таҳти унвони «Саёҳати бузург тавассути Осиёи Марказӣ» дар ҳамкорӣ бо воситаҳои ахбори оммаи пешсафи мамлакатҳои минтақа амалӣ намояд.

Ин лоиҳа моҳҳои май-июн амалӣ мегардад. Ҳадафи он инъикоси равандҳои ҳамкории минтақавӣ, инчунин намоиши саҳми давлатҳо дар таҳкими муносибатҳои дӯстона ва рушди устувор мебошад.

 

АКС: АМИТ «Ховар»

Май 31, 2025 15:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад