«МО ЯК УҚЁНУСЕМ». Фаронса мизбони сеюмин Конфронси СММ оид ба Уқёнус хоҳад буд

ДУШАНБЕ, 23.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. Аз 9 то 13 июни соли 2025 Фаронса мизбони сеюмин Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба Уқёнус (UNOC3) хоҳад буд. Ин вохӯрӣ лаҳзаи ҳалкунанда хоҳад буд: дар шаҳри Нис беш аз сад роҳбари давлат ва ҳукумат, инчунин даҳҳо ҳазор иштирокчиён – олимон, муҳаққиқон, намояндагони бахши иқтисодӣ, фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва шаҳрвандони ҷаҳон гирд меоянд. Фаронса дар ин чорабинӣ ҳадафи равшан: ҳифзи Уқёнусро бо тадбирҳои амалӣ пеш мебарад.
Уқёнус амволи умумии мо аст. Он инсонро бо ғизо таъмин менамояд ва муҳофизат мекунад. Он моро ба орзу ва саёҳат мебарад. Аз он мо неруи устувор, роҳҳои савдо, сарватҳо ва донишҳои илмии бепоён мегирем.
Ҳар сеюмин инсони сайёра барои зиндагӣ ба Уқёнус вобаста аст, вале худ дар хатар қарор дорад. Ин фазо то ҳол пурра омӯхта нашудааст ва он на низоми глобалии идоракунӣ дорад, на маблағгузории кофӣ барои муҳофизати он. Шумораҳо нигаронкунандаанд: тибқи таҳқиқоти маҷаллаи Science ҳамасола зиёда аз 8 миллион тонна пластик ба Уқёнус партофта мешавад. Иловатан ба ин, истифодаи беш аз ҳад, ки зиёда аз сеяки захираҳои моҳиро фаро мегирад ва инчунин баландшавии сатҳи баҳр ва вайроншавии экосистемаҳои баҳрӣ. Ва ҳамаи ин омилҳо бо суръати бештар пеш мераванд ва оқибатҳои мустақими тағйирёбии иқлим мебошанд.
Вақти амал фаро расидааст. Мо бояд иқдоми муштаракро ба сатҳи масъалаҳои воқеӣ бирасонем.
Даҳ сол пас аз COP21 ва Созишномаи Париж, ки чаҳорчӯбаи ҳуқуқии ҷаҳониро барои маҳдуд кардани гармшавии глобалӣ муайян намуд, UNOC3 як фурсати таърихӣ аст. «Созишномаҳои Нис» метавонанд ба паймони байналмилалии ҳифз ва истифодаи устувори Уқёнус мубаддал гарданд. Ин паймон ба Ҳадафҳои Рушди Устувор (ҲРУ), ки соли 2015 аз тарафи Созмони Милали Муттаҳид қабул шуда буд, мувофиқат менамояд.
Барои расидан ба ин ҳадаф муҳокимаҳо дар шаҳри Нис бояд амалӣ ва ба амал нигаронида шаванд. Зарур аст, ки барои идоракунии беҳтар маблағгузории бештар ва шинохти амиқтари баҳр кор карда шавад.
Дар мавриди идоракунӣ. Созишнома оид ба ҳифзи гуногунии биологии уқёнуси кушод (BBNJ) воситаи асосӣ маҳсуб мешавад. Уқёнуси кушод, ки зиёда аз 60% уқёнусҳоро дар бар мегирад – ҳоло ягона фазоест, ки аз ҷониби ҳуқуқи байналмилалӣ танзим карда намешавад. Надоштани назорат ва қоидаҳои умумӣ ба фоҷеаи иҷтимоӣ ва экологӣ оварда мерасонад: ифлосшавии шадиди об бо нефт ва пластик, моҳидории ғайриқонунӣ, боздошти ҳайвоноти баҳрии муҳофизатшаванда. Барои бартараф кардан ва ба иҷро даровардани ин зарур аст, ки на камтар аз 60 кишвар созишномаро ба тасвиб расонанд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад то 9 июн созишномаро тасвиб намояд. Ҳоло бештар аз ҳарвақта мо бояд якҷо талош намоем ва UNOC3-ро ба гардиши воқеӣ табдил диҳем. Мавқеи шумо барои идоракунии устувори уқёнуси кушод ҳалкунанда аст. Фаронса бо ифтихор Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба шаҳри Нис ҳамчун роҳбари ҷонибдори ҳифзи Уқёнус – барои таҷлили шуруи иҷрои Созишномаи BBNJ даъват менамояд. Мо бо умеди иштироки шумо ҳастем.
Ҳифзи Уқёнус ҳамчунин талоши ҷалби сармояи давлатӣ ва хусусӣ ва дастгирии иқтисоди «сабз»-и устуворро талаб менамояд. Барои истифодаи фурсати иқтисодии бузурги Уқёнус зарур аст, ки захираҳои баҳрӣ қобили барқароршавӣ бошанд. Дар шаҳри Нис якчанд уҳдадориҳо дар самти савдои байналмилалӣ, нақлиёти баҳрӣ, сайёҳӣ ва сармоягузорӣ эълон хоҳанд шуд.
Чӣ гуна метавон чизеро муҳофизат кард, ки мо онро намешиносем ва ё дар борааш маълумоти кофӣ надорем? Мо бояд донишҳои илмии марбут ба Уқёнусро зиёд кунем ва онро ба ҷомеа васеътар паҳн намоем. Имрӯз мо қодирем рӯи Моҳ ё Марсро харитакашӣ кунем, вале таҳти уқёнусҳо барои мо то ҳол норавшан боқӣ мондааст. Ҳол он ки онҳо 70%-и Заминро дар бар мегиранд! Биёед якҷоя илм, навоварӣ ва маорифро равона намоем, то Уқёнусро беҳтар дарк намуда, ҷомеаро бештар огоҳ намоем.
Дар шароите, ки тағйирёбии иқлим суръат мегирад ва захираҳои баҳрӣ беш аз ҳад истифода мешаванд, Уқёнус на танҳо масъалаи ҷудогона, балки масъалаи ҳамагонӣ аст. Заиф шудани бисёр ҷанбаҳои ҷаҳонӣ набояд моро аз масъулияти умумӣ дур кунад. Уқёнус риштаи умумии мост ва он дар маркази ояндаи мо аст. Биёед якҷоя UNOC3-ро ба гардиши таърихӣ табдил диҳем – барои халқҳои мо, барои наслҳои оянда ва барои сайёраи мо.
Элза ПИНЙОЛ,
Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳуии Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон