Муносибатҳои байнипарлумонии Тоҷикистон ва Малайзия баррасӣ шуданд
ДУШАНБЕ, 01.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар Малайзия мулоқоти муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавсума Муинӣ бо муовини Раиси Сенати Малайзия Датук Нур Ҷазлан бин Тан Шри Муҳаммад баргузор шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Маҷлиси намояндагон хабар доданд.
Мавсума Муинӣ иброз намуд, ки парлумони Тоҷикистон ба ояндаи неки ҳамкории созандаи байни мамлакатҳо назари нек дошта, омода аст минбаъд низ робитаҳои дӯстона ва шарикии ҳамаҷонибаро бо Малайзия дар ҳамаи бахшҳо – иқтисодиёту иҷтимоиёт, илму маориф, фарҳангу маънавиёт, соҳибкориву сармоягузорӣ, саноату технологияҳои рақамӣ ва дигар самтҳо таҳким бахшад.
Муносибатҳои байнипарлумонии Тоҷикистону Малайзия, ки ҳадафи он тавсеаи ҳамкорӣ дар ҳамаи бахшҳо мебошад, барои густариши муносибатҳо байни Тоҷикистон ва Малайзия шароити мусоид фароҳам меоварад. Гурӯҳи дӯстӣ байни Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Девон Ракияти (Парламент)-и Малайзия ба ин ҳамкорӣ вусъати тоза хоҳад бахшид.
АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру илова ворид карда шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия созишнома ба тасвиб расид
Нахустин арзишҳои маънавии инсон, заминаи ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва шуур маҳз аз оғӯши модар ташаккул меёбанд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар Маҷлиси намояндагон оид ба аҳаммияти гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим ҳамоиш доир гардид
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома ба тасвиб расид
Дар Маҷлиси намояндагон бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ ҳамоиши идона доир шуд
Вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаҳои муштараки зимистонаи Ассамблеяи парлумонии САҲА иштирок намуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар Маҷлиси намояндагон муҳокимаи парламентӣ баргузор гардид
ИЛМУ МАОРИФ БА ОЯНДАИ БОСАОДАТИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ ТАВЪАМ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ






