Наваскарони қисми низомӣ дар ноҳияи Лахш савганди садоқат ба Ватан ёд намуданд
ЛАХШ, 12.05.2025 /АМИТ«Ховар»/. Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар ноҳияи Лахш маросими савгандёдкунии сарбозон баргузор гардид. Дар ин хусус ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Лахш хабар доданд.
Маросими савгандёдкунии наваскарони қисми низомӣ дар асоси муқаррароти Оинномаи сафороии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон бо даровардани Байрақи ҷангӣ ва садо додани Суруди миллӣ оғоз гардид.
Ҳар аскар дар назди масъулини роҳбарикунандаи қисми ҳарбӣ ва падару модарон савганд ёд намуда, қавл дод, ки сарбози содиқу бошарафи Ватан гардида, на танҳо давоми хизмат, балки тамоми умр барои таъмини суботу амнияти мамлакат хизмат менамояд. Зеро ҳимояи давлату ҷомеа ва таъмини амнияти шахс вазифаи сарбозони Ватан — ҷавонони бонангу ор мебошад. Аскарон садоқату самимияти худро зери Байрақи ҷангии қисми ҳарбӣ бо ибораи басе пурифтихор- хизмати содиқона ба халқу Ватан ифода карданд. Сипас, бо шараф хондан ба Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ изҳор доштанд, ки дар ин роҳи пуршараф ва боиси ифтихору сарфарозӣ қадамҳои устувор гузошта, хизмати масъулиятноки низомиро сарбаландона пеш мебаранд.
Наваскарон давоми хизмати ҳарбӣ меъёрҳои оинномавӣ ва дигар уҳдадориҳои ҳарбиро аз худ карда, барои ёд намудани Савганди ҳарбӣ омода шудаанд. Аскарон Савганди ҳарбӣ ёд мекунанд ва ҳамчун сарбозони комилҳуқуқи Артиши миллӣ тамоми вазифаю уҳдадориҳои ҳарбию хизматиро мустақилона иҷро менамоянд, зеро то аскар Савганди ҳарбӣ ёд накунад, наметавонад уҳдадориҳои ҳарбияшро иҷро намояд.
Бояд гуфт, ки савганди ҳарбӣ ҳар сарбозро водор мекунад, ки давоми хизмати ҳарбӣ бо номуси фарзандӣ ва ғурури ҷавонмардона вазифаи конститутсиониашро сарбаландона адо намояд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Лахш








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






