Озмуни экологии «Моҳи ҳифзи пиряхҳо 2025» ҷамъбаст гардид

Май 5, 2025 15:50

ДУШАНБЕ, 05.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. 3 май бо ташаббуси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор озмуни экологии «Моҳи ҳифзи пиряхҳо 2025» ҷамъбаст гардида, ғолибон ва иштирокчиёни фаъол қадрдонӣ карда шуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ин кумита иттилоъ доданд.

Озмуни экологӣ ба Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо, ки  29-31 май дар шаҳри Душанбе доир мегардад, бахшида шуд.

Ташкилкунандагони озмуни экологӣ ҳадафи онро ҷалби ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ҳалли масъалаҳои экологӣ, хусусан тағйирёбии иқлим, гармшавии глобалӣ, хушксолӣ, обшавии пиряхҳо ва ҳифзи манбаъҳои об унвон намуданд.

Бояд гуфт, ки Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар мулоқоти якуми Панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои обу иқлим 3 марти соли 2021 пешниҳод намуданд, ки соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва 21 март Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо эълон  карда шаванд. Ин  пешниҳод  14 декабри соли 2022 дар Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид зимни иҷлосияи 77-ум бо ҷонибдории 153 мамлакати аъзои Созмони Милали Муттаҳид бо қатъномаи махсус пазируфта шуд.

Мувофиқи ин қатънома, 29-31 майи соли 2025 пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон — шаҳри Душанбе мизбони Конфронси байналмилалии ҳифзи пиряхҳои Созмони Милали Муттаҳид мегардад. Ин ҳамоиш имконияти хуб барои муаррифии иқтидори илмӣ ва имконияти бунёдии Тоҷикистон дар масъалаи ҳифзи пиряхҳо хоҳад буд.

АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 5, 2025 15:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад