Озмуни ҷумҳуриявии «Дизайнер ва барномасози беҳтарин» баргузор гардид

Май 22, 2025 14:39

ДУШАНБЕ, 22.05.2025. /АМИТ «Ховар»/.  Дар доираи Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ва Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия эълон гардидани солҳои 2025-2030 дар Донишгоҳи давлатии омӯзгорӣ маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Дизайнер ва барномасози беҳтарин» байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дарёфти «Ҷоми ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ» баргузор гардид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» аз ин донишгоҳ.

Дар озмун 13 донишҷӯ соҳиби ҷойҳои якум, дуюм ва сеюм гардиданд. Довталабони озмун корҳои омӯзишию эҷодиро дар барномаҳои компютерӣ нишон дода, супоришҳои аъзои комиссияро иҷро намуданд.

Озмун бо иштироки 60 донишҷӯи муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи чор номинатсия: барномасозӣ бо татбиқи забонҳои муосири барномасозӣ,  рақамикунонӣ ва иқтисодиёти рақамӣ, дизайнер ва сомонасозӣ бо татбиқи технологияи муосир ва ихтироот ва навоварӣ гузаронида шуд.

АКС: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ

Май 22, 2025 14:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар