Пагоҳ дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Форуми II иқтисодӣ баргузор мешавад
ДУШАНБЕ, 27.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. Ба муносибати Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон 28 май Форуми II иқтисодӣ таҳти унвони «Самтҳои афзалиятноки рушди иқтисоди миллӣ» баргузор менамоянд.
Тавре ба АМИТ “Ховар” аз Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон хабар доданд, дар форум намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, бахши хусусӣ ва олимони соҳаи иқтисод иштирок менамоянд.
Ҳадафи асосии форум муайян намудани самтҳои муҳими рушди иқтисоди миллӣ дар замони тағйирёбии иқлим, тақвияти ҳамкорӣ байни бахши давлатӣ ва хусусӣ, инчунин мусоидат ба устувории иқтисодӣ бо дарназардошти масъалаҳои муҳити зист ва ҳифзи пиряхҳо арзёбӣ мегардад.
АКС аз бойгонӣ








Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
АЗ ДИРАФШИ КОВИЁНӢ ТО ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ. Мулоҳизаҳо доир ба оини парчамдории тоҷикон дар масири таърих
Дар Ваҳдат Фестивали намоиш – фурӯши чорвои зотӣ баргузор гардид
Дар Душанбе ҳамоиши ҷавонони соҳаи геология баргузор гардид
МегаФон Тоҷикистон: МегаҚувва гигабайтҳоро дучанд менамояд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид






