РӮЗИ ҶАҲОНИИ ОФТОБ. Дар оянда энергияи офтобӣ ба табадуллоти оммавӣ расида, тамоми ҷузъиёти инсониро фаро мегирад
ДУШАНБЕ, 03.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. 3 май дар саросари ҷаҳон дӯстдорони астрономия Рӯзи ҷаҳонии Офтобро ҷашн мегиранд. Рӯзи Офтоб нахустин маротиба соли 1994 бо ташаббуси бахши аврупоии Ҷамъияти байналмилалии энергияи офтоб таҷлил шуд. Дар ин робита мухбири АМИТ «Ховар» бо ходими калони илмии Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Фирӯза Раҳматуллоева суҳбат намуд. Номбурда вобаста ба мавзуи мавриди назар чунин ибрози назар кард:
— Офтоб ягона ҷирми осмоние мебошад, ки ба тамоми мавҷудоти рӯи сайёраи Замин ҳаёт мебахшад. Офтоб дар ҳаёти инсоният нақши муҳим дорад.
Астрономияи муосир ба мо имкон дод, ки равандҳои Офтобро омӯзем ва чи гуна пайвастагии ӯро ба инсон исбот намоем. Фаъолнокии Офтоб ба ҳолати системаҳои техникӣ, инчунин саломатӣ ва ҳаёти одамон таъсир мерасонад. Энергияи Офтоб барои зиндагии ҳаррӯзаи инсоният мусоидат менамояд. Бо раванди тараққиёт энергияи Офтобро ба бузургтарин сарфи манбаи гармӣ, ҳаракат ва инноватсия табдил додаанд.
Дар вақтҳои охир истифодаи энергияи офтоб торафт пурқувват шуда истодааст. Зеро энергияи офтоб як навъи энергияи тоза ва арзон ба ҳисоб меравад ва ба баланд шудани нархи дигар навъҳои энергия вобастагӣ надорад, чунки манбаи озоди табиат аст.
Имрӯз шумораи зиёди маҳсулоти гуногун истеҳсол карда мешаванд, ки бо батареяҳои офтобӣ кор мекунанд ва имкон медиҳанд, ки аз истихроҷ ва сӯзондани сӯзишвории заҳролуд табиату ҳавои сайраи Заминро ҳифз намонд. Дар оянда энергияи офтобӣ ба табадуллоти оммавӣ расида, тамоми ҷузъиёти инсониро фаро мегирад.
Бо дарназардошти иқлими мусоиди Тоҷикистон, ки дар як сол 280-330 рӯзи офтобӣ дорад, имконияти истифодаи энергияи офтобӣ ҳамчун энергияи барқароршаванда хеле мусоид ва манфиатбахш мебошад.
Ба андешаи коршиносон, иқтидори тавлиди энергияи офтобии Тоҷикистон қариб 25,16 миллиард кВт/соат дар як солро ташкил дода, 10–20 фоизи талаботи хоҷагии миллӣ ба ҳомили энергия ва 60–80 фоизи талаботи умумии аҳолиро ҳадди ақал давоми 10 моҳ дар як сол, дар тамоми ҳудуди ҷумҳурӣ қонеъ гардонида метавонад.
Мавриди ёдоварист, ки 24 майи соли 2024 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» барои бунёди аввалин корхонаи истеҳсоли таҷҳизоти панелҳои офтобӣ санги асос гузоштанд. Фаъолияти ин корхона ба истеҳсоли таҷҳизоти панелҳои офтобӣ равона карда шуда, барои расидан ба ҳадафҳои Стратегияи рушди иқтисоди «сабз» тавассути бунёди неругоҳҳои барқӣ аз ҳисоби манбаъҳои барқароршавандаи энергия ва то соли 2030 ба ҳаҷми на кам аз 1000 мегаватт расонидани иқтидорҳои алтернативии истеҳсоли энергияи «сабз» заминаи мусоид фароҳам меорад.
Тоҷикистон дар байни давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз ҷиҳати истеҳсоли неруи барқи тоза ҷои аввалро мегирад. Зеро дар ҷумҳурӣ тавлидкунандаи асосии неруи барқ неругоҳҳои обӣ буда, сол то сол ба истифодаи дигар манбаъҳои барқароршавандаи энергия, мисли энергияи офтоб ва бод низ таваҷҷуҳ зиёд зоҳир мешавад.
Офтоб як ситораи бузурге ҳаст, ки дар он реаксияҳои пурқуввати синтези ядроӣ ба амал меоянд, ки дар натиҷа ҳидроген ба гелий табдил меёбад. Маҳз ҳамин табадулот ба сайёраи мо гармию сафо бахшида, мавҷудоти зинда ва биологии сайраи моро фароҳам меорад. Аммо, қувваи Офтоб пурқувваттарин аст, тағйирёбии шадиди ҳарорати ӯ боиси пайдоиши ҷараёнҳои бузурги газҳои турбулентӣ мегардад, ки дар рӯи Замин дар шакли доғҳо ва дурахшҳо пайдо мешаванд.
Якҷоя бо ин нурпошиҳои азим аз қаъри Офтоб ба сатҳи он миқдори зиёди моддаҳои гарми офтобӣ мебароянд, ки баъд ба фазои коинот, аз он ҷумла ба самти Замин партоб мешаванд. Ин моддаи шуоъдиҳандаи радиатсияи электромагнитӣ, нурҳои зарраҳои энергияи баланд ва нурҳои кайҳонии офтобро шамоли офтобӣ меноманд. Атмосфераи Замин аз радиатсияи Офтоб муҳофизат мекунад ва майдони магнитии Замин заррачаҳои заряднокро дар атрофи сайёраи мо дур месозад.
Раъно НУСРАТУЛЛО,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз








Қувваҳои Мусаллаҳ — сипари боэътимоди давлату миллат ва ҳифзи амнияту субот
ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Он на танҳо сохтори низомӣ, балки рамзи мавҷудияту бақои давлат аст
23 ФЕВРАЛ — РӮЗИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Артиши миллӣ 33 сол боз амнияту оромии давлат ва ҷомеаро ҳифз менамояд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Башаклдарории дарахтони донакдор моҳи феврал гузаронида мешавад
Нақши Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити тағйирёбии ҷаҳони муосир муассир аст
Риояи қонуни танзими ҷашну маросим омили сарфакорӣ ва таҳкими маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон мебошад
АРТИШИ МИЛЛӢ — СИПАРИ БОЭЪТИМОДИ ДАВЛАТДОРӢ ВА РАМЗИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ТОҶИКОН. Эҳдо ба 33-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон
21 ФЕВРАЛ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАБОНИ МОДАРӢ. Тоҷикистон баробарҳуқуқии забонҳоро эътироф менамояд
Артиши миллии Тоҷикистон неруи пояндаи давлату миллат мебошад
Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон дар таъмини амну суботи ҷомеа нақши калидӣ доранд
Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон кафили суботу амният ва таъминкунандаи рӯзгори босаодати мост
АРТИШИ МИЛЛӢ-ОМИЛИ УСТУВОРИИ ДАВЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон






