САДРИДДИН АЙНӢ ВА ИНҚИЛОБИ МАДАНӢ

МУҚАДДИМА
Муҳимтарин масъалае, ки устод Садриддин Айнӣ ҳаёти худро ба ҳаллу фасли он сарф намудааст, тарғиби зарурати донишандӯзӣ, маърифаткунонии саросарӣ, ташвиқи оммаи мардум барои расидан ба истиқлоли руҳиву равонӣ ҷиҳати ноил гаштан ба пирӯзии инқилоби маданӣ, таъсис, рушд ва пойдории давлати миллии тоҷикон буд.
Мутаассифона, дар шароити кунунӣ, агар бо такя ба принсипи таърихии дарки воқияти ҳастӣ муҳокимаронӣ кунем, раванди ташаккули мафкураи қисме аз насли ҷавон самти диалектикии инкори баръакс – буҳрони хавфноктар аз замони Айниро касб кардааст.
Ҷаҳонбинӣ ва идеологияи хурофотӣ сабаб гашт, созмонҳои экстремистиву террористӣ давра ба давра шакл бигиранд. Ҳалқаҳои махфии он тамоюл ва имконоти барои давлати миллӣ хатарзои афзояндаро аз худ нишон диҳанд.
Ин ҷараёнҳои махлут бо ифротгароӣ дар ягон давр чунин вусъати паҳншавӣ надоштанд, агар даҳшати замони ҷанги шаҳрвандиро истисно кунем.
Омилҳои аслии фоҷиа аз камбуди тарбия дар шароити оила (1), нотавонии мактаб (2), заифии муҳити маънавӣ (3) ва инфрасохтори ташаккули ҳисси ватандории баробарвазн ба ҷаҳонбинии таассубгароёна (4), адами масунияти (иммунитети) ақидавӣ дар муқобили таҳрики ғояҳои зиддимиллӣ (5) сарчашма мегиранд.
Маълум аст, ҷаҳонбинӣ маҷмуи систематикунонидашудаи муҳтавои руҳи инсон – ангезандаи вокуниши амалии ӯ нисбат ба муҳити атроф аст. Маҳз ҳамин ҷавҳар воқеиятро ба тарзи идеалӣ дар худ инъикос мекунад. Баҳогузорӣ, ҳамзамон нақшаи тағйири онро тарҳрезӣ менамояд. Тимсоли (образи) вазъ ва намунаи ояндаи чунин дигаргуниро дар ақли худ ҷой медиҳад. “Мебинад”. Роҳу восита ва усули бамақсадрасиро интихоб мекунад.
Бидуни шак, тафсири мазкур ифодаи классикии таърифи шинохти табиат, ҷамъият ва тафаккур аст. Муҳим ба назар мерасад, ки ҳангоми арзёбии инкишофи ҷаҳонбинии узви ҷомеа, дар маҷмуъ, шуури ҷамъиятӣ, формулаи ёдшуда мадди назар гирифта шавад. Махсусан, вақте сухан дар бораи ҷараёни ифротишавии ҷомеа, оқибатҳои на чандон дур ва агар пешгирӣ нашавад, фоҷиабори он равад.
Адабиёт муҳимтарин воситаи ташаккули руҳ, ҷаҳонбинии воқеӣ – муассиртарин василаи сохтани давлати миллӣ аст. Агар ин амал бо дарки интихоби мавзуи рӯз, ҳамчун ниёзи иҷтимоӣ – таърихӣ, мақсаднок, устодона, нишонрас, ба умеди ноил гардидан ба натиҷаи меҳнати нависанда тарҳрезӣ ва анҷом шавад. Чуноне ки мо онро дар эҷодиёти устод Садриддин Айнӣ мебинем.
Мавзуи баҳси мо, тавассути хотиррасон кардани заҳматҳои эҷодии ин нобиғаи илм ва каломи бадеӣ, кӯшиши наздик кардани адибон ва адабиёти муосир ба дарки ҳолати буҳронии руҳиву равонӣ ва воқеияти вазъи маънавии қисме аз аъзои ҷомеаи имрӯза мебошад. Зеро муътақид ҳастем: “Суханҳо ҳеҷ арзише надоранд, агар идеяҳоро ифода намуда, бо далелҳо зарурат ва ҳақиқати онҳо исбот нагарданд” (В.Г. Белинский. Собрание сочинений. Т.8. – М.: 1982. – С.107).
ЗАРУРАТИ ИҶТИМОИИ АЙНИШИНОСӢ
Аз давраи ба истиқлоли давлатӣ расидани миллати тоҷик чанд даҳсола сипарӣ гашт.
Таърихи навтарин бори дигар исбот кард, халқ замоне соҳибдавлат мегардад, ки зарурати ногузир ва бебозгашти аз кашмакашҳои дохилии ҷомеа раҳо шудани хешро ба куллӣ эҳсос намояд (1), руҳ, маънавиёт ва соҳибиродагии сиёсӣ нишон диҳад (2), шароити таърихӣ ба он созгор ояд (3) ва сарвари қудратманди дорои сифатҳои фавқулода дошта бошад, ки таъсис, ташкил ва раҳбарии давлатро ба уҳда бигирад (4), дар фаъолияти сиёсӣ нақша ва ормонҳои тамаддунии миллатро собитқадамона амалӣ созад (5).
Ба бахти таърихии халқи тоҷик дар вазъи фоҷиабор, ки Тоҷикистон на ҳамчун мафҳуми ҳуқуқии давлат, балки дар доираи истилоҳи ҷуғрофиёии мамлакат ҳанӯз ҳам арзи ҳастӣ менамуд, Пешво, саробон ва роҳнамои худро пайдо кард.
Ӯ тавонист шароит, захираҳои маънавӣ ва моддии мардуми хешро ба хотири барқарории давлат, таъмини сулҳу субот, рушду тараққии он хирадмандона сафарбар кунад. Давлати мустақили барои таъмини ниёзҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва маданӣ комгор ва дар муносиботи байналхалқӣ соҳибихтиёр барпо намояд. Ба тарзи дигар, бунёди муассисаи ҷавобгӯ ба манфиатҳои миллиро, бо назардошти шароити рақобатҳои пешгӯинашавандаи геополитикӣ, асос гузорад ва устувор созад.
Дуруст аст, “ёдоварии давлат набояд чизи дигаре бошад, ғайр аз рӯйдодҳои муассир. Давлат муҳокимаронӣ намекунад. Ҳарф намезанад. Аз худ фаъолияти натиҷаманд нишон медиҳад”. (В.Г. Белинский. Т.4. – М.: 1954. – С.7). Ин аст табиати таъйиноти принсипалӣ ва императивии давлат.
Аммо яке аз классикони фалсафаи эмпиризм меомӯзад: “Инъикоси табиатро дар тафаккури инсон бояд на ба тарзи “шахшудамонда”, на ба тарзи “номуайян”, на бидуни ҳаракат, на бидуни зиддият, балки дар шакли абадии ҳаракат, рух додани зиддиятҳо ва ҳаллу фасли онҳо фаҳмидан лозим аст” (Иқтибос аз асари Л. Живкович. Теория социального отражения. –М.: Прогресс, 1969. – С. 49).
Собиқ давлати пуриқтидори дар шашяки рӯйи замин истиқрор, ин қонунмандии диалектикиро сарфи назар кард. Шикаст хӯрд. Аз харитаи сиёсии олам нопадид гашт.
Дар алоқамандӣ бо чунин воқеият, дар шароити кунунӣ масъалаи ҳифз ва афзун гардонидани дастовардҳои муҳимми замони Истиқлол аз мавзуъҳои марказии давлатдорӣ ба ҳисоб меравад.
Аммо дарки ҳақиқати воқеӣ ва тибқи он ноил гаштан ба пешрафт ва муваффақият, дар раҳи рост муяссар намегардад. Тибқи ифодаи мантиқии Аристотел дар асари машҳураш “Сиёсат”, давлат мебояд раванди ташаккули мафкураи сиёсии аҳли ҷомеаро мадди назар бигирад. Ба он таъсиргузор бошад.
Дар ин маврид, формулаи ҳолати муайянкунандагӣ доштани ҳастӣ нисбат ба руҳ ва ҷаҳонбинӣ, зуҳуротеро касб кардааст, ки мутаассифона, дараҷаи донишу хиради қисме аз аъзои ҷомеаи мамлакатҳои мусулмоннишин ба фаҳми муҳтавои найрангҳои геополитикӣ намерасад. Ба осонӣ, дар кӯтоҳмуддат онҳоро раҳгумзада мекунонад. Аз манзалати истифодабаранда ва ҳимоякунандаи манфиатҳои миллӣ, “дареғу дард, ки ғофил зи кори хештан” (Ҳофиз), ба унсури истифода ва роҳбаришаванда ҳамчун усулу восита мубаддал мегардад.
Ба ин мантиқ, сухани Уинстон Черчил шоистаи ёдоварист. Ӯ дар оғози Ҷанги дуюми ҷаҳон, дар хусуси нафари ташаббускори он, бо таассуфу нафрат, изҳор дошта буд: “Бубинед, як ефрейтор тамоми дунёро ба даҳшат овард”.
Сухан сари муаммоест, ки ҳамагӣ чанд ашхоси ҷаҳолатпешаи аз мантиқи миллат ва манфиатҳои миллӣ, давлат ва давлтадорӣ ноогоҳ, бар болои “ҷумҳурии мардумаш саросар босавод”, чунон мушкил эҷод карданд, ки ҳазорон назариётчӣ, олим, мутафаккир ва сиёсатмадору давлатдор дар посухгӯйӣ ба он суолот лол монданд.
Сабаби ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон низ, аз ҳамин ҳақиқат иборат буд.
Боиси таассуф аст: “Таърих ба инсон меомӯзад, ки инсон аз таърих чизеро намеомӯзад” (Г.В.Ф. Гегель. Лекции по философии. – Санкт-Петербург: 2000. – С. 55).
Акнун ҳамарӯза шоҳиди он муаммое ҳастем, ки ҷаҳолат, таассуб, торикӣ, бефарҳангӣ, нодонӣ, чорагарӣ, бедонишиву носипосӣ, осоиш аз омӯхтан, илмситезӣ ва натиҷаи он оҳарманӣ – ҳанӯз ҳам дар ҳазор шакли хурофот дар муқобили сохти давлтадорӣ, донишситоӣ, ақлгароӣ, нексиголӣ, додгарӣ, ватанпарварӣ, хидматгузорӣ ба халқу миллат, рисолатшиносӣ, ҳушмандӣ, балоғатсолорӣ, номусгароии аҳли Аҷам муборизаи ошкору пинҳон мебаранд. Дар олами ғаразпарвар растагор меҷӯянд. Пуштибон меёбанд. Гоҳе муваффақ ва дастболо мешаванд.
Тули асрҳо мушкили аслӣ ва фоҷиабори миллати тоҷик ҳамин буд ва ҳаст.
Ба ҳамаи ин суолҳо дар осори ҷовидонаи Садриддин Айнӣ посух ёфтан мумкин аст. Онҳо дастур ва роҳнамои маорифи халқ мебошанд, на танҳо барои Вазорати маориф.
САДРИДДИН АЙНӢ – САРЧАШМАИ МАЪНАВИИ ТАЪСИС ВА ТАҲКИМИ СОХТИ ДАВЛАТДОРӢ
Масъалаи муҳтаво, руҳ, мантиқ, мундариҷа ва маънавиёти миллӣ истилоҳоти мураккаб ҳастанд. Агар мо онҳоро ҳамчун мафҳум, категория ё дефинитсия истифода карданӣ бошем. Агар мо бо ин “силоҳ” вориди баҳс шуданӣ бошем.
Дар яке аз мусоҳибаҳои охирин, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, мунаққиди барҷаста Соҳиб Табаров коромад, сифат, мундариҷаи адабиёти пешин ва муосирро бо ҳам муқоиса карда, аз ҷумла, мегӯяд:
“…бо вуҷуди ин мани 23-соларо соли 1947 ба аъзогии Иттифоқи нависандагон пазируфтанд. Он вақт иттифоқ 33 аъзо дошт. Ҳоло 400-500. Он вақт ҳар сол, аққалан, 10-15 асари нағз ба дасти хонанда мерасид. Аммо имрӯз дар 10-15 сол як асари хуб ҳам ба майдон намеояд. Имрӯз ҳама узви Иттифоқ…
Канӣ шумо ду се адиби замони Истиқлолро ба ман гӯед, ё китобашро ба ман оред… ман кӯру кар. Асарашро баланд – баланд хонед. Ман фаҳмам. Ана баъд мебинем. Наметавонед! Зеро нест!” (Ҳафтаномаи “Тоҷикистон”, №15. 15.04.2015)
Ба гуфти В.Г. Белинский, асар ҳамон аст, ки хонанда онро на кам аз ду бор, батакрор, бо иштиёқ хонад. Ва ба дигарон бо завқи баланд қисса намояд.
Дар муддати сад соли мавҷудияти Тоҷикистон ҳамчун истилоҳи сиёсӣ, муҳтаво ва ҷараёни ташаккулёбии шуури миллӣ аз мавзуъҳои марказии қаламбадастони ватанпараст маҳсуб мегардид.
Сарфи назар аз камбудиҳо, адабиёти бадеӣ, матбуот, васоити ахбори умум, дар маҷмуъ, дар ин ҷараёни масъулиятноки таърихӣ нақши мусбат доштанд.
Албатта, иҷрои муваффақонаи ин вазифа кори саҳл нест.
Қудрати нависанда, тавоноии ӯ дар истеъдод (1), донишу хирад ва фазилати (2) ӯст. Асоснокии ин фарзияро академик будани нависандагони бузург Садриддин Айнӣ, Мирзо Турсунзода, Чингиз Айтматов ва баъзе аз қаламкашони сатҳи ҷаҳонӣ тасдиқ мекунад.
Адабиёт илм аст. Нависандаи ҳақиқӣ олим. Ӯ медонад, ки адабиёт ҳам шакли фаъолияти пурмуҳтавои ҷомеаи инсонист. Мақсад аз он омӯхтан, тадқиқи оламу одам, тафаккур, равандҳои ҷомеа, ҷараёнҳои табиат ва қонунмандиҳои тараққиёти онҳост. Баръакс, ба адабиёти воқеънигорӣ ҳеҷ зарурат намемонд, агар байни зуҳурот ва моҳияти раванди ҳастии ҷамъиятӣ номуайянӣ, нофаҳмӣ, мавҳум ва тазод вуҷуд намедошт.
Шарт нест, ки адиб аз доираи салоҳияти худ берун ва ба илм машғул шавад. Не. Аммо ӯ бояд донишманд, то дараҷае энсиклопедист бошад. Дар ин маврид, дониш ба сифати тасаввуроти илмӣ мадди назар аст. Агар хоҳад, ки асари хотирмон ва барои ҷомеа судманд эҷод намояд, то “аз боду борон, наёбад газанд”.
Бартарии Садриддин Айнӣ дар кори эҷодӣ, дар замири як шахс тавъам омадани хотироти таърихӣ, истеъдоди камназири нависандагӣ бо донишманди бузурги илмҳои таърих, мардумшиносӣ, забоншиносӣ, адабиётшиносӣ ва руҳшиносист. Баркамолӣ ва безаволии асарҳои бадеии ӯро низ сабаб ҳамин аст. Ин хосиятро дар ҳар шакл нависандагони машҳури олам, аз ҷумла, Уилям Шекспир (1564 -1616), Иоган Волфанг Гёте (1749 – 1832), Оноре де Балзак (1799 – 1850), Лев Толстой (1828 -1910), Робендранат Такур (1861 — 1941) нишон дода буданд.
Бидуни шак, Садриддин Айнӣ аз ҷумлаи онҳост. Ҳамзамон, афзалияти ин абармард нисбат ба дигарон дар матонат, ҷасорат, аз худ гузаштанҳо, мубориз будан ва руҳияи инқилобӣ доштани ӯст.
Садриддин Айнӣ медонист, ки натиҷаи муборизаи ҳазорсолаи миллати тоҷик ба муқобили нимғуломдорӣ тавассути Инқилоби Бухоро, мисли ҳадяи таърих ба орзуву омол ва фаъолияти ҷоннисоронаи халқи ӯ амалӣ гардид. Мутафаккир, ҳамчун фарзанди намаксипос, ки аз хислатҳои ҳамидаи халқи бузургаш аст, ин инқилобро бо ташбеҳи “машъали рахшони адолат” ва “мурғи ҳумо” васф кард. Ҷавонмардона, бе дудилагӣ дар олами ақибмондаи хатарнок, пешгӯинашавандаи сиёсӣ ва иҷтимоии асримиёнагии Шарқ, худро шогирди чилсолаи Инқилоб эълон намуд. Инқилобе, ки асли онро дунявият ташкил мекард.
Худи Айнӣ, вобаста ба замон ва муҳити ба камол расиданаш, имкони даст ёфтан ба адабиёти илмӣ, ки инқилоби иҷтимоиро ҳамчун дигаргун кардан, барҳам задан, шикаст додани форматсияи иҷтимоӣ-иқтисодии куҳна, ба минбар нишондани низоми пешбар, мутараққӣ ва инсонмеҳвар тафсир мекард, надошт.
Дар шароити Бухорои асримиёнагӣ чунин табақаи иҷтимоӣ, назарияи илмӣ ва шуури инқилобӣ аз худ дарак ҳам намедод.
Дар чунин ҳолат, Айнӣ ҳама гуна дигаргуниҳои иҷтимоиро дар натиҷаи амалҳои фаъол ва таъсирбахши маорифпарварона – инқилоби маданӣ тасаввур мекард ва медид.
Аз лиҳози дигар, агар Айнӣ Аҳмад – махдуми Донишро “доҳии модарзод” номида бошад, худи ӯ низ аз ҷумлаи нобиғагони банӣ башар буд, ки қобилияти ирсӣ, табиӣ ва фавқулодаи дарки воқеияти ҳастиро дошт. Бидуни инқилоб ҳам, то дами марг рисолати худро мисли Гомер, Шекспир, Гёте, Байрон, Мартин Лютер ва дигар қаҳрамонони миллатсоз иҷро мекард. Як шахсияти одӣ набуд.
Дар шароити хатари марговар ба ӯ ва ҷигарбандонаш, ду сол қабл аз Инқилоби Бухоро, ҳанӯз соли 1918, бидуни такягоҳу пуштибон сохти амириро рӯирост чун “хонаи бедоду ситам”, “маҳкамаи ҷабр” маҳкум, “он қозиву муфтиву он шоҳу вазир”-ро орзуи сарнагун кардан дошт. Ҳамчун инқилобчӣ мардонавор қад барафрохт. То охири умр ба муқобили ҷаҳонбинӣ, руҳу маънавиёти миллаткуш ва урфу одати боқимондаи замони куҳан мубориза бурд.
Бидуни шак, “Ҳар як инсон таърих дорад. Шахсро дар ин таърих лаҳзаҳои хатарнок ҳамраҳӣ мекунанд: дар бораи одам бошад, фақат ҳамон вақт бехато муҳокимаронӣ кардан мумкин аст, ки ӯ дар он асно чӣ тавр фаъолият кард, чӣ гуна рафтор нишон дод, вақте ки дар ду паллаи тарозу ҳаёту мамот, шаъну шараф ва хушбахтии ӯ меистоданд.
Чӣ қадар инсон баландмоя бошад, ҳамон қадар таърихи вай пуршукӯҳтар, лаҳзаҳои хатаровар барояш даҳшатбортаранд. Ҳамзамон, берун гаштан аз чунин ҳолати фалокатбор барои ӯ ҳамон қадар тантанавор ва ба дараҷаи баланд муассир ҳастанд. Ҳаёти чунин шахс ба ҳаёти халқаш тавъам меафтад” (В. Г. Белинский. Собрание сочинений. Т. 2. – М.: Художественная литература, 1977. – С. 138-139).
Садриддин Айнӣ фақат баъди инқилоб ҳамсони худро дар шахсияти Абулқосим Лоҳутӣ пайдо кард. Аз рӯйи дарку қобилият ва ҷавонмардиву матонат, сарсупурдагиву садоқат, дӯсти дар парешонҳоливу дармондагии худро дарёфт.
Руҳи инқилобии Лоҳутӣ ҳам ба Айнӣ бетаъсир намонд.
Садриддин Айнӣ, ба ғайр аз ҷаҳонбинии динӣ – схоластикӣ, боз ба вуҷуд доштани назарияи дигар – нақши инсони донишманд дар дигаргунсозии ҳаёти ҷомеа ниёз дошт. Ва аз адабиёти дастрас ба ҳамин суолҳои худ посух меҷуст.
Албатта, баъдан ин дастоварди маънавӣ дар суханони Садриддин Айнӣ иброз гаштааст.
Аммо раванд ва воқеияти ташаккули шахсияти худи мутафаккирро ҳам бояд ба инобат гирифт. Ҳамчун ҷавонмарди ташнаи дониш, то замони шиносоӣ бо эҷодиёти Аҳмади Дониш, Айнӣ бо маъхазҳои асосии инсонпарваронаи адабиёти классикӣ оғоз аз Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абулқосими Фирдавсӣ, Абуалӣ ибни Сино, Умари Хайём, Носири Хусрав, Низомии Ганҷавӣ, Абдурраҳмони Ҷомӣ, Саъдии Шерозӣ, Ҳофизи Шерозӣ, Камоли Хуҷандӣ, Сайидои Насафӣ, Мирзо Абдулқодири Бедил ва даҳҳо мутафаккирони бузурги таърихи ҳазорсолаи адабиёти тоҷик шиносоии баркамол дошт. Ва баҳраварии эҷодкорона аз мафкураи таърихӣ – ҷоннисориҳои абармардони майдони сиёсат ва ақидаҳои маорифпарваронаи адабиёти классикӣ – тамаддуну фарҳанги ниёгон, оқибат ҳимоя кардан ва ба истиқлол расидани миллатро тавассути ин нависандаи баркамол ва дигар ҷавонмардони муборизу фидоӣ сабаб шуд.
Ҳамзамон бо ин, асарҳои равшангаронаи Аҳмади Дониш, ҳамчун дидгоҳи бозбинии замони истибдоди амирӣ, ҷамъбасти мантиқӣ ва ифодакунандаи вазъи ҷаҳонбинӣ ва фазошиносии давр, такони ҷиддӣ барои дарк ва инъикоси воқияти замони Айнӣ маҳсуб мегарданд.
Таърихи таҳаввули ҷаҳонбинӣ ва афкори миллати тоҷик дар тули ҳазор сол, бори дигар исбот кард, ки руҳ, маънавиёт, дидгоҳ, нуқтаи назари сиёсӣ, ки онро дар маҷмуъ, идеология ном мебаранд, хосияти иманентии диалектикӣ надоранд. Он аз воқеият, ки амали мақсаднок ва бошууронаи инсон, аз муҳимтарин ҷузъи он мебошад, вобаста аст.
Оғоз аз ҳамин нуқтаи дарк ва камоли андеша, муборизаи ақидавӣ ва инқилобии Айнӣ муҳтавои баробарвазн ба воқеият гирифт.
Дар ин маврид, Айнӣ муносибати худро ба ҳукумати амирӣ аз лиҳози мавқеъгирии сиёсӣ комилан тағйир дод (1). Хурофотро ҳамчун усул, восита, ҳамсафар ва ҳимоятгари аслии маънавӣ ва ҷисмонии ҷиноятҳои амирӣ бар зидди оммаи мардуми ноогоҳу бесарпаноҳ шинохт (2). Донист, ки идеологизми таҳмилӣ ва урфу одати аҷнабиён, дар ягон ҳолат наметавонад созгори имрӯзу ояндаи босубот ва умедбахши халқи азияткашидаи тоҷик бошад (3). Ба хулосае омад, ки ягона роҳи озодӣ, аввалан, дар тағйири моҳият ва мундариҷаи ҷаҳонбинӣ, руҳиву равонӣ – дар истиқлоли зеҳни инсон аст. Бидуни он озодии воқеӣ ва ояндасоз хобу хаёлу шиору орзуе беш нест (4). Ва ин дастовард, танҳо тавассути рӯ овардан ба илм, босавод кардани оммаи мардум (5) ва баҳраварӣ аз нуқтаи бунёдӣ, такягоҳӣ – таърих ва тамаддуни миллати ӯст. На афсона ва тахайюли дигар (6).
Ин ақидаҳои барои миллат ҳаётбахшро Садриддин Айнӣ дар тули умри бобаракати худ ҳам бо сухан, ҳам бо қалам ва ҳам бо қадам исбот кард.
АЙНӢ – ДОҲИИ АДАБИЁТИ НАВИНИ ТОҶИК
Садриддин Айнӣ дар таърихи тоҷикон, аз ҷумла, дар мураттабсозӣ, муаррифӣ, рушди адабиёти он сармашқ, абармард, воломақом, соҳибдафтар, баландҳиммат, Рустами таърихсози миллат, муҳандис ва бозофарандаи забони адабии ҳозираи тоҷик, масъулиятшинос, инқилобчии матин, озодихоҳ, муҷассамаи бузурги ҳувияти миллӣ буд, ҳаст ва мемонад.
Дар давраи навини Истиқлоли давлатӣ, ки худшиносии миллӣ аз муҳимтарин масъалаи суботи давлатдорист, ҷойи Айнӣ ҳамчун олим ва адиби мубориз холист.
Дар оғози асри гузашта, Айнӣ бо вуҷуди маҳдудияти зимом ва тангии замон, дар байни обу оташ роҳи зиндагии худро интихоб кард.
Аммо дар ин маънӣ Айнӣ мисли худ ҳамфикру ҳамақидаи якдилу рӯинтан надошт.
Ба дарбор ҳамчун шоир даъват гардид. Онро рад кард. Нахост қаҳрамони ягонаи ба миллати худ бегона бошад. Дар сахтиҳо дилшикаста нашуд. Муборизаашро идома дод. Ба оммаи мардуми бесаводи азияткашида, маҳкум ба бадбахтӣ ва “тири фалак” хӯрда муроҷиат намуд. Онро омӯхт. Қаҳрамон интихоб кард. Хост мардумро ба худи мардум шиносонад. Онҳоро оинаи якдигар қарор бидиҳад. То фаҳманд, ки ҳазор соли бандагӣ, адами истиқлол онҳоро ба чӣ аҳвол рӯ ба рӯ кардааст. Хост адабиёти миллии бошахсият, анъана ва урфу одати тоҷикиро асос гузорад. Ба истилоҳҳои “халқ”, “миллат”, “манфиатҳои миллӣ” ҷон бахшад.
Айнӣ аз аввалин адибони миллии воқеиятшинос буд. Кӯшид, ба одамони одӣ сабаб ва воситаи раҳоӣ аз мушкилоти фоҷиабори иҷтимоиашро фаҳмонад. Онҳоро ба бесуботии тафаккури афсонавии “малакутӣ” (олами фариштаҳо), дом ва доди бедоди гиряолуди идеологияи шикоятомези нотавонӣ, оҷизӣ, ночорӣ, дармондагии дастҳо сӯйи “фалак” (осмон, тақдир, гардише, ки инсон дигар наметавонад дар он нақш дошта бошад, маҷбур аст ба чунин қисмат тан диҳад) муътақид созад. Фаҳмонад, ки озодӣ ва шоистасолории инсон фақат аз Ақл, Хирад, Илму Дониш ва рафторҳои заминии ӯ вобастагӣ доранд.
Нобиғагӣ ва заковатмандии толибилми мадрасаи Бухорои асримиёнагӣ дар он буд, ки дарк кард, арзиши дониш дар муносибат ва муқоиса ба воқеияти ҳаёт санҷида мешавад. Ва дараҷаи муҳиммияти ҳама гуна назария дар алоқамандӣ бо таҷрибаи зиндагист.
Шогирди солманди Инқилоби навини иҷтимоӣ нисбат ба худ ва пайравон ниҳоят серталаб буд. Таъкид менамуд, сухани бадеӣ ҳеҷ чизеро ифода намекунад, агар он ормону орзу ва афкори пешқадамеро тафсир ва тасвир нанамояд. Муътақид накунонад. Одамро ба шахсият мубаддал насозад. Посухгӯи ниёзҳои иҷтимоии давр набошад.
Чунин эътиқодмандӣ на танҳо дар асарҳои бадеӣ, илмӣ ва илмӣ–таърихии Айнӣ, балки дар мукотибаҳои ӯ бо аҳли илму адаб ҳам ба назар мерасад. Ин мактаби нави адабиёт ва адабиётшиносии тоҷик буд.
Барои мисол, таваҷҷуҳ карда шавад, ба як номаи ватандӯсти беамсол, ниҳоят пуркору масруфу гирифтору масъулиятшиносу фаъол, ки умре ба хурдтарин зуҳуроти ҷаҳонбинии миллӣ бетарафӣ накарда, аҳаммият додааст. Фурсат пайдо карда, онро баҳогузорӣ ва хулосабарорӣ намудааст. Мутаносибан, барои ислоҳи вазъи тарбия дар мактабҳо, мундариҷа ва муҳтавои ҷаҳонбинии муаллимон тавсияҳо манзур сохтааст:
“Ман дар бораи аз ҳама ҷо дар Ленинобод зиёд будани хурофоти динӣ ба шумо як мисол нишон медиҳам. Дар тобистони соли 1946 ба Самарқанд як студенти ленинободӣ, ки дар Москва таҳсил мекунад, омад. Аз рӯйи шуниди ман, он студент бародари хурдтараки худро, ки «кокулаш ба Шоҳи Зинда назр будааст», гирифта овардааст, то ки гӯсфанде харида, ба сари мазори мазкур бурда кокули бародарашро тарошонад.
Ин корро ягон касе аз аҳолии ҳозираи Самарқанд ва Бухоро намекунад. Ин факт ҳаминро нишон медиҳад, ки агар шумо бинои сари мазори шайх Маслаҳатро вайрон карда партоед ҳам, хурофотпарастон аз ҷоҳои дур ҳам бошад, барои қонеъ кунонидани орзуи хурофотпарастии худ, мазоре меёбанд ва инчунин ин факт ҳаминро ҳам нишон медиҳад, ки дар Ленинобод – дар мактабҳо ҳанўз тарбияи советӣ–коммунистӣ дуруст ба амал монда нашудааст, вагарна як студент ин корро намекард.
Бинобар ин, аз ҳама пештар ба воситаи мактабҳо муборизаро ташкил кардан лозим аст ва аз ҳама пештар муаллимонро аз назари тавфиқ гузаронидан даркор аст” (С. Айнӣ. Мактубҳо. – Душанбе: Дониш, 2024. – С. 449).
Дар олам инсони бешахсият буда наметавонад. Агар мо ин истилоҳро ҳам аз лиҳози маънавӣ, ҳам аз лиҳози ҷисмонӣ ва ҳам аз лиҳози иҷтимоӣ баррасӣ намоем. Аммо наметавон инкор кардан ҳақиқатеро, ки баҳогузорӣ ва қимати шахсият ҳам дараҷабандӣ дорад. Гарчанде дар ин арҷгузорӣ сифр ҳам меъёр аст.
Шахсияти гениалӣ дараҷаи олии сифати инсон аст, ки дар соҳаи муайян шуурнокӣ, ақл, хирад, дониш, касбият, тахассус, тавон, истеъдод, иродатмандӣ, ҷавонмардӣ ва масъулиятшиносии фавқулодаеро аз худ ба намоиш мегузорад. Аз замони худ чанд зина пештар меистад. Дар илму адаб ва паймону пайкор намунаи афзалияти бебаҳси иҷтимоӣ нишон медиҳад. Ин хосият ва дастовардҳои ба мерос мондааш барои аҳли башар чанд аср хизмат мекунанд.
Як аломати гениалии нависанда он аст, ки ӯ вазъиятро меомӯзад. Қисмати ҳассоси ба талаботи иҷтимоӣ нигаронидашудаи онро ҳамчун ҷузъ аз кулл тасаввур ва интихоб мекунад. Дар тасвир мегирад. Нуқтаи калидиашро пайдо намуда, ин вазъро мутобиқ ба манфиати ҷомеа саҳнасозӣ, роҳбарӣ ва роҳнамоӣ мекунад.
Чунин эҳсоси баланди миллатдӯстӣ ва ватанпарварии Айнӣ дар очеркҳои таърихӣ – бадеии «Исёни Муқаннаъ» ва “Қаҳрамони халқи тоҷик Темурмалик” боз ҳам аниқтар ба назар мерасад.
Маълум аст, ки ин ду асар дар замони Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ навишта шудаанд. Қаҳрамониву фидокории миллати тоҷикро ҳини асрҳои VIII ва ХIII, дар мудҳиштарин лаҳзаҳое, ки мардуми мо ба муқобили фашизм муборизаи беамон мебурд, бо далелҳо, чун мафкураи таърихии ҳифзи Ватан ва нангу номуси миллӣ, на танҳо ба оммаи тоҷик, балки дар назди оламиён тафсир ва исбот менамояд. Дар ин ҳамосаҳо нависанда характери миллӣ, моҳияти маънавии миллати тоҷик, корномаҳои воқеӣ–таърихии фарзандони ӯ, ки маънан ба рафти муборизаи башарият ба муқобили вабои аср тавъам афтода буданд, ҳамчун арзиши умумибашарӣ тафсир ва ба оламиён манзур кард.
Яъне “Исёни Муқаннаъ” ва “Қаҳрамони халқи тоҷик Темурмалик”, ки ҳамосаҳои ҷовидонаи қаҳрамонҳои миллати тоҷик ҳастанд, дар баробари идеалҳои бузурги маънавии умумибашарӣ гузошта шуданд. Шакл ва воситаи муаррифии миллати куҳанбунёди муаллифи асарҳои ҷовидона ба ҷаҳониён мебошанд.
Нависанда намунаҳои тавонмандии фитрии хешро ҳанӯз дар аввалин шеърҳои худ “Дар фоҷиаи шиаву суннӣ”, “Бомдоди баҳорон”, “Саҳаргоҳон”, “Заминро мафрӯш”, “Марсия”, “Суруди озодӣ” ва дигар ашъораш тахассусмандона нишон дода буд. Яъне нишонаҳои нобиғагии нависанда то замони эълони принсипҳои синфият, ҳизбият ва халқият, ки гоҳо Айниро мехоҳанд ба онҳо пойбанд кунанд, арзи ҳастӣ доштанд.
Албатта, метавон, тавре имрӯз барои иддае ҳукми анъана касб кардааст, худро шоиру нависандаву олим номид ё номаълумакак соҳибунвон гашт.
Аммо табиат дар тақсими истеъдоду қобилият ниҳоят хасис аст. Ва мардум баҳогузори сахтгир.
Агар Садриддин Айнӣ дар алоқамандӣ ба ҳар як зуҳуроти муҳимми сиёсӣ ва иҷтимоӣ ҳамқадам будани худро бо дарди ҷомеа ва ватандорӣ нишон дода бошад, дар маҷмуъ, ӯ тули ҳаёти эҷодии худ фақат асарҳое офаридааст ва оммаи мардумро бо дарк, фаҳм, инъикоси равонӣ ва вокуниши баробарвазн ба он даъват кардааст, ки барои таъмини суботи сохти давлатдорӣ ва рушди миллӣ ҳаётан муҳим аст. Яъне воқеан, дар амал суварнигори ҳадис будани худро исбот намудааст.
Доҳии адабиёти навини тоҷик муътақид буд: “Маданият, агар он ба тарзи стихиявӣ инкишоф ёбад, на бошурона мудирият шавад, инкишоф ёбад, рушд намояд, баъди худ биёбонро мемонад” (Иқтибос аз асари В.Н. Сагатовский. Вселенная философа. – М.: 2013. – С. 15).
Ҳақиқат доштани ин назарияро мо дар таърихи на чандон дури инсоният ва замони муосир дар ҳама кунҷу канори олам дидем ва баръало дида истодаем.
Масъулиятшиносии меъмори бузурги руҳи миллӣ тули фаъолияти эҷодӣ, сарфи назар аз маҳрумият ва мушкилоти даҳр, вазъи сангини иҷтимоӣ, гоҳо дар ҳолати ногувори руҳиву ҷисмонӣ ҳам, собитқадамона эҳсос мегардад.
Таҳлили характер, рафтор, сифатҳои шахсӣ ва тақдири қаҳрамонҳои Айнӣ дар қисса, повест, роман ва ёддоштҳо, аз ҷумла Муқаннаъ, Темурмалик, Одина, Ёдгор, Абдуллоҳхоҷа, Сафар, авлоди Раҳимдод, Гулбибӣ, Гулнор, падараш Сайид Муродхоҷа, Тутапошшо, Муҳаммадсиддиқи Ҳайрат, Аҳмади Дониш, Шарифҷон – махдуми Садри Зиё ва садҳо персонажҳои мусбату манфии офаридаи ӯ ҳамагӣ образҳои типӣ ҳастанд.
Нависанда қаҳрамонҳои офаридаашро аз маъхазҳои таърихӣ, таърихӣ – бадеӣ омӯхтааст. Бо чашми худ дидааст. Ба гӯши худ шунидааст. Дар рӯзгор санҷидааст. Онҳо бо дарки илмӣ, бадеӣ ва воқеъбинона дар тасаввур ва қалами нависанда инъикос ёфтаанд.
Баъзе мунаққидҳо Айниро дар сустирода будани Одина мазаммат кардаанд. Баръакс, Одинаро чунин тасвир намудани нависанда аз афзалиятҳои эҷодии ӯст.
Адиб дар кӯҳистони ақибмондаи тоҷик ҳамин симоро дарёфт ва нишон додааст. Субъекти намунаи умумияти иҷтимоӣ офаридааст. Бадбахтӣ ва камҳавсалагии ӯро сабаби фоҷиаи шахсиаш ва ҳамчун намунаи фоҷиаи миллӣ, дар маҷмуъ, тасвир кардааст.
Аммо Ятим, Ёдгор, Сафар, Абдуллоҳхоҷа ва насли дуюму сеюми Раҳимдодро пайдо намуда, аз онҳо шахсони воқеан фаъол, мубориз, сафшикан, дар муборизаи ҳаёт пирӯз тарбия карда, ба воя расонида, қаламдод намудааст. Дар муқобили Одинаҳои азияткашида, таҳқирдида, дар азоби хурофот ва урфу одатҳои ақибмонда танида гузоштааст.
Адибони имрӯза, ҳамасрони замони Истиқлоли моро чӣ мушкил домангир аст, ки чунин андешаву маҳсули эҷодро ба намоиш гузоранд. Аз тоҷики раҳгумзадаи замони ҷанги шаҳрвандии ба ном “демократ”, “муҷоҳид”, “муборизи роҳи исломи ноб”, муаллимбадбини пойбанди ҷаҳолату торикӣ, “зиёӣ” – профессорону журналистони (дар ҳоли ҳозир забондарози пушаймоннагаштаи) думрави муллоҳои ташаббускори ҷанги хонумонсӯзи шаҳрвандӣ ва акнун, дар даҳаи чоруми замони Истиқлол – ҷавонони гумроҳи узви созмонҳои террористии байналхалқӣ, зархаридони бозигарони геополитикӣ, соҳибунвонҳову мансабдорони хурофотзадаи бетарафи дампову хомӯши розӣ ба авҷи ҷаҳолату бегонапарастӣ қаҳрамонони воқеан табдилгаштаи бошууру муборизи роҳи эъмори давлати миллӣ офаранд. Тарзе ишора шуд, вазъи фоҷиаборро “бигиранд” ва аз он фазои маънавии шахсияти бунёдкор “созанд”. Дар амал “фалакро сақф бишкофанду тарҳи нав дарандозанд”. Ба “фатвои хирад хилофомади одат талабанд”, “субҳхезиву саломатталабӣ”-ро (маъниҳо аз Ҳофиз) ба хотири суботу гул-гулшукуфоии Ватан – модари азиз, Тоҷикистон кунанд. Шанси фавқулодаи таърихро аз даст надиҳанд. “Типҳое офаранд, ки дар он муҳри нишони муаллиф насб шуда бошад. Барои коғаз, барои як шумораи маҷалла нанависанд. Китоб не, асар офаранд. Эҷодашон аломати расмиятчигӣ, намоишӣ, ҳисоботдиҳӣ ва рӯякӣ надошта бошад. Ва адиб қаҳрамони парварида, комил ва пирӯзи худро дар зиндагиаш бо чашми худ бинад. Ифтихор намояд. Агар қаҳрамон, персонажи барои нависанда тип бошад, хонанда онро дар ҷомеа эҳсос намояд, бишиносад. Аз ӯ омӯзад. Пайрави ӯ бошад (В.Г. Белинский). Ин аст асари зинда, коромӯз, коргар ва тавре дар боло ишора шуд, офаридае, ки масъули нақди сухан ҳам аз набудани он эҳсоси таассуф наварзад.
Агар Айнӣ ҳозир ҳам зинда мебуд, ҳамин масъулият ва нақшу мартаба барҳақ моли ӯ буданд. Баъди сад соли дигар ҳам, ин афзалият мансуби ӯ мемонд.
Қаламкаши бузургро тақдир ва таъйин ҳамин аст, чуноне ки нишонаҳои барҷастаи онро мо баъдтар дар эҷодиёти Мирзо Турсунзода, Сотим Улуғзода, Ҳабиб Юсуфӣ, Ғаффор Мирзо, Ҷалол Икромӣ ва Фазлиддин Муҳаммадиев медидем.
АЙНӢ – АСОСГУЗОРИ МАЪНАВИЁТИ МИЛЛӢ
Садриддин Айнӣ дар чандин лаҳза худро, барҳақ, инқилобчӣ номидааст. Албатта, ин хулосаро, замоне ки нависандаро ҷабри рӯзгор ва аъмоли ҳасудони фурӯмояи дурӯяи чоплуси замонасози носозгор ба ҷон расонидаанд, иброз доштааст. Аммо чашми воқеъбин ва гӯши ҳақшунав ниёз ба изҳори чунин мавқеъ надошт.
Аз лиҳози дигар, ҷаҳонбинӣ маҷмуи дидгоҳи инсон аст, ки он муносиботи назариявии ӯро ба табиат, ҷамъият ва худи инсон муайян мекунад. Муҳтавои фаъолияташро мақсадгузорӣ ва роҳнамоӣ месозад. Фаъолияти ӯро ба танзим медарорад.
Бидуни шак, ҳама шахс ҷаҳонбинӣ дорад. Аммо агар дар як нафар он ба тарзи номуназзам, ғайриихтиёрӣ, механикӣ, таҳти омилҳои ғайриинтизор ташаккул ёбад, нафари дигар мекӯшад, тавассути аз худ кардани илму маърифат, донишҳои баробарвазн ба воқеият ва таҷрибаи рӯзгор зиндагиро дарк намояд, фаҳмад, ба он ворид гардад.
Фарзияи охирин дар ҳаёти Айнӣ бо омили фавқулодаи генетикӣ, табиӣ, чун зуҳуроти муайянкунандагии ҳаёти ӯ тавъам омада буд.
Мубориза барои инқилоби маънавӣ ва тавассути он расидан ба таҳаввулоти иҷтимоӣ аз мақсадҳои Айнӣ ба шумор мерафт. Агар инқилоб ӯро раҳоӣ намебахшид, Айнӣ дар ҷодаи интихобкардааш ҷоннисорӣ мекард, чунончӣ режими зиддимиллии асримиёнагии амирӣ барои қасдгирӣ аз ин ҷавонмарди акнун дар роҳи инқилоб қадамҳои устувормонда, бо палидии хабисона бародари ҷигарбанди маъсуми ӯро ба қатл расонд.
Муборизаҳои таърихӣ ва тақдирсози Садриддин Айнӣ барои исбот кардани тоҷикон ҳамчун миллати тамаддунофари бумӣ, бо таърихи зиёда аз шашҳазорсола (1), забони тоҷикӣ – воқеияти мустақили ҷамъиятӣ ва далели барҷастаи шуури таърихӣ, зеҳниятсоз, воситаи акумулятсия ва инкишофи илм, адабиёт ва яке аз намунаҳои бузурги тамаддуни ҷаҳонӣ (2), аслияти руҳ, анъана, урфу одат, фарҳангу маданият ва характери миллӣ, ки дар муборизаҳои шадиди сафшикан “зи баҳри бару буму фарзанди хеш” ба муқобили истилогарони аҷнабӣ зуҳур ёфтаанд (3), қобилияти пазируфтан, таҳаввул дидан, рушд ёфтан, ғанӣ гардонидан, мутобиқ кардан ва ҳамқадам буда тавонистани миллати тоҷик ба ҳама гуна дастовардҳои пешқадами тамаддуни ҷаҳонӣ, ки инқилоби иҷтимоии даҳаи дуюми асри ХХ (4), аз зумраи онҳо маҳсуб мегарданд, равона шуда буданд.
Таърихи тафаккури инсониро аз нигоҳи фалсафӣ, адабӣ, ҳуқуқ, ахлоқ ва маънавиёт асрҳо боз ду раванди ба ҳам зид ҳамроҳӣ мекунанд. Яке иртиҷоӣ, (хурофотии асримиёнагӣ, бегонапарастӣ, рукуди зеҳнӣ ва ҷаҳолат) ва дигаре пешқадам (миллатдӯстӣ, меҳанпарастӣ, хештаншиносӣ, тарғиби идеяҳои маорифпарварӣ, илму хирад, ростиву растагорӣ, пайкор ба беадолативу дурӯғ, тороҷу ғорати мардуми бесарпаноҳ).
Ҳардуи ин ҷараёнро манфиат ҳамчун категорияи фалсафӣ, иқтисоди сиёсӣ, идеологӣ, ахлоқиву маънавӣ муҳтаво мебахшад. Шакл меофарад. Ба намоиш мегузорад.
Дар як масъала ду ҳақиқати мухолиф вуҷуд дошта наметавонад.
Ҷаҳонбиние, ки аз исёни Муқаннаъ сарчашма мегирифт, барои Садриддин Айнӣ ҳамчун манбаи ғоявии эҷодиёт ва ҳақиқати оштинопазир боқӣ монд.
Минбаъд на дар тарҷумаи ҳол, на дар асарҳои бадеӣ, илмӣ, бадеӣ – таърихӣ, публитсистика, мукотибаҳо ва на дар гуфтору рафтор, муколама ва муносиботи рафиқона ҳаргиз дудилагӣ, замонасозӣ ва расмиятчигии ноҷо, ки шахсият, роҳи интихобкарда ва бузургвории ин доҳии модарзоди илму адаби миллати тоҷикро зери шубҳа гузошта бошад, дида намешавад.
Садриддин Айнӣ Қаҳрамони барҳақи миллати тоҷик аст, ки Пешвои муаззам муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ӯро ба ин унвон сазовор донистааст.
ДАЛЕЛИ АҚИБМОНДАГИИ ШУУРНОКӢ АЗ ВОҚЕИЯТИ ҲАСТӢ
Бо шарофати Истиқлол орзу ва нияту мақсадҳои Садриддин Айнӣ амалӣ гардиданд. Миллати тоҷик соҳибдавлат шуд. Аммо тавассути прототипҳои персонажҳои манфии таърихии Айнӣ, давлати тозабунёд ба хоку хун оғушта ва ҳукумат сарнагун гардид.
Ҷанги хонумонсӯзи шаҳрвандӣ аланга зад.
Бо шарофати тақдир ва ба бахти мардуми ҷафокашида, шахсияте сари қудрат омад, ҳаракати озодихоҳонаи миллатро раҳбарӣ кард, ки устоди забардасти илму маърифат ва адабиёту маданият Садриддин Айнӣ сифоташро дар замири хеш мепарварид. Дар асарҳои бадеӣ ва илмию таърихӣ образи қаҳрамононаи ӯро тасвир ва тафсир мекард. Ба хотири тантанаи пирӯзӣ ва адолат қасидаҳои ҳамсони “Ҷанг ва зафар” менавишт. Онеро инъикос мекард, ки баъди ҳазор сол давлати миллӣ сохт. Анъана, урфу одат, фарҳанг ва маданияти миллиро эҳё намуд. Тамаддуни беш аз шашҳазорсолаи ӯро аз нав ҷон бахшид. Тасдиқ кунонд. Муҳру васиқа кард. Эътиқодмандона ҳамчун сарвати поённопазир ва шиносномаи беназир ба ҷаҳониён муаррифӣ сохт.
Иқтисодиёт ва иҷтимоиёти мардуми кишварашро тарзе ташкил кард, инкишоф дод ва рушд бахшид, ки миллати тоҷик ҳазорсолаҳо орзуи онро мекард.
Ҳамзамон хотирнишони кардани он нукта зарур аст – рисолати адабиёт, театр, кино, ки онҳоро классикони илм ва адабиёти ҷаҳон меъмору созандаи руҳи инсон номидаанд, баробари масъулияти давлатсозист.
Мо аз ғарази бадхоҳони миллат ва руҳияи таърихии бегонапарастии онон огаҳӣ дорем. Ва медонем, “фаъолияти мақсадгузорӣ (дар муносибат ба руҳ, андеша, идея, образ, мафкурасозӣ – С. Я.) ба худи он (ташаббускор – С. Я.) равона нагардидааст. Баръакс, ба он нигаронида шудааст, ки тавассути нобуд кардани хосият, аломат ва зуҳурот – ҳадафҳои ҷаҳони беруна (дидгоҳ, ҷаҳонбинӣ, маънавиёт – С. Я.), воқеят доштани фаъолияти худро дар муҳити атроф бубинад, тасдиқ кунонад. (Г.В.Ф. Гегель. Илми мантиқ. – М.: 2013. – С. 8).
Вобаста ба ин ҳар вақте мо зуҳуроту рӯйдодро аз паси худ набарем, аёну ноаён зуҳуроту рӯйдод моро аз паси худ мебаранд.
Чунин муносибат зуҳуроти нобахшиданист.
Воқеияти имрӯзаи ҷомеаи Тоҷикистон, дар масъалаи вазъи ҷаҳонбинии миллӣ, сарфи назар аз дастовардҳое, ки дар кулли соҳаҳои замони истиқлол рух доданд, ниёз ба бознигарӣ дорад. Гап сари он аст, ки маънавиёти (дидгоҳ, арзишҳои ҷамъиятӣ) хештаншиносии қисме аз аъзои ҷомеа, аз дараҷаи суръати тараққиёти иқтисодӣ – иҷтимоии мамлакат, таҳаввулоти инқилобие, ки ҳукумати кишвар ба тарзи пешгӯинашаванда рушди онро таъмин кард, фарсахҳо қафо монд.
Аз як тараф, ин камбуди ҷиддии дастгоҳи идеологӣ ва маорифи халқ (на Вазорати маориф дар танҳоӣ) – падару модар, муҳити оилавӣ, маҳал, деҳа, мактабҳои миёна, олӣ, иттифоқҳо ва иттиҳодияҳои эҷодии мафкурасози ҷомеа, васоити ахбори умум, муассисаҳои фарҳангӣ, коргоҳҳо – дар маҷмуъ, ниҳодҳои масъули ташаккули муносиботи ҷамъиятӣ мебошад.
Аз лиҳози дигар, ин падида хосияти қонунмандӣ ҳам дорад.
Гурӯҳҳои ифротӣ ҳаргиз рӯшод намегӯянд, ки ҳукумат мехоҳанд. Онҳо амалҳои террористӣ ва мақсаду мароми худро бо шиору суханҳои муқаддас пӯшонида, зебу зинат ва обу ранг медиҳанд. Нигаред ба ҳодисаҳои солҳои навадуми Тоҷикистон, воқеаҳои тули таърихи на чандон дуру наздики кишварҳои Шарқи Наздику Миёна, ба ҳамсоякишвари мо.
Далел ва зуҳуроти фоҷиаабори ақиб мондани шуурнокӣ аз воқеияти зиндагиро мо дар таърихи бисёр кишварҳо, аз ҷумла Тоҷикистон, ҳамчун падидаи хатарнок, баръало мебинем.
Вазъи бамаломада мебояд ҳамчун ҳадаф ва мавзуи тадқиқоти илмӣ, таърихӣ – бадеӣ ва бадеӣ интихоб шавад. Омӯзиш бинад. амалан татбиқ гардад.
Дар ин маврид, дониста бошем, ҷаҳонбинӣ ва идеологияҳое, ки ҳамакнун мардумро ба раҳгумӣ андохтаанд, аз нигоҳи назарӣ ва таҷрибаи таърихӣ нисбат ба идеяҳои эҳёгарии миллӣ, ҳувиятсозӣ, худшиносӣ, давлатдории миллӣ, ватанпарварӣ, равшангароӣ, таърихофаринӣ, ҷамъияти маданӣ, дунявият ва халлоқияту додхоҳӣ ҳазор сол ва зиёда аз он собиқаи бештар доранд. Ба қавли мардуми англис: ‘’Devil is very wise, because He is very old’’.
Аз лиҳози дигар, омили этногенетизм наметавонад, рефлексия ва ё инъикоси хотираи таърихии ирсиятро дар рафторҳои иҷтимоӣ сарфи назар кунад.
Ин воқеят масъулияти зиёиёни миллиро, ки ба тақдири мардуми хеш бетараф нестанд, боз ҳам зиёдтар мекунад.
Акнун майдони адабӣ нависандаеро тақозо дорад, ки айнивор қудрати кушодан ва фош кардани муаммои сарбастаи раҳгумии фоҷиаи иддае аз намояндагони ҳамин миллатро дошта бошад, ки ӯро бо шиорҳои дурӯғини хурофотӣ назди оламиён дар хиҷолат монда ва садҳои дигарро, ки барои як порча нон дар талошанд, дар вазъи бозгардониву сарсониву ҳайронӣ гузоштааст. Гарчанде мо медонем, ки ҳозира натиҷаи гузашта ва ишора ба оянда аст. Ва сухани ёдшудаи он абармарди Ғарб: “як ефрейтор дунёро ба таҳлука даровардааст”, аз ҳар гӯшае акси садо медиҳад.
Дарк ва тафсири вазъи рӯз ба рӯз мушкилшудаиситодаи ҷаҳонбинии як қисми фаъоли ҷомеа навъи ҳушдор аст, ки раванди онро аз нигоҳи методологӣ, ҳазор сол қабл Абуалӣ ибни Сино пешбинӣ ва хотирнишон мекунад: “Валекин ҳар он чӣ ба чизи ҳозирбуда далолат намояд, инчунин ба чизи интизорбудаамон низ далолат мекунад” (Абӯалӣ Сино. Осори мунтахаб. Ҷ.2. – Душанбе: Ирфон, 1980. – С. 270).
Аз Шимолу Ҷанубу Шарқу Ғарб акси садои ҷаҳолат, ифротгароӣ ва терроризми идорашавандаи маҳсули адами адабу фарҳангу масъулияти ватандорӣ баланд мешавад. Ана ҳамин аст, ба назари мо, суоли матраҳ ба “пайравони (имрӯзаи) Айниву Турсунзода”, масъалаи коҳилии баҳсбарангези муҳандисони руҳ ва самтгирии маънавӣ дар мавзуи рӯз – фанатизми динӣ ва тантанаи шабаҳи фарогири бадбахтӣ.
ХУЛОСА
Чун Инқилоби соли 1917 ва 1920 мардуми тоҷикро аз ғуломӣ озод кард, ба ӯ ихтиёр, шароит ва раванди давлатсозӣ ато намуд, фарде доно ва нигорандае тавоно, зиндакунандаи руҳи Муқаннаъу Темурмалику Рӯдакиву Фирдавсӣ, Саъдиву Ҷомӣ, Восифиву Аҳмади Дониш ва даҳҳо дигар бузургони ҷодаи набарди руҳу ҷисми миллат – Садриддин Айнӣ ба ҳайси ҳимоятгари ин лаҳзаи мусоиди гардиши бузурги таърихӣ, лаҳзаи бедорию бедорсозӣ ба майдон бархост.
Дар шароити зарурати бозсозии руҳ, эҳтиром гузоштан ва афзалият бахшидан ба арзишҳои миллӣ, дар муқобили ҳама гуна равияҳои хурофотӣ, бегонапарастӣ ва ифротгароӣ, ки авҷи он рӯз ба рӯз нигаронкунанда ва харобиовар мегардад, адабиёту фарҳанг ниёз ба Рустами дунёи сухан, додгару додҷӯву хирадманд ва сафшикани руҳи Оҳарман доранд.
Мақсад – бо эҷоди асарҳои синну солӣ, публитсистика, очерк, қисса, ҳикоя, повест, роман, драматургия, саҳнасозӣ, филмҳои ҳуҷҷативу бадеӣ бо қаҳрамон, персонаж – образҳои бадеӣ бархостан, қад афрохтан ва қотеона ҳимоя кардани сохти давлатдории дунявӣ – давлатдории миллӣ аз бузургтарин вазифаи адабиёти имрӯз ба ҳисоб меравад.
Муҳим ба назар мерасад, мисли ҷонфидоиҳои устод Садриддин Айнӣ, ки раҳбарии инқилоби мадании тоҷикро сад сол қабл ба уҳда гирифта, дар он пирӯз гашта буд, тавонем, то бори дигар “ҷаҳонро ба бад наспарем”. Ангуштнамои таърих нагардем.
Мавзуи рӯзмарра ҳамин аст.
Ахиран, ягона аз ҳамасроне, ки Садриддин Айнӣ ӯро дар номаҳои худ, бо арзи эҳтиром ва истифода аз мартабаи “устод” (С. Айнӣ. Мактубҳо. – Душанбе: Дониш, 2024. – С. 242, 276, 294) ва “рафиқи шафиқ” ном мебарад, Абулқосими Лоҳутӣ мебошад. Ва доҳии адабиёти давр як шеъри бузургворонаи дӯсти ҷонии худро борҳо, эҳтиромона, ҳамчун шиор, рамзи дилсӯзиву масъулияти ватандории ӯ ва ҷавобгӯи талаботи замон ёдоварӣ кардааст, ки ин аст:
Бо ҳама нуқсу мавонеъ кор мебоист кард,
Тӯдаи тоҷикро бедор мебоист кард…
Сустию навмедӣ андар роҳи заҳматкаш хатост,
То нафас боқист дар тан, кор мебоист кард.
САЙМУМИН ЯТИМОВ