Сафири Тоҷикистон бо Мудири иҷроияи минтақавии Бонки тиҷоратии Абузабӣ мулоқот намуд

Май 20, 2025 10:02

ДУШАНБЕ, 20.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. 16 май дар  шаҳри Абузабӣ мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб Ашрафҷон Гулов  бо Мудири иҷроияи минтақавии Бонки тиҷоратии Абузабӣ дар Осиёи Миёна, аъзои  Шурои идории Гурӯҳи бонки тиҷоратии Абузабӣ (ADCB) Фаруқ Ал-Марзуқӣ баргузор гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб хабар доданд, дар вохӯрӣ ҷонибҳо аҳамияти густариши ҳамкорӣ байни муассисаҳои молиявӣ ва бонкҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Бонки тиҷоратии Абузабиро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Ҳамзамон ташкили чорабиниҳои муштарак барои омӯзиши имконият ва мубодилаи таҷриба байни ду давлат дар соҳаи бонкдорӣ муҳим арзёбӣ карда шуд.

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб

Май 20, 2025 10:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд
Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд
Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд