«ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА». Ин иқдом ба Рӯзи байналмилалии осорхонаҳо бахшида мешавад
ДУШАНБЕ, 12.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи байналмилалии осорхонаҳо (18 май) аз соати 18:00 то 23:00 дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон иқдоми байналмилалии «Шабе дар Осорхона» баргузор мегардад. Сокинону меҳмонони шаҳри Душанбе имкон доранд дар ин чорабинии байналмилалӣ иштирок намуда, аз тамошои он ғизои маънавӣ баранд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Масъулин ҳадафи баргузории барномаи фарҳангию фароғатии «Шабе дар осорхона»-ро ҷалби ҷомеаи шаҳрвандӣ ба таъриху фарҳанги мамлакат, боло бурдани ҳисси ватандӯстиву худшиносии миллӣ, бедор намудани ифтихори ватандорӣ дар ниҳоди насли наврас ва ҷавон арзёбӣ намуданд.
Барномаи «Шабе дар осорхона» бори аввал соли 1997 аз шаҳри Берлини Олмон оғоз гардида, солҳои баъдӣ дар давлатҳои Аврупо ва Амрико гузаронида шуд.
Солҳои охир барномаи «Шабе дар осорхона» дар аксари давлатҳои ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон баргузор мегардад. Дар ин шаб бисёре аз осорхонаҳо пас аз ғуруби Офтоб то нисфи шаб дарҳояшонро ба рӯйи тамошобинон боз менамоянд.
Мақсади асосии ин иқдом муаррифии захира, имконот, иқтидори осорхонаҳои муосир ва ҷалби тамошобинон ба осорхонаҳо мебошад.
Ёдовар мешавем, ки ҳамасола 18 май Рӯзи байналмилалии осорхонаҳо (International Museum Day) эълон гардидааст. Аз соли 1978 инҷониб 150 давлати ҷаҳон ин рӯзро таҷлил менамоянд.
АКС: Осорхонаи миллии Тоҷикистон








Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад






