Сироҷиддин Муҳриддин бо роҳбарони ҳайатҳои кишварҳо ва созмонҳои байналмилалӣ мулоқотҳои судманд анҷом дод
ДУШАНБЕ, 31.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. 30–31 май дар ҳошияи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо, ки дар шаҳри Душанбе доир гардид, Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо рохбарони ҳайатҳои кишварҳо ва созмонҳои байналмилалӣ мулоқотҳои судманд анҷом дод, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Дар ҷараёни мулоқотҳо масъалаҳои марбут ба ҳамкорӣ дар соҳаҳои мубрами ҷаҳонӣ, аз ҷумла ҳифзи муҳити зист, тағйирёбии иқлим, обу пиряхҳо, инчунин густариши муносибатҳои ду ва бисёрҷониба баррасӣ гардиданд.
Мулоқот бо Директори иҷроияи Хазинаи кӯдакони СММ
Сироҷиддин Муҳриддин бо Директори иҷроияи Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) Кетрин Рассел дидор намуд.
Ҷонибҳо таъсири тағйирёбии иқлим ба кӯдакон ва ҷавононро муҳокима намуда, омодагии худро ба таҳкими ҳамкориҳо иброз намуданд.
Мулоқот бо Дабири кулли Созмони ҳамкории Шанхай
Дар мулоқот бо Дабири кулли Созмони ҳамкории Шанхай Нурлан Ермекбаев масъалаҳои таҳкими ҳамкории бисёрҷониба, бахусус дар самти ҳифзи муҳити зист ва пиряхҳо баррасӣ шуданд.
Мулоқот бо Котиби иҷроияи ЭСКАТО
Зимни суҳбат бо Котиби иҷроияи Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии Созмони Милали Муттаҳид барои Осиё ва Уқёнуси Ором (ЭСКАТО) Армида Салсиаҳ Алишаҳбана, ҳамкории дуҷониба дар бахши обу иқлим ва имконоти рушди онҳо мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Мулоқот бо Ёвари Дабири кулли СММ
Вазири корҳои хориҷӣ бо ёвари дабири кулли СММ, муовини мудири Барномаи рушди СММ (UNDP) ва ҳамзамон директори минтақавии UNDP барои Аврупо ва кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Ивана Живкович дидору гуфтугӯ анҷом дод.
Ҷонибҳо лоиҳаҳои мавҷуда ва дурнамои равобити судмандро баррасӣ намуданд.
Мулоқот бо Муовини вазири корҳои хориҷии Индонезия
Дар мулоқот бо муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Индонезия Арманата Носир вазъ ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Индонезия муҳокима шуданд.
Мулоқот бо Намояндаи вижаи Иттиҳоди Аврупо оид ба Осиёи Марказӣ
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо оид ба Осиёи Марказӣ Эдуардс Стипрайс масоили густариши муколамаи сиёсӣ ва ҳамкории амалӣ дар бахшҳои энергетикаи сабз, рақамикунонӣ ва амниятро баррасӣ намуданд.
Мулоқот бо Вазири давлатии Ҷопон оид ба корҳои хориҷӣ
Сироҷиддин Муҳриддин бо вазири давлатии Ҷопон оид ба корҳои хориҷӣ Фуҷии Ҳисаюки дар мавриди густариши ҳамкориҳо дар чаҳорчӯби “Осиёи Марказӣ + Ҷопон” ва лоиҳаҳои муштарак табодули афкор намуд.
Мулоқот бо Директори генералии ИСЕСКО
Зимни суҳбат бо Директори генералии Созмони ҷаҳонии исломӣ оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг (ИСЕСКО) Салим ал-Малик масоили ҳамкорӣ дар соҳаҳои илм, маориф ва фарҳанг баррасӣ гардиданд.
Мулоқот бо Вазири таҳсилоти олӣ ва касбии Зимбабве
Дар мулоқот бо Вазири таҳсилоти олӣ ва касбии Зимбабве/Раиси Комиссияи миллии Зимбабве оид ба корҳои ЮНЕСКО Фредерик Макамуре Шава ҷонибҳо густариши равобит дар бахшҳои маориф, илм ва фарҳангро муҳокима намуда, омодагии худро ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак таъкид намуданд.
Ёдовар мешавем, роҳбарони ҳайатҳои кишварҳо ва созмонҳои байналмилалӣ барои иштирок Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо ба пойтахти Тоҷикистон ташриф оварда буданд.
АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
















Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо роҳбарони ҷамъиятҳои тоҷикон дар шимолу ғарби Русия вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо Губернатори вилояти Ленингради Русия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон дар Русия бо ҷавонон ва донишҷӯёни тоҷик дар шаҳри Санкт-Петербург мулоқот намуд
Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо ва ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо конфронси миллӣ баргузор шуд
Оид ба тадбирҳои технологии ҳифзи пиряхҳо дар шароити тағйирёбии иқлим конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Женева дурнамо ва рушди ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ баррасӣ шуд
Сафири Тоҷикистон бо Губернатори Санкт – Петербург мулоқот намуд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Сомонаи расмии Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018–2028» фаъол гардид
Барои иштирок дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» бақайдгирӣ оғоз ёфт
Дар Қоҳира ҳамкорӣ байни ширкатҳои Тоҷикистону Миср баррасӣ гардид
Дар Душанбе Ҷаласаи навбатии Шурои сарони ҳукуматҳо (сарвазирон)-и давлатҳои узви СҲШ доир мегардад
Сафири Тоҷикистон бо муовини якуми Раиси Бонки марказии Арабистони Саудӣ мулоқот намуд






