Сироҷиддин Муҳриддин бо роҳбарони ҳайатҳои кишварҳо ва созмонҳои байналмилалӣ мулоқотҳои судманд анҷом дод

Май 31, 2025 17:30

ДУШАНБЕ, 31.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. 30–31 май дар ҳошияи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо, ки дар шаҳри Душанбе доир гардид, Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо рохбарони ҳайатҳои кишварҳо ва созмонҳои байналмилалӣ мулоқотҳои судманд анҷом дод, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар ҷараёни мулоқотҳо  масъалаҳои марбут ба ҳамкорӣ дар соҳаҳои мубрами ҷаҳонӣ, аз ҷумла ҳифзи муҳити зист, тағйирёбии иқлим, обу пиряхҳо, инчунин густариши муносибатҳои ду ва бисёрҷониба баррасӣ гардиданд.

Мулоқот бо Директори иҷроияи Хазинаи кӯдакони СММ

Сироҷиддин Муҳриддин бо Директори иҷроияи Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) Кетрин Рассел дидор намуд.

Ҷонибҳо таъсири тағйирёбии иқлим ба кӯдакон ва ҷавононро муҳокима намуда, омодагии худро ба таҳкими ҳамкориҳо иброз намуданд.

Мулоқот бо Дабири кулли Созмони ҳамкории Шанхай

Дар мулоқот бо Дабири кулли Созмони ҳамкории Шанхай Нурлан Ермекбаев масъалаҳои таҳкими ҳамкории бисёрҷониба, бахусус дар самти ҳифзи муҳити зист ва пиряхҳо баррасӣ шуданд.

Мулоқот бо Котиби иҷроияи ЭСКАТО

Зимни суҳбат бо Котиби иҷроияи Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии Созмони Милали Муттаҳид барои Осиё ва Уқёнуси Ором (ЭСКАТО) Армида Салсиаҳ Алишаҳбана, ҳамкории дуҷониба дар бахши обу иқлим ва имконоти рушди онҳо мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

Мулоқот бо Ёвари Дабири кулли СММ

Вазири корҳои хориҷӣ бо ёвари дабири кулли СММ, муовини мудири Барномаи рушди СММ (UNDP) ва ҳамзамон директори минтақавии UNDP барои Аврупо ва кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Ивана Живкович дидору гуфтугӯ анҷом дод.

Ҷонибҳо лоиҳаҳои мавҷуда ва дурнамои равобити судмандро баррасӣ намуданд.

Мулоқот бо Муовини вазири корҳои хориҷии Индонезия

Дар мулоқот бо муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Индонезия Арманата Носир вазъ ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Индонезия муҳокима шуданд.

Мулоқот бо Намояндаи вижаи Иттиҳоди Аврупо оид ба Осиёи Марказӣ

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо оид ба Осиёи Марказӣ Эдуардс Стипрайс масоили густариши муколамаи сиёсӣ ва ҳамкории амалӣ дар бахшҳои энергетикаи сабз, рақамикунонӣ ва амниятро баррасӣ намуданд.

Мулоқот бо Вазири давлатии Ҷопон оид ба корҳои хориҷӣ

Сироҷиддин Муҳриддин бо вазири давлатии Ҷопон оид ба корҳои хориҷӣ Фуҷии Ҳисаюки дар мавриди густариши ҳамкориҳо дар чаҳорчӯби “Осиёи Марказӣ + Ҷопон” ва лоиҳаҳои муштарак табодули афкор намуд.

Мулоқот бо Директори генералии ИСЕСКО

Зимни суҳбат бо Директори генералии Созмони ҷаҳонии исломӣ оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг (ИСЕСКО) Салим ал-Малик масоили ҳамкорӣ дар соҳаҳои илм, маориф ва фарҳанг баррасӣ гардиданд.

Мулоқот бо Вазири таҳсилоти олӣ ва касбии Зимбабве

Дар мулоқот бо Вазири таҳсилоти олӣ ва касбии Зимбабве/Раиси Комиссияи миллии Зимбабве оид ба корҳои ЮНЕСКО Фредерик Макамуре Шава ҷонибҳо густариши равобит дар бахшҳои маориф, илм ва фарҳангро муҳокима намуда, омодагии худро ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак таъкид намуданд.

Ёдовар мешавем, роҳбарони ҳайатҳои кишварҳо ва  созмонҳои байналмилалӣ барои иштирок Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо ба пойтахти Тоҷикистон ташриф оварда буданд.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 31, 2025 17:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Абу Забӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Сироҷиддин Муҳриддин бо вазирони корҳои хориҷии Салтанати Умон, Габон, Кипр ва Сингапур мулоқот намуд
Ба ифтихори дохил гардидани Резервати биосферии Ромит ба Шабакаи ҷаҳонии мамнуъгоҳҳои биосферии ЮНЕСКО конфронс доир шуд
Дар Ню-Йорк омодагӣ ба Конфронси оби СММ – 2028 дар шаҳри Душанбе баррасӣ гардид
Идомаи сафари расмии Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода  дар Ҷумҳурии Озарбойҷон
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Дабири кулли Созмони ҳамкории рақамӣ вохӯрӣ намуд
Таҳти ҳамоҳангсозии Тоҷикистон ҷаласаи сафирони Гурӯҳи кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ доир гардид
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар якчанд чорабинии сатҳи баланд дар Ню-Йорк иштирок намуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо раиси иҷлосияи 81-уми Маҷмаи умумии СММ мулоқот намуд
Президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев бо Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Сандуқи кувайтӣ барои рушди иқтисодии арабӣ баррасӣ шуд
Вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Эрон дар Ню-Йорк мулоқот намуданд