ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 23 май, ҷумъа, 143-юмин рӯзи соли 2025 аст

23 майи соли 1997 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони ҷавони Тоҷикистон мулоқот намуда, фармон «Оид ба баъзе масъалаҳои беҳтар кардани кор бо ҷавонон»-ро ба имзо расониданд. Маҳз ҳамин рӯзи таърихӣ боис шуд, ки 23 май Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон эълон гардад.
***
Дар ин рӯзи соли 2012 Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Ҳисор сафари корӣ анҷом дода, бо навсозии роҳи мошингарди Душанбе-Турсунзода, дастовардҳои кишоварзони шаҳри Ҳисор дар бахшҳои ғаллакорӣ, пахтакорӣ, боғутокпарварӣ ва чорводорӣ шинос шуданд.
***
23 майи соли 2019 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара роҳи мошингарди «Данғара – Пушинг»-ро мавриди истифода қарор доданд. Ин роҳ деҳаҳои Пушинг, Алиҷон, Ғиҷовак ва Паркамчиро бо маркази ноҳияи Данғара мепайвандад ва дарозии он 18 километрро ташкил медиҳад.
***
23 майи соли 2019 дар шаҳри Душанбе Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Академияи илмҳои Ҷумҳурии Мардумии Чин таҳти унвони «Мушоҳидаҳои фосилавӣ ва технологияи истифодаи ҳавопаймоҳҳои бесарнишин» конференсияи байналмилалии илмию амалӣ баргузор намуд, ки дар он ҳавопаймоҳои бесарнишини Маркази муштараки илмӣ-таҳқиқотии Тоҷикистон ва Чин оид ба истифодаи ҳавопаймоҳои бесарнишин таҷриба карда шуданд. Чунин ҳамоиши илмӣ бо ҷалби васеи олимон, коршиносон ва мутахассисон дар Осиёи Марказӣ маротибаи аввал доир карда шуд.
***
Соли 2022 дар доираи сафари гурӯҳи кории ҳайати фарҳангӣ – соҳибкории Санкт-Петербург дар шаҳри Душанбе ҳамоиши фарҳангию кории Санкт-Петербург баргузор гардид. Дар он роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва намояндагони сохторҳои марбутаи пойтахт иштирок намуданд.
***
Соли 2022 дар доираи Фестивали якуми байналмилалии гулдӯзӣ, заргарӣ ва зардӯзӣ дар Бухоро намоишгоҳи «Bukhara fashion days» баргузор шуд, ки дар он тарроҳи тоҷик Саидҷалол Махсумов низ ҳунари дастиашро ба тамошо гузошт.
***
23 майи соли 2023 дар Ню-Йорк ҳамбастагии рӯзномаи ҷаҳонии об ва коҳиши хатари офатҳои табиӣ баррасӣ карда шуд.
23 МАЙ ТАҶЛИЛ МЕГАРДАД:
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон — Рӯзи ҷавонон.
***
Дар Озарбойҷон — Рӯзи кормандони Вазорати экология ва захираҳои табиӣ.
***
Дар Ямайка — Рӯзи меҳнат.