ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 24 май, шанбе, 144-умин рӯзи соли 2025 аст

Май 24, 2025 08:00

24 майи соли 1993 муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон нахустин бор бо сафари расмӣ ба шаҳри Москваи Федератсияи Русия сафар намуданд.

***

24 майи соли 2001 дар Минск вохӯрии 10-уми Шурои роҳбарони  сохторҳои амниятӣ ва хадамоти махсуси кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид. Дар ҷаласа масъалаҳои  ба роҳ мондани чорабиниҳои муштараки фаврӣ-ҷустуҷӯӣ нисбат ба ҷамъиятҳои муташаккилонаи фаромиллии ҷиноятӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

***

24 майи соли 2009 дар шаҳри Душанбе бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маросими пешвозгирии расмии Президенти вақти Хорватия Степан Месача баргузор гардид.

***

24 майи соли 2010 дар шаҳри Душанбе конфронси илмӣ-байналмилалӣ барои ҷавонон-тарҷумонҳои асарҳои бадеии кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид.

***

24 майи соли 2011 дар Тоҷикистон аввалин маротиба дар Осиёи Марказӣ Маркази пайвандсозии узвҳо ва бофтаҳои бадани одам ба фаъолият шуруъ кард.

***

Дар ин рӯзи соли 2014 дар Беларус бо қарори Шурои илмӣ Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо унвони «Профессори фахрии Донишгоҳи Давлатии Беларус» сарфароз гардонида шуданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2014 байни Тоҷикистон ва Беларус 10 ҳуҷҷати байнидавлатӣ имзо шуд.

***

24 майи соли 2017 дар Котиботи Созмони ҳамкории Шанхай дар шаҳри Пекин бахшида ба муаррифии санади стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон – Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ҳамоиш доир гардид.

***

24 майи соли 2019 дар ноҳияи Данғара Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолон ва сокинони вилояти Хатлон мулоқот намуданд.

***

24 майи соли 2022 тавсеаи ҳамкории Тоҷикистон бо давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар соҳаи сайёҳӣ дар Тошканд баррасӣ шуд.

***

24 майи соли 2023 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Турсунзода бинои шуъбаи минтақавии мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил дар гурӯҳи ноҳияҳои Ҳисори Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2023 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» ба бунёди аввалин корхонаи истеҳсоли таҷҳизоти панелҳои офтобӣ санги асос гузошта, бо лоиҳаи иншооти сохташаванда шинос шуданд.

24 МАЙ ТАҶЛИЛ МЕГАРДАД:

Дар Олмон — Иди қулфинай.

***

Рӯзи байналмилалии аврупоии боғҳо

ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД:

Саймуддин Бурҳонов -соли 1907- овозхони тоҷик, Ҳофизи халқии Тоҷикистон (1964).

Май 24, 2025 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш