ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 25 май, якшанбе, 145-умин рӯзи соли 2025 аст

Май 25, 2025 08:04

25 майи соли 1993 дар ҷараёни аввалин сафари расмии муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳри Москва – пойтахти Федератсияи Русия якчанд ҳуҷҷати дуҷонибаи байнидавлатӣ ба  имзо расид, ки ба рушди муносибатҳои минбаъдаи ҳуқуқию дипломатии ду давлат замина гузошт.

***

25 майи соли 2004 дар сарҳади Тоҷикистон ва Чин нуқтаи назоратии Кулма-Қаросу  ба истифода дода шуд.

***

25 майи соли 2016 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси Шурои Арабистони Саудӣ доктор Абдуллоҳ ибни Муҳаммад ибни Иброҳим Оли Шайх вазъ ва дурнамои муносибатҳои дуҷонибаи ҳарду давлатро мавриди баррасӣ қарор доданд.

***

25 майи соли 2015 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи Шурои роҳбарони мақомоти амният ва хадамоти махсуси кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид.

***

Дар ин рӯзи соли 2016 дар шаҳри Душанбе бизнес-форуми соҳибкорони Покистон ва Тоҷикистон баргузор шуд.

***

25 майи соли 2017 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри миллат бо Вазири корҳои хориҷӣ ва ҳамкории байналмилалии Амороти Муттаҳидаи Араб Шайх Абдулло бин Зойид Оли Наҳён мулоқот баргузор намуданд. Зимни мулоқот ба ҳамкории густурдаи дуҷониба дар соҳаҳои гидроэнергетика, нақлиёту коммуникатсия, саноати кӯҳӣ, кишоварзӣ, ҷалби қувваи корӣ аз Тоҷикистон ба Амороти Муттаҳидаи Араб ва сайёҳӣ мароқ зоҳир гардид. Ҷонибҳо доир ба масоили вазъи амниятии ҷаҳони ислом, мубориза бар зидди терроризму экстремизми байналмилалӣ ва пешгирию бартараф кардани хатару таҳдидҳои нави ҷаҳони муосир ҳамфикрӣ баён намуда, барои тақвияти ҳамдастӣ дар ин самт дар шакли барои ҷонибҳо мақбулу муҳим изҳори омодагӣ намуданд.

***

Соли 2021 дар шаҳри Бохтар Форуми байналмилалии тиҷоратӣ ва намоишгоҳи «Бохтарфуд-2021» оғоз ёфт. Дар форум намояндагон аз давлатҳои Узбекистон, Русия, Беларус, Эрон ва намояндагони  барномаи ЮСАИД  иштирок карда, дар майдони 70-солагии  водии Вахш маҳсулоти кишоварзии аз ҷиҳати экологӣ тоза ва босифат, инчунин маҳсулоти саноатии вилояти Хатлон ба намоиш гузошта шуд.

***

Соли 2021 дар Анҷумани осор ва мафохири фарҳангии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ҳамкорӣ бо Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Теҳрон маҳфили маҷозии бузургдошти 80-солагии Шоири халқии Тоҷикистон шодравон Лоиқ Шералӣ бо суханронии намояндагони аҳли адабу фарҳанги ду мамлакат  баргузор гардид.

***

25 майи соли 2022 дар Душанбе машваратҳои солонаи сиёсӣ байни Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико  доир гардиданд.

***

25 майи соли 2023 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи васеи Шурои олии иқтисодии авруосиёи Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё ба ҳайси Роҳбари давлати даъватшуда дар шакли маҷозӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2025 Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе, Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар чаҳорчӯби таҷлили Рӯзи ҷаҳонии футбол дар фестивали футбол дар шаҳри Душанбе иштирок намуданд.

25 МАЙ ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Рӯзи ҷаҳонии футбол

***

Рӯзи ҷаҳонии ғадуди сипаршакл.

***

Рӯзи байналмилалии кӯдакони гумгашта.

***

Рӯзи озодкунии Африқо.

Май 25, 2025 08:04

Хабарҳои дигари ин бахш