ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 май, душанбе, 146-умин рӯзи соли 2025 аст

Май 26, 2025 08:00

Соли 1928 дар ҷаласаи ФИФА доир ба ҳар чор сол як маротиба доир намудани Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол қарор қабул карда шуд.

***

26 майи соли 2011 аввалин маротиба маҷлиси умумии солонаи саҳомони Неругоҳи барқи обии «Роғун» баргузор шуд.

***

26 майи соли 2012 дар шаҳри Душанбе Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо гурӯҳи эҷодии маҷаллаи «The European Times» мусоҳибаи хоcса анҷом доданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2014 20-солагии таъсиси Қӯшунҳои сарҳадии ҷумҳурӣ бо иштироки  Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  бо  гузашти низомӣ  дар майдони Дӯстии пойтахт  таҷлил гардид.

***

26 майи соли 2014 бо мақсади мустаҳкам намудани дӯстию бародарии халқҳо ва ошноӣ бо фарҳанги якдигар дар Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳангии Федератсияи  Русия баргузор гардид.

***

26 майи соли 2015 дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе бозиҳои 1/8-финалии Ҷоми КФО-2015 байни дастаҳои  «Истиқлол» (Тоҷикистон) ва «Ал-Ваҳдой» (Сурия) баргузор гардиданд.

***

26 майи соли 2015 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи Шурои роҳбарони сохторҳои амниятӣ ва хадамоти махсуси кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид.

***

Дар ин рӯзи соли 2017 аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қарори Ҳукумат «Дар бораи Барномаи рушди футбол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2021»-ро мавриди баррасӣ қарор доданд.

***

26 майи соли 2018 тифле ба дунё омад, ки аҳолии мамлакатро ба  9 миллион расонид. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон падару модари тифли 9-миллионаи тоҷикро табрик гуфта, ба Раиси шаҳри Душанбе дастур доданд, ки оилаи мазкурро  бо хонаи истиқоматӣ таъмин намояд. Дар ин робита Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ доир ба ҷудо намудани хонаи сеҳуҷрагӣ аз маркази пойтахт ба Назира Муллоҷонова қарори дахлдорро имзо намуданд.

***

26 майи соли 2022 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин ҳамчунин бо роҳбарону фаъолон ва аҳли Ҷамоати деҳоти Нуриддин Маҳмудов мулоқот ва суҳбати самимии сарироҳӣ доир намуданд.

***

26 майи соли 2023 намояндаи Парлумони Тоҷикистон дар конфронси байналмилалии илмӣ-амалӣ дар Беларус иштирок намуд.

26 МАЙ ТАҶЛИЛ МЕГАРДАД:

Дар Тоҷикистон —  Рӯзи адвокатҳо.

***

Дар Полша — Рӯзи модар.

 

Май 26, 2025 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш