ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 4 май, якшанбе, 124-умин рӯзи соли 2025 аст

Май 4, 2025 08:00

4 майи соли 2012 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муовини Сарвазир-Вазири корҳои хориҷии Шоҳигарии Белгия Дидйе Рейндерс ва вазири мудофиаи ин давлат Питер де Кримро ба ҳузур пазируфтанд. Дар мулоқот масоили вобаста ба муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории судбахши Тоҷикистон ва Белгия мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

***

4 майи соли 2018 дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мушорикати Созмони Милали Муттаҳид (СММ), Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) ва Иттиҳоди Аврупо таҳти унвони «Муқовимат ба терроризм ва ифротгароии хушунатомез» конфронси байналмилалии сатҳи баланд баргузор гардид.

***

4 майи соли 2021 мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндаи махсуси Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба мусолиҳа дар Афғонистон Залмай Халилзод, ки ба Тоҷикистон ташриф овард, баргузор гардид.

***

4 майи соли 2022 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев суҳбати телефонӣ анҷом доданд.

***

4 майи соли 2023  дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон маросими истиқболи расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри «Оқ-Орда» баргузор гардид.

***

4 майи соли 2023 ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Шурои вазирони корҳои хориҷии Созмони ҳамкории Шанхай дар Гоаи Ҳиндустон иштирок намуд.

4 МАЙ ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Дар Тоҷикистон- Рӯзи кормандони мақомоти андоз

***

Дар Чин — Рӯзи ҷавонон

***

Рӯзи байналмилалии оташнишонон

Май 4, 2025 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш