ТАЪТИЛИ ТОБИСТОНА. Дар ин давра маҳфилҳои ҳунару забономӯзӣ ва варзишию фарҳангии ройгон ташкил карда мешаванд

Май 18, 2025 15:20

ДУШАНБЕ, 18.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. То ба анҷом расидани соли хониш рӯзҳои башумор боқӣ мондаанд. Дар таътили тобистона аз ҷониби Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе хонандагон ба муассисаҳои таҳсилоти иловагии шаҳри Душанбе, аз ҷумла ба Маркази кӯдакон ва наврасон ва марказҳои кӯдакон ва наврасони чор ноҳияи пойтахт ҷалб гардида, дар маҳфилҳои ҳунаромӯзӣ, забономӯзӣ, варзишӣ ва фарҳангӣ ба таври ройгон фаро гирифта мешаванд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Сарраёсати маориф хабар доданд.

Аз ҷониби Сараёсати шаҳр бо мақсади иҷрои дастури Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хонандагон китобҳо пешниҳод карда мешаванд. Аз ин рӯ ба роҳбарони синф супориш дода шудааст, ки баъд аз таътил ҷараёни хониши онҳо назорат карда шавад. Ин яке аз омилҳои ҷалби хонандагон ба китобхонӣ мебошад.

Директори Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе» Назрихуҷа Сайдалиев иброз дошт, ки марказ барои хонандагони муассисаҳои таъсилоти миёнаи умумӣ тамоми шароит: синфхонаҳои иловагӣ, гӯшаи тавсияи китобҳое, ки аз ҷониби Вазорати маориф ва илм ба хонандагон пешниҳод гардидаанд ва китобҳоеро, ки барои Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ба иштирокчиён тавсия дода шудаанд, фароҳам овардааст. Ҳамчунин дар ин марказ байни таълимгирандагон озмунҳои гуногун баргузор карда мешаванд.

Дар Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе» бо мақсади ҳадафнок гузаронидани давраи таътил зиёда аз 40 маҳфили забономӯзӣ, аз ҷумла руси англисӣ, олмонию чинӣ ва фаронсавӣ амал менамоянд. Инчунин маҳфилҳои ҳунаромӯзӣ ва бадеию варзишӣ фаъолият доранд, ки дар онҳо омӯзгорони соҳибкасбу соҳибтаҷриба машғулият мегузаронанд. Дар марказ маҳфилҳои ҳунаромӯзӣ, забономӯзӣ, варзишӣ ва фарҳангӣ фаъолият намуда, дар онҳо таълимгирандагони аз 7 то 21-сола ба таври ройгон фаро гирифта мешаванд.

Имрӯзҳо дар тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ   марказҳои  кӯдакон ва наврасон, ҳамчунин   дар назди муассисаҳои таълимӣ  маҳфилҳои гуногун фаъолият дошта,  дар мактабҳо дар вақти таътил   дарсҳои иловагӣ ба таври  ройгон ташкил карда мешаванд.  Муассисаҳои таълимӣ бо  ин мақсад нақшаи чорабиниҳоро  тасдиқ  намуданд, ки дар онҳо бештар  баргузории  мусобиқаҳои варзишӣ  ва  озмунҳои дохилимактабӣ дар назар дошта шудаанд.

Дар робита ба эълони “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи маориф” ба Вазорати маориф ва илм дастур дода шуд, ки аз рӯйи фанҳои дақиқ ҳар сол озмунҳои байналмилалӣ, ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ ва шаҳриву ноҳиявиро бо зиёд кардани шумораи ҷойҳои ифтихорӣ ва қадрдонии ғолибон гузаронанд.

Ин иқдом дар мамлакат ба рушди тафаккури техникӣ ва тавсеаи ҷаҳонбинии илмии ҷомеа такони ҷиддӣ мебахшад. Зеро давоми  таърих халқи тоҷик ба илм ва таълиму тарбия эҳтироми хос дошта, нобиғаҳои он дар рушди илмҳои дақиқ ҳиссаи бузург гузоштаанд.

Ба андешаи таҳлилгарон, аввалин сарчашмаи таъсирро дар тарбияи фарзанд волидайн мегузоранд. Сипас, дабистону мактабҳо, мураббиву муаллимҳо низ нақши бузург хоҳанд дошт. Вале танҳо масъулиятро ба сари падару модар ва мактабу донишгоҳ  бор намудан мумкин нест, зеро омилҳои дигаре низ вуҷуд доранд, ки инҳо таъсири беруна ва истифодаи бемавриди интернет мебошанд. Агар насли наврас босавод ва хештаншиносу ватандӯст бошад, ҳеҷ гоҳ гумроҳ ва беҳудагард намешавад. Пас, барои ояндаи дурахшони фарзандон ва ободии Тоҷикистон набояд бетараф бошем.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Май 18, 2025 15:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Эмомалӣ Раҳмон: «Муассисаи таълимии №6-и шаҳри Хоруғ ба номи шодравон Алишери Мирзонабот гузошта шавад»
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6-ро мавриди истифода қарор доданд
Солҳои охир теъдоди муассисаҳои таълимӣ дар Бадахшон ба таври бесобиқа афзоиш ёфтааст
Дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар шаҳру ноҳияҳои Суғд 986 муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
Байни Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон ва Донишгоҳи технологии Ланҷоу Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
157 довталаб аз шаҳри Душанбе ба даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» роҳхат гирифтанд
ТАШАББУСИ ТОҶИКИСТОН ДАР РУШДИ ЗЕҲНИ СУНЪИИ БЕХАТАР ДАР АРСАИ ҶАҲОНӢ. Мулоҳизаҳо дар ин маврид
Доир ба масоили муҳими соҳаи нақлиёт ва инфрасохтори роҳҳо конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд
ФАРДОИ ТОҶИКИСТОН ИМРӮЗ ДАР МАКТАБ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Рӯзи дониш
Зиёда аз 40 ҳазор нафар ҷавонони Тоҷикистон дар муассисаҳои таҳсилоти олии қариб 50 кишвари ҷаҳон илму дониш ва касбҳои муосир меомӯзанд
Масоили омода намудани мутахассисон дар дохил ва хориҷи Тоҷикистон баррасӣ шуд
350 нафар донишҷӯёни тоҷик дар Ҷумҳурии Корея таҳсил менамоянд