Тоҷикистон чун давлати дорои захираҳои бузурги об ва пирях дар масъалаи ҳифзи обу пиряхҳо нақши муҳим дорад

ДУШАНБЕ, 17.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. 29-31 май дар шаҳри Душанбе Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо баргузор мегардад. Дар доираи ин конфронси муҳими байналмилалӣ баргузории чорабиниҳои зиёди канорӣ низ ба нақша гирифта шудаанд. Хабарнигори АМИТ «Ховар» ин мавзуъро шарҳ медиҳад.
Ходими калони илмии Муассисаи давлатии илмии «Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон» Убайдулло Убайдуллоев иброз дошт, ки Конфронси байналмилалии Созмони Миллали Муттаҳид оид ба ҳифзи пиряхҳо, ки дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, аввалин Конфронси сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо дар миқёси ҷаҳон мебошад. Мақсади асосии конфронс ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба масъалаи ҳифзи пиряхҳо, таъсири тағйирёбии иқлим ва гармшавии глобалӣ ба онҳо мебошад.
Пешниҳоди силсилаташаббусҳои марбут ба ҳифзи захираҳои обӣ ва пиряхҳо аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Созмони Милали Муттаҳид, баргузории ин конфронси сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо дар Душанбе аз он дарак медиҳад, ки Тоҷикистон ҳамчун ҷумҳурии кӯҳӣ ва дорои захираҳои бузурги обӣ ва пиряхӣ дар масъалаи ҳифзи пиряхҳо нақши муҳим мебозад.
Дар ҳошияи баргузории конфронс Маркази омӯзиши пиряхҳо баргузории чорабиниҳои зеринро ба нақша гирифтааст:
22 май Маркази омӯзиши пиряхҳо дар якҷоягӣ бо Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон озмуни «Беҳтарин тасвир» дар мавзуи «Пиряхҳои Тоқикистон: зебоӣ ва ҳифзи онҳо» баргузор менамояд.
27 май дар якҷоягӣ бо ЮНЕСКО дар мавзуи «Ҳолати муосири яхбандиҳои Осиёи Марказӣ ва арзёбии обнокии дарёҳо» конфронс баргузор мешавад.
29 май якчанд чорабиниҳо, аз ҷумла дар мавзуи «Пешрафти омӯзиши криосфераи Тоҷикистон: дастовардҳои муосир ва самтҳои ояндадор» дар якҷоягӣ бо Донишгоҳи Осиёи Марказӣ, дар якҷоягӣ бо Агентии байналхалқӣ оид ба энергияи атом (МАГАТЭ) дар мавзуи «Изотопҳо ва технологияҳои муосир дар омӯзиши пиряхҳо», дар якҷоягӣ бо Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар мавзуи «Илм ва пиряхҳо», дар якҷоягӣ бо Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон форум таҳти унвони «Форуми минтақавӣ оид ба мониторинги пиряхҳо ва криосфера дар Осиёи Марказӣ» баргузор мешаванд. Дар ин чорабиниҳо масъалаҳои илмии омӯзиш ва ҳифзи пиряхҳо баррасӣ гардида, барои иштирок дар он олимону коршиносони соҳа даъват шудаанд.
«Инчунин марказ то баргузории конфронс нашри 5 монография оид ба ҳолати имрӯзаи пиряхҳои Тоҷикистон ва нашри зиёда аз 6 дастури таълимиву китобҳоро ба нақша гирифтааст. Нашри ин маводи илмӣ дастоварди беназир дар илми глатсиолоияи тоҷик хоҳад буд»,-гуфт Убайдулло Убайдуллоев.
Бояд гуфт, ки Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо платформаи муҳими ҷаҳонӣ маҳсуб мешавад, ки ҳадафаш ҷамъ овардани ҷомеаи илмӣ, пешвоёни сиёсӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар посух ба таҳдидҳои афзояндаи коҳиши босуръати пиряхҳо мебошад.
Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо аз минбарҳои баланди байналмилалӣ дар бораи обшавии пиряхҳо дар ҷаҳон ва пайомадҳои он дар натиҷаи тағйири иқлим бонги изтироб зада буданд. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар мулоқоти якуми Панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об ва иқлим дар шакли видеоконференсия 3 марти соли 2021 пешниҳод намуданд, ки соли 2025-ум Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон гардида, санаи Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо муайян карда шуда, Бунёди махсуси байналмилалии ҳифзи пиряхҳо таъсис дода шавад.
Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар заминаи пешниҳоди созандаи Президенти Тоҷикистон 14 декабри соли 2022 зимни ҷаласаи 77-ум соли 2025-ро Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва 21 мартро Рӯзи умумиҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо эълон намуда, дар назди Созмони Милали Муттаҳид Фонди боварии байналмилалӣ барои саҳмгузорӣ ба ҳифзи пиряхҳоро таъсис дод.
Инчунин дар доираи ин қатънома доир намудани аввалин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо дар шаҳри Душанбе қабул гардид.
Раъно НУСРАТУЛЛО,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»