Тоҷикистон дар бандари «Чобаҳор»-и Эрон маркази логистикӣ таъсис медиҳад
ДУШАНБЕ, 16.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки дар бандари «Чобаҳор»-и Эрон маркази логистикӣ таъсис дода, дар он бо ширкати соҳибкорони тоҷик терминалҳо ва анборҳо бунёд намояд. Ин масъала дар ҷаласаи 17-уми Комиссияи муштарак оид ба ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва илмию техникии Тоҷикистону Эрон, ки дар шаҳри Шероз баргузор шуд, баррасӣ гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати нақлиёти Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Ҳайатҳои ду давлат ба мувофиқа расиданд, ки то охири шашмоҳаи якуми соли 2025 ҷониби Тоҷикистон лоиҳаи бунёди маркази логистикиро таҳия ва ба ҷониби Эрон ирсол менамояд. Пас аз қабули ин санад ҷониби Эрон давоми як моҳ онро баррасӣ карда, ба ҷониби Тоҷикистон лоиҳаи шартномаи ҳамкориро бо назардошти имтиёзҳои давлатӣ ва муайян намудани маблағи дақиқи сармоягузорӣ пешниҳод месозад.
Ҳамин тариқ, Тоҷикистон, ки то ҳол ба баҳр баромади мустақим надорад ва мехоҳад иқтисоди худро диверсификатсия кунад, бо таъсиси маркази логистикии худ дар бандари «Чобаҳор», ки дар вилояти Сиистону Балуҷистони Эрон ҷойгир аст, ба зудӣ метавонад дар доираи долони байналмилалии мултимодалии нақлиётии «Чин-Тоҷикистон-Узбекистон-Туркманистон-Эрон-Туркия-Аврупо» ба уқёнуси Ҳинд роҳ ёбад.
Ҳамзамон бо ин Тоҷикистон метавонад бо кишварҳои минтақаи Осиё, Уқёнуси Ором ва ҳошияи ин уқёнус, кишварҳои Халиҷ ва ҳатто Африқои шарқӣ равобити фаъоли иқтисодиро густариш диҳад.
Тибқи иттилои манбаъ, ҳайати Вазорати нақлиёти Тоҷикистон таҳти сарварии муовини Вазири нақлиёт Шоиста Саидмуродзода дар Эрон қарор дошт ва бо маҷмааи бандарии «Чобаҳор», ки дар ҷанубу шарқии Эрон, дар шимоли баҳри Уммон ва уқёнуси Ҳинд ҷойгир аст, шинос шуд.
Ҳайати Тоҷикистон бо муовини Вазири роҳ ва шаҳрсозӣ, Раиси Созмони банодир ва дарёнавардии Эрон Саид Расулӣ, инчунин бо роҳбарияти Минтақаи озоди иқтисодӣ ва бандари баҳрии «Чобаҳор» мулоқот намуд. Намояндагони Тоҷикистон бо имконот ва иқтидори Минтақаи озоди иқтисодӣ ва бандари баҳрии «Чобаҳор» шинос шуданд.
Ба онҳо иттилоъ дода шуд, ки бандар 450 гектарро дар бар гирифта, 10 лангаргоҳи фаъол дорад, ки қодиранд киштиҳои боркашониро бо ғунҷоиши 50 ҳазор тонна қабул кунанд.
Дар Минтақаи озоди иқтисодӣ ва бандари «Чобаҳор» лоиҳаҳои бузурги сармоягузорӣ, аз қабили сохтмони неругоҳи барқӣ, роҳи оҳан, биноҳо барои нигоҳдории молу маҳсулот, инчунин васеъ кардани бандар барои афзоиши имконоти боркашонӣ амалӣ карда мешаванд, ки эътибори ин маркази нақлиётиро дар байни дигар бандарҳои ҷаҳон баланд мебардорад.
АКС: Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Шароит ва имконияти таҳсил дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат беҳтар карда мешавад
ИҚТИСОДИ «САБЗ». Тоҷикистон барои амалисозии он заминаи муносиб фароҳам овард
Дар вилояти Суғд ҳаҷми истеҳсоли тухм афзоиш меёбад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар ҶДММ «Бозори Корвон плюс» вохӯрӣ доир шуд
Интернет барои идора: чӣ тавр метавон кормандонро бо дастрасии боэътимод таъмин кард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Сокинони ноҳияи Лахш имсол дар майдони 5552 гектар картошка шинонданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Ваҳдати миллӣ асоси татбиқи ҳадафҳои стратегӣ дар солҳои соҳибистиқлолӣ мебошад






