ТОҶИКИСТОН — САРЗАМИНИ ПИРЯХҲО ВА ТАШАББУСҲОИ ҶАҲОНӢ. Конфронси Душанбе оғози марҳилаи нав дар самти ҳифзи пиряхҳо мегардад

Май 28, 2025 13:30

ДУШАНБЕ, 28.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пасманзари шиддат гирифтани буҳрони иқлимӣ дар арсаи ҷаҳонӣ ба унвони давлате шинохтаю эътироф шудааст, ки на танҳо аз тағйирёбии иқлим азият мекашад, балки барои пешгирӣ аз он ташаббусҳои муҳими ҷаҳонӣ низ ба миён мегузорад. Тоҷикистон, ки дар Осиёи Марказӣ мавқеи хоси ҷуғрофиро ишғол менамояд ва дорои бузургтарин захираҳои оби тоза дар минтақа мебошад, давоми зиёда аз ду даҳсола нақши пешвоии байналмилалиро дар пешбурди рӯзномаи об ва иқлим ба уҳда гирифтааст.

Бояд гуфт, ки аз соли 2003 инҷониб Тоҷикистон таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон якчанд ташаббусҳои ҷаҳонии эътирофгардида, аз қабили Соли байналмилалии оби тоза (2003), Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт» (2005-2015) ва Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» (2005-2015)-ро пешбарӣ намудааст. Ин ташаббусҳо аз ҷониби садҳо кишварҳои аъзои Созмони Милали Муттаҳид дастгирӣ ёфта, барои баргузории ҳамоишҳои бузурги байналмилалӣ оид ба масъалаҳои об ва иқлим дар Душанбе замина гардиданд.

Дар баробари ин, Ҷумҳурии Тоҷикистон ташаббусҳоро дар самти мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ низ пеш мебарад, ки сатҳи иловагии уҳдадорӣ ва иштироки фаъоли байналмилалии онро дар муқовимат ба ин зуҳуроти номатлуб ташаккул медиҳанд.

Соли 2025 бо ташаббуси навбатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон гардид. Ин тасмим мантиқан стратегияи иқлимии Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ идома медиҳад. Пиряхҳо дар экосистемаи минтақа мавқеи асосиро ишғол намуда, онҳо тақрибан 75% захираҳои оби тозаи Осиёи Марказиро таъмин мекунанд. Аммо дар зери таъсири тағйирёбии иқлим онҳо зуд об мешаванд, ки ба амнияти обӣ, ғизоӣ ва энергетикии миллионҳо одамон таҳдид менамоянд.

Чорабинии муҳим дар доираи ин ташаббус Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо мебошад, ки аз 29 то 31 майи соли 2025 дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад. Дар ин конфронс беш аз 2500 намоянда аз даҳҳо кишвар, созмонҳои байналмилалӣ, пажӯҳишгоҳҳо ва шарикони рушд иштирок менамоянд. Чорабиниро беш аз 350 хабарнигор, аз ҷумла беш аз 150 нафар аз расонаҳои хориҷӣ, аз қабили «Euronews», «Al Jazeera» ва шабакаҳои телевизионии пешбари Ховари Миёна ва Осиё инъикос менамоянд.

Конфронс дорои аҳамияти фаротар аз минтақа аст. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид намудаанд, ки Тоҷикистон мамлакати кӯҳсор аст ва 93 дарсади қаламрави он душворгузар буда, дорои минтақаҳои аз иқлим осебпазир мебошад. Зимни суханрониҳо дар минбари Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ҳамоишҳои сатҳи байналмилалию ҷаҳонӣ Пешвои миллат таъкид доштанд, ки Тоҷикистон аз оқибатҳои тағйирёбии иқлим, ки ба он амалан ҳеҷ гуна иртибот надорад, азият мекашад ва аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват ба амал оварданд, ки уҳдадориҳои марбут ба иқлимро одилона бар дӯш гиранд.

Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш аз ташаббуси Тоҷикистон пуштибонӣ карда, обшавии пиряхҳоро нишондиҳандаи нигаронкунандаи миқёси буҳрони иқлимӣ номид. Тавре ӯ иброз намуд, кишварҳое, ки дар баробари таҳдидҳои иқлим осебпазир ҳастанд, бояд на танҳо дастгирии сиёсӣ, балки дастрасӣ ба фанноварӣ, дониш ва захираҳои молиявӣ низ дарёфт намоянд. Ҳадафи конфронс дар Душанбе таҳияи роҳҳои мушаххас дар самти рушди майдонҳои илмии байналмилалии табодули маълумот ва технологияҳои иқлимӣ ва татбиқи стратегияҳои мутобиқшавӣ барои кишварҳои осебпазир мебошад.

Дар конфронс пиряхҳо на танҳо ҳамчун манбаи об, балки ҳамчун унсури сармояи табиӣ, ки барои устувории тамоми сайёра муҳим мебошанд, баррасӣ карда мешаванд.

Тоҷикистон ҳамчун пайвандгари илм, сиёсат ва ҳамбастагии байналмилалӣ амал менамояд. Ташаббусҳои он дорои хусусияти декларативӣ (изҳоротӣ) набуда, бакли онҳо амалан аз ҷониби ҷомаи ҷаҳонӣ дастгирии васеъ ёфтаанд. Эътироф кардани пиряхҳо ҳамчун объекти асосии экосистемаҳо ва устувории иқлим на танҳо қадами илмӣ, балки қадами стратегӣ дар самти таҳияи парадигмаи нави иқлим мебошад.

Дар пасманзари тақсимоти ҷаҳонӣ ва ташаннуҷи геосиёсӣ иқдомоти Тоҷикистон бисёр арзишманд буда, онҳо на ба ихтилоф, балки ба муттаҳидсозии талошҳо нигаронида шудаанд. Конфронси Душанбе нишон медиҳад, ки ҳатто як давлати рӯ ба рушд низ метавонад дар ташаккули уҳдадории нави глобалии иқлим нақши назаррас дошта бошад.

Тибқи маълумот, беш аз 60 дарсади захираҳои оби Осиёи Марказӣ дар қаламрави Тоҷикистон ташаккул ёфта, ҷумҳурӣ аз рӯи захираҳои об ба сари аҳолӣ дар қатори давлатҳои пешсафи ҷаҳон қарор дорад. Ин омилҳо ба ташаббуси Тоҷикистон қонунияти стратегӣ ва вазни хоси маънавӣ медиҳанд. Дар шароити босуръат бад шудани вазъи иқлимӣ маҳз ташаббусҳое, ба мисли ташаббусҳои Тоҷикистон барои ташаккули консенсуси ҷаҳонӣ аҳамияти ҳалкунанда доранд. Ва агар ҳадди ақалл бархе аз тасмимҳои дар конфронси Душанбе гирифташуда аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ амалӣ карда шаванд, ин рӯйдод метавонад ҳамчун оғози марҳалаи нав дар сиёсати байналмилалии иқлим дар таърих сабт гардад.

Акрамхоҷа АКБАР,
АМИТ «Ховар»

АКС аз бойгонӣ

Май 28, 2025 13:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Нақши занон дар мақомоти олии қонунгузории Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ назаррас аст
МУШКИЛОТИ ЭКОЛОГИИ МИНТАҚА. Саҳми Президенти Тоҷикистон дар ҳалли он беназир аст
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли каду бехобиро рафъ ва кори дилро муътадил нигоҳ медорад
ДАСТОВАРДИ ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Ба таъсиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон 31 сол пур шуд
Дар гардиши дараи Алмосӣ муҷассамаи гӯсфанди зоти ҳисорӣ ва ангури тоифии гулобӣ гузошта мешавад
17 АВГУСТ-РӮЗИ ТАЪСИСИ «РОҲИ ОҲАНИ ТОҶИКИСТОН. 70 фоизи интиқоли борҳо дар ҷумҳурӣ ба нақлиёти роҳи оҳан рост меояд
Нақши Президенти Тоҷикистон дар рушди зеҳни сунъӣ дар мамлакат назаррас аст
Дар Душанбе вобаста ба қабули қатъномаи СММ оид ба зеҳни сунъӣ ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН. Нигаҳдорию эҳтиром ва эътирофи он бузургтарин арзиши миллӣ ба шумор меравад
Дар шароити тағйирёбии иқлим криосфераро аз таъсиррасонии гуногун бояд ҳифз намуд
«УФУҚҲОИ ИСТИҚЛОЛ». Он роҳнамои стратегию маънавии замони соҳибистиқлолии давлатӣ мебошад
ЗАХИРАИ МАҲСУЛОТИ ҒАЛЛАДОНАГӢ. Барои хушсифат мондани он танҳо донистани тарзи дурусти нигоҳдорӣ зарур аст