Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Саидмурод Мардонов аз олам даргузашт

Май 23, 2025 16:00

ДУШАНБЕ, 23.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон ва ҳаҷвнигори шинохтаи мамлакат Саидмурод Мардонов дар 85-солагӣ аз олам даргузашт. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Саидмурод Мардонов 5 январи соли 1940 дар  ноҳияи Ҳисор ба дунё омадааст. Соли 1964 Донишкадаи театрӣ ва рассомии ба номи Островскийи шаҳри Тошкандро хатм намудааст.  Аз соли 1964 фаъолияти кориашро дар Театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд оғоз намудааст.   Аз соли 1966 дар Театри давлатии академии драмавии ба номи А. Лоҳутӣ   ба ҳайси актёри драма кор карда, аз соли 1991 дар Театри намунавии миниётураи «Оина» фаъолият дошт.

Саидмурод Мардонов дар зиёда аз 100 намоиши театрӣ ва 150 намоиши телевизионӣ нақш офаридааст. Бо ордени «Нишони фахрӣ» мукофотонида шуда, унвонҳои «Артисти хизматнишондодаи Тоҷикистон» ва «Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон»-ро мушарраф гардидааст.

АКС аз манбаъҳои боз

Май 23, 2025 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид